Гурӯҳ (низомӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ягонҳои размӣ
Roundel of Tajikistan.svg
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
Гурӯҳ 2—5 Размюз
Рада 5—10 Размдор
Таҳм 10—50 Таҳмдор
Вашт 50—150 Сарвашт
Гурдон 150—700 Саргурд
Ҳанг 700—1 500 Сарҳанг
Гунд 1 500—5 000 Гундсолор
Лашкар 5 000—20 000 Лашкарсолор
Сипоҳ 20 000—40 000 Сипаҳсолор
Артиш 40 000 + Артишсолор

Гурӯҳ (форсӣ: «گروه»[1]) — хурдтарин ягон дар сохтори нерӯҳои мусаллаҳ, ки аз ду – панҷ сарбоз ва як фармондеҳ ташкил шуда ва бахше аз рада аст; ҷуха (форсӣ: «جوخه»‎)[2]; звено[3].

Вожашиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Намоди стандарти НАТО барои гурӯҳ

«Гурӯҳ» (форсӣ: گروه‎ > порсии миёна: grōh[4] > эронии бостон: *vi-rauda-[5]) ба маънии «дастае аз сипоҳиён, лашкариён, ҷанговарон» дар «Шоҳнома» бисёр ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:

Бирав бо сипоҳе ба кирдори кӯҳ,
Гузин кун зи гурдони лашкар гурӯҳ[6]

Ин вожаро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии Артиш ҳамчун истилоҳи низомӣ барои номидани бахше аз даста тасвиб кардааст. Ҳамзамон истилоҳи «гурӯҳбон» (форсӣ: «گروهبان»‎) низ бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинӣ ба маънои «фармондеҳи гурӯҳ» тасвиб шуд[7].


Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 1, с. 297.
  2. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.. 7 январи 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  3. Коллектив авторов. Том 3, статья «Звено» // Военная энциклопедия / Под ред. П. В. Грачёва. — М.: Воениздат, 1995. — С. 268. — 543 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00748-9.
  4. MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 38. 4 сентябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 Декабри 2012.
  5. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-58-3. ҷ. 4, с. 2385.
  6. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 15
  7. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — саҳ. 38. 11 январи 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.