Артишсолор
Артишсолор | |||||
|---|---|---|---|---|---|
| |||||
| Кӯтаҳнивишт | форсӣ: ارتشسالار | ||||
| Кишвар |
|
||||
| Дараҷаи болотар | Артишторон-солор | ||||
| Дараҷаи пойинтар | Сипаҳсолор | ||||
| Ҳамто |
|
||||
Артишсолор (форсӣ: ارتشسالار) — яке аз болотарин дараҷаҳои солорӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз сипаҳсолор ва пойинтар аз артишторон-солор дорад ва баробар бо новгонсолор дар нерӯи дарёӣ аст; генерали артиш[1].
Артишсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми фармондеҳии олии маҷмуъи созмони низомии кишварро дорад ва ё фармондеҳи артиш аст, ки он ягоне амалиётӣ-тактикиест, ки аз як ситод, қароргоҳи фармондеҳӣ, ду — се сипоҳ ва ягонҳои ёрирасон ташкил шуда ва қобилияти амалиётии мустақил дорад[2][3].
| кеҳтар: Сипаҳсолор |
Артишсолор |
меҳтар: Артишторон-солор |
Вожашиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]«Артишсолор» аз ду вожа сохта шуда ва мақулаи дастурии он исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (артиш) + исм (солор)] аст:
артиш (форсӣ: ارتش < порсии миёна: artēštār «разманда» < авестоӣ: raθaē-štar- «гардунасавор»[4]) + солор (форсӣ: سالار < порсии миёна: sālār < эронии бостон: *sara-dāra- сардор[4])
Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.
Вожаи «артиш» дар забонҳои порсии миёна ва бостон вуҷуд надошта ва бо равиши пасинсозӣ (англ. back-formation) аз артиштор (порсии миёна: artēštār ‘разманда’ < авестоӣ: raθaē-štar- ‘гардунасавор’ аз raθa- ‘гардуна’ + štar- ‘истода’) сохта шудааст. Фарҳангистони забони Эрон «артиштор»-ро сохташуда аз артиш + -дор, яъне «дорандаи артиш» пиндошта ва «артиш»-ро аз он ҷудо кардаву онро ба маънии «артиш» хусусан ва «маҷмуъи сипоҳиён ва нерӯҳои мусаллаҳи кишваре» умуман ба кор гирифтааст[4][5].
Истилоҳи «артиш»-ро дар соли 1935 Фарҳангистони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожасозии артиш баробари истилоҳоти фр. armée ва англ. army ниҳод ва ҷойгузини истилоҳи муғ. qošun (форсӣ: قشون ‘қӯшун’) кард[6]. Ин истилоҳ ҳамакнун дар Тоҷикистон низ расман ба кор меравад[7].
Истилоҳи артишсолор, ки кӯтоҳшуда аз артишторон-солор (порсии миёна: artēštārān-sālār) аст, дар соли 2018 барои ҷойгузин кардани дараҷаи низомии генерали артиш ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд[8].
Пешина
[вироиш | вироиши манбаъ]Артишторон-солор (порсии миёна: artēštārān-sālār) баландпоятарин мақоми низомӣ пас аз шоҳаншоҳ дар замони Сосониён буд[9][10]. Дар «Замёд яшт» («Яштҳо», 2/331) мардум бино бар пешае, ки доштанд, ба се гурӯҳ тақсим мешуданд: руҳониён ё осрӯнон (авестоӣ: āθravan-, aθaurvan-); размкорон ё артишторон (авестоӣ: raθaē-štar-) ва кишоварзон ё востриюшон (авестоӣ: vāstrya.fšuyant-)[11]. Оғози ин тақсимбандӣ, ки дар замони Сосониён бо пайдоиши гурӯҳ чаҳорум – пешаварон ё ҳутухшон (порсии миёна: hutoxšān) – ба авҷи марзбандии дақиқи худ мерасад, дониста нест, вале дар «Корномаи Ардашери Бобакон» ба унвони артишторон-солор ишора шудааст.
Ба гузориши Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, мақоми артишторон-солор болотар аз сипоҳбед (порсии миёна: spāhbēd) ва тақрибан ҳампоя бо аргбед (порсии миёна: argbēd) будааст. Аз қаринаҳо чунин бар меояд, ки артишторон-солор унвони дигаре барои Эрон-сипоҳбед (порсии миёна: Ērān-spāhbēd) аст, ки то замони подшоҳии Хусрав Анӯшервон болотарин мақоми низомӣ дар шоҳаншоҳии Сосониён буд[12].
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»(пайванди дастнорас)
- ↑ Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 50; 193. 10 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
- ↑ Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 19; 326. — 655 с. — 3 500 экз.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-55-2. ҷ. 1, с. 162.
- ↑ W. Sundermann. ARTĒŠTĀR, Encyclopædia Iranica. Vol. II, Fasc. 6, pp. 661-662
- ↑ Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Фаслномаи «Ганҷинаи аснод». Зимистони 1373, №16. — с. 38. 28 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.
- ↑ Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 1, с. 80.
- ↑ Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
- ↑ W. Sundermann. ARTĒŠTĀRĀN SĀLĀR, Encyclopædia Iranica. Vol. II, Fasc. 6, p. 662
- ↑ Дьяконов М. М. Очерк истории древнего Ирана. М., 1961. С. 291
- ↑ Баҳор, Меҳрдод. Пажӯҳише дар асотири Эрон (пораи нахуст ва дуюм). Виростор: Катоюн Маздопур, чопи дувум пойизи 1376, Интишороти «Огоҳ», саҳ. 74, ёддошти 2. ISBN 964-416-045-2
- ↑ Artēštārān-sālār // Донишномаи Эрон, ҷ. 2, 2503. 23 октябри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 октябри 2012.