Размюз
| |||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: رزمیوز | ||||
Кишвар |
![]() |
||||
Дараҷаи болотар | Размовар | ||||
Дараҷаи поинтар | Сарбоз | ||||
Ҳамто |
Размюз (форсӣ: رزمیوز) — дараҷае сарбозӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки ба сарбозони омӯзишдида ба подоши дастовардҳояшон дода мешавад; ефрейтор[1].
Дараҷаи поинтар: Сарбоз |
![]() Размюз |
Дараҷаи болотар: Размовар |
Размюз дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми ёвари фармондеҳи радаро дорад ва дар сурати ниёз метавонад муваққатан фармондеҳии радаро ба уҳда гирад.
Вожашиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Размюз (порсии миёна: razm-yōz ‘размҷӯй’ < паҳлавӣ: razmyōz ‘барангезанда ба разм, размангез’) аз ду вожа сохта шудааст: разм (порсии миёна: razm < порсии бостон: *raźman- “ороиши ҷангӣ, рада” < эронии бостон: √*raź- “оростан; тартиб додан, идора кардан”) + юз (порсии миёна: yōz < порсии бостон: *i̯auź- : i̯uź- “ангезондан; бар ангехтан; ҷустан”)[2].
Мақулаи дастурии ин вожа исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [исм (разм) + асоси феъли замони ҳозираи «ҷустан» (юз)] аст. Дар сохти ин сифат аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.
«Размюз» ба маънои «размҷӯй, ҷангҷӯй, ҷанговар»[3] дар «Шоҳнома» ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:
«Размюз» барои ҷойгузинии дараҷаи низомии «ефрейтор» ба Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[5].
Пешина[вироиш | вироиши манбаъ]
Дараҷаи низомии размюз аз мақоми ёвари фармондеҳи рада дар куҳантарин замонҳо реша мегирад. Чунончи, дар сипоҳи Ҳахоманишиён даҳабад ёваре дошта, ки ба забони порсии бостон: *pasča-daθapati- хонда мешуда ва нигаҳбони пушти даҳа ё фармондеҳи панҷ сарбоз будааст[6].
Ефрейтор ҳамчун дараҷаи сарбозӣ дар Артиши Сурх дар соли 1940 ҷорӣ шуда ва ҷойгоҳе болотар аз қаторӣ ва поинтар аз сержанти хурд дошт[7]. Ин дараҷаро сарбозоне дарёфт мекарданд, ки давраҳои омӯзиши размро гузаронда ва симатҳои зеринро доштанд:
- тирандоз, норинҷакандоз, тирбор, тактирандоз-нишонзан дар нерӯҳои ҳавобурд, зиреҳсавор, марзбонӣ, ки дар онҳо ёвари фармондеҳи рада аст.
- ронандаи худрав, ронандаи зиреҳпӯш, ронандаи тонк.
- нишонгир дар нерӯҳои зиреҳӣ.
- нишонгир дар оташбор.
Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дараҷа аз 23 феврали соли 1993 ҷорӣ шудааст.
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
- ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6.
- ↑ Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, с. 116
- ↑ Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5.. 9 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 Декабри 2021.
- ↑ Умед Ҷайҳонӣ: Агар раисҷумҳур тасмим гираду дастур диҳад, рутбаҳои низомӣ бечунучаро миллӣ мешаванд(тоҷ.) (23 February 2022).
- ↑ Head, Duncan. The Achaemenid Persian Army. Montvert Publications, 1992. ISBN 1 874101 00 0. — с. 26
- ↑ РУТБАИ ҲАРБӢ // Энсиклопедияи тоҷикӣ