Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарзамин (деҳа, н. Ғафуров)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Зарзамин
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Суғд
Ноҳия ноҳияи Ғафуров
Ҷамоат Деҳоти Зарзамин
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Қатаған
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 13156 тан (2017)
Миллият тоҷикон, ӯзбакҳо
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3442
Нишонаи почта 735690
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Зарзамин (Зарзамини Нав; то 2012 — Қатаған) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Ғафуров. Аз Зарзамин то маркази ноҳия 7 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 13156 нафар (2017), тоҷикон ва узбакҳо.

Сол 2010[1] 2017 2020
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
10,6 12,3 12,6

Деҳа 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, 3 чойхона, 2 китобхона, 5 нуқтаи савдои хусусӣ, нуқтаи хидмати маишӣ (ҳаммом), масҷиди панҷвақта ва 2 ошхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз д. Сир обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 1200 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.

Шахсиятҳои маъруф

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шоир Маҳмуд Қосимов дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.

  1. Wayback Machine. web.archive.org (11 октябри 2017). 23 Декабри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 октябри 2017.