Гулистон (деҳа, н. Ғафуров)
Зоҳир
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
минтақа | Суғд |
Ноҳия | Бобоҷон Ғафуров |
Ҷамоат | деҳоти Исфисор |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 643 тан (2013) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 |
Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз деҳа то маркази ноҳия 12 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 643 нафар (2013). 2 нуқтаи савдои хусусӣ, чойхона ва маркази саломатӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Исфисор таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Сир ва Канали Калони Фарғона обёрӣ мешаванд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа соли 1986 барои мардуме, ки бар асари заминларзаи Гулистон (собиқ Қайроққум) (1985) бехона монда буданд, бунёд шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.