Зартеппа (деҳа, н. Ғафуров)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Зартеппа | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Суғд |
| Ноҳия | Ғафуров |
| Ҷамоат | Деҳоти Чашмасор |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 546 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3442 |
Зартеппа (то 4.7.2013 Қӯрғонтеппа) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Ғафуров. Аз Зартеппа то маркази ҷамоати деҳот 15 км, то маркази ноҳия (шаҳраки Ғафуров) 60 км. Аҳолиаш 546 нафар (январи 2017).
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта ва муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии маркази ш. Истиқлол давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз чашмасорони кӯҳдоманҳо обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зартеппа // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2