Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Заркон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Заркон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Ғафуров
Ҷамоат Деҳоти Исмоил
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Қароҷингил
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1537 тан (2018)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3442

Заркон (то11.05.2018 — Қароҷингил[1]) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Ғафуров. Аз Заркон то маркази ҷамоат 17 км, то маркази ноҳия 40 км. Аҳолиаш 1537 нафар (2018), тоҷикон.

Заркон соли 1929 бунёд шудааст. Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи саломатӣ ва нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз чашмасорони доманакӯҳҳо ва чоҳҳои артезианӣ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа хоҷагии деҳқонии ба номи Турсунбой Кӯшанов фаъолият дорад.

== Эзоҳ ==
  1. Всё о Таджикистане - Деха Кондара (Оккур). tojkiston.ucoz.ru. 12 марти 2023 санҷида шуд.