Гулбоғ (деҳа, н. Ғафуров)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Гулбоғ | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Вилояти Суғд |
| Ноҳия | ноҳияи Ғафуров |
| Ҷамоат | Деҳоти Дадобой Холматов |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 490 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3442 |
|
|
|
Гулбоғ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дадобой Холматови ноҳияи Ғафуров. Аз Гулбоғ то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 35 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 490 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Бунгоҳи тиббӣ ва нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Заркорон таҳсил мекунанд. Соҳаҳои аосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ, токпарварӣ. Заминҳо аз дарёи Сир обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулбоғ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2