Гулобод (деҳа, н. Ғафуров)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Гулобод | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Вилояти Суғд |
| Ноҳия | ноҳияи Ғафуров |
| Ҷамоат | Деҳоти Исмоил |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 1710 нафар (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3442 |
Гулобод — деҳа дар ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Ғафуров. Аз Гулобод то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 31 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1710 нафар (2017), тоҷикон.
Соли 1986 таъсис ёфтааст. Дар ҳудуди кооперативи истеҳсолии ба номи Турсунбой Қушматов (собиқ сарвари хоҷагӣ, дорандаи ордени Ленин) воқеъ аст.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз чоҳҳои амудӣ обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулобод // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2