Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Заркорон (деҳа, н. Ғафуров)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Заркорон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Ғафуров
Ҷамоат Деҳоти Дадабой Холматов
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 4414 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3442

Заркорон (то 28.2.2013 Куйбишев) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дадабой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Аз Заркорон то маркази ноҳия 35 км. Аҳолиаш 4414 нафар (2017), тоҷикон.

Заркорон солҳои 50 асри 20 бунёд шудааст. Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, масҷиди панҷвақта, маркази саломатӣ, дорухона, 6 нуқтаи савдои хусусӣ, нуқтаи хидмати маишӣ, чойхона, китобхона ва боғчаи бачагона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ, токпарварӣ ва чорводорӣ. Заминҳо қисман аз рӯди Сир, қисми дигарашон аз обанбори Баҳри Тоҷик (собиқ Қайроққум) обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 40 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.