Хизи

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Шаҳр
Хизи
озарбойҷонӣ: Xızı
Координатаҳо 40°54′14″ а. шим. 49°04′35″ т. ш.HGЯO
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Хизи дар харитаи
Хизи
Хизи

Хизи( озарбойҷонӣ: Xızı) - шаҳрест дар Озарбойҷон, маркази маъмурии ноҳияи Хизи аст, ки 104 км дуртар аз Боку ҷойгир шудааст. Шаҳри Хизи дар кишвар аз рӯи шумораи аҳолӣ дар ҷои 66-ум қарор дорад (1300 нафар). Шаҳри Хизи дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Қафқози Бузург - дар қабати аз нишеби ҷанубии Самур то Девечи ҷойгир аст. Кӯҳҳо баланд нестанд, баландтарин нуқта дар баландии 958 метр аз сатҳи баҳр - кӯҳи Сараку ва 2203 метр - кӯҳи Дубрар ҷойгир аст. Дар як қатор минтақаҳо нишебиҳои кӯҳ ҳамчун чарогоҳи зимистона ва қисми дигар ҳамчун чарогоҳи тобистона истифода мешаванд. [1]

Ҷозибаҳои гардишгарӣ[вироиш]

Минтақаи истироҳати «Ҷаннат Боғи» (Боғи ҷаннат) дар наздикии шаҳр сохта шудааст. Дар масофаи 8 километр дуртар аз Хизи боз як минтақаи истироҳат - "Қизилгазма" мавҷуд аст. Ҷойи таърихии тамошобоби шаҳр хона-музеи асосгузори драматургияи озарбойҷонӣ Ҷаъфар Ҷаббарлӣ низ мебошад. Хизи бо ҳунари қолинбофии худ шӯҳрат дорад. Қолинҳои Хизи ба гурӯҳи қолинҳои Озарбойҷон мансубанд. Дар қолинҳо нақши дарахти ҳаёт ва нақшҳои геометрӣ низ тасвир ёфтааанд.

Аҳолӣ[вироиш]

Тибқи баъзе таҳқиқот, қабилаҳои эронизабон ба Эрон дар аввали ҳазораи якуми пеш аз милод омадаанд. Яке аз онҳо гузаштаи Бермикҳои муосир буданд. Баъзеи онҳо дар болои кӯҳи Бешбармаг дар наздикии пир Хидир-Зинд зиндагӣ мекарданд. Қабилаҳои Бермекҳо кӯҳро Бешбармаг ном гузоштанд. [2]

Шахсиятҳои маъруф[вироиш]

  • Ҷабборлӣ, Ҷаъфар нависанда ва драматург. [3]
  • Ҷобир Новрӯз шоир, Шоири халқии Озарбойҷон. [4]
  • Низомии Рамзӣ як чеҳраи фарҳанги фолклори Озарбойҷон (мейхона).
  • Микаил Мушфиг шоири Озарбойҷон.
  • Рафаил Озтурк Даглӣ - нависанда, шоир, муаррих
  • Зулейха Ширинова (NaEl) - нависанда, сенариянавис

Эзоҳ[вироиш]

  1. GoMap. Хызы, Азербайджан. gomap.az. 22 октябри 2018 санҷида шуд.
  2. Azərbaycan :: Baş səhifə (az). www.azerbaijans.com. 22 октябри 2018 санҷида шуд.
  3. Джафар Джаббарлы: личность в истории Азербайджана(рус.), История Азербайджана. Проверено 23 октябри 2018.
  4. Джабир Новруз: "Цените людей при жизни" – вечер романтической музыки и поэзии - ФОТО(рус.), Day.Az (1 марти 2016). Проверено 23 октябри 2018.