Jump to content

Чаноққалъа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Чаноққалъа
тур. Çanakkale
40°09′ с. ш. 26°24′ в. д.HGЯO
Кишвар  Туркия
Мақом маркази вилоят
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландии марказ 6 м
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 134 478 тан (2020)
Шиносаҳои ададӣ
Нишонаи почта 17600
Дигар
Расположение
района Чанаккале меркези
в иле Чанаккале
200px

canakkale.bel.tr
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Чаноққалъа дар харитаи
Чаноққалъа
Чаноққалъа
 Парвандаҳо дар Викианбор

Чаноққалъа (тур. Çanakkale) — шаҳраки бандарии Туркия, маркази маъмурии вилояти Чаноққалъа. Дар даромадгоҳи халиҷи Чаноққалъа, дар нимҷазираи Осиё Хурд,гулугоҳи Дарданелл (ҷое ки баҳри Мармар бо баҳри Эгей мепайванданд), дар ҷануби Абидоси қадим ҷойгир аст: қисме аз гулугоҳи Дарданелро дар ин минтақа тангии Чаноққалъа меноманд.

Қадимтарин нуқтаи аҳолинишин дар наздикии Чаноққалъа, имрӯз Қумтеппа мебошад, ки тақрибан 4800 пеш аз милод таъсис ёфтааст.

“Аспи троянӣ” аз филми “Троя” дар бандари Чаноққалъа

Баъдтар, дар ин ҷой шаҳри бостонии Трояи юнонӣ (ниг. Илиадаи Ҳомер) таъсис дода шудааст. Азбаски шаҳр дар соҳили гулӯгоҳи Дарданелл дар ҷое ҷойгир шудааст, ки паҳнии он аз 1 мил камтар аст, он ҳамеша як нуқтаи муҳими стратегӣ буд.

Дар Чаноққалъа аввалин қалъаи Имперотурии Усмонӣ дар садаи XV сохта шудааст. Дар садаи XVIII, он ба як маркази тавлиди истеҳсоли ашёи кулолгарӣ мубаддал гашт ва аз ин рӯ номи он ( тур. çanak "деги кӯза" + kale "қалъа") гаштааст. Кулолгарӣ ба авҷи хеш асрҳои садаи XVIII - XIX расид; ҳоло бошад рушд накарда истодааст. Дар солҳои Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ рӯйдодҳои асосии амалиёти Дарданелл дар ҳамин минтақа рух доданд.

Чаноққалъа, имрӯз яке аз марказҳои туркии истеҳсоли моҳии консервшуда мебошад. Ба воситаи паром (киштии боркаш) убур намудан ба Истанбул мумкин аст.

Бародаршаҳрҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1.  Русия Керч, Қрим (аз соли 1999)
  2.  Олмон Оснабрук, Саксонияи Поён ( Олмон )
  3.  Итолиё Помезия, вилояти Латсио ( Итолиё ) [1]
  1. Сомонаи расмии шаҳр
  2. Сомонаи расмии ноҳия