Jump to content

Бенин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷумҳурии Бенин
République du Bénin
Парчам Нишон
Шиор: «Fraternité, Justice, Travail
(фр.: Бародарӣ, Адолат, Меҳнат»
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Ҷумҳурии Бенин|L'Aube Nouvelle
]]»
Рӯзи истиқлолият (аз Франсия)
Забони расмӣ фаронсавӣ
Пойтахт Порто-Ново, Котону[1]
Шаҳри калонтарин Котону
Идораи давлат Ҷумҳурии президентӣ
Президент Яи Бони (Yayi Boni)
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
99-ум ҷой дар ҷaҳон
112 622 км²
1,8 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2002)
  • Зичӣ
94-ум ҷой дар ҷaҳон
9 740 417 нафар (2013)
79 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2008)
  • Ба сари аҳолӣ
140-ум ҷой дар ҷaҳон
13,035 млрд $
1 608 $
Пули миллӣ франк КФА
Интернет-Домен .bj
Коди телефон +229
Соат UTC +1
^ Қасри президент, ҳукумат ва сафоратхонаҳои мамолики хориҷӣ
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}


БЕНЍН, Ҷумҳурии Бенин (фаронсавӣ: République du Bénin, то 1975 Республикаи Догомея) — кишварест дар Африқои Ғарбӣ. Дар шимол бо Нигер, дар шимолу ғарбӣ бо Буркина Фасо, дар ғарб бо Того, дар шарқ бо Нигерия ҳамсарҳад буда, дар ҷануб онро халиҷи Гвинеяи Уқёнуси Атлантик иҳота кардааст. Масоҳаташ 112,6 ҳазор км2. Аҳолиаш 9 983 884 нафар (2013). Пойтахти расмиаш шаҳри Порто-Ново, аммо бинои ҳукумат ва парламент дар шаҳри Котону ҷойгир аст. Аз 12 департамент ва 77 музофот ибо­рат мебошад. Ҷашни давлатӣ — Рӯзи истиқлол (1 августи соли 1960), воҳиди пулӣ – франки Африқо = 100 сантима.

Антиқа, асарҳои санъат аз Бенин
Антиқа, асарҳои санъат аз Бенин

Маскуншавӣ дар ҳудуди Бенин дар давраи неолит оғоз гаштааст. Дар асрҳои 15–17 дар ин ҷо як қатор давлатҳо, ки бузургтаринаш Дегомея буд, вуҷуд доштанд. Соли 1472 дар соҳилҳои Бенин аввалин португалиҳои ғуломфурӯш маскун шуданд. Сипас дар садаи XVII ба онҳо тоҷирон ва ғуломфурӯшони англис, ҳолландӣ, фаронсавӣ ва дигар аврупоиҳо ҳамроҳ гаштанд. Соҳилҳои халиҷи Гвинея то садаи XIX ба маркази бузургтарини ғуломфурӯшии Африқо табдил ёфт (номи «Соҳили ғуломон» аз ҳамин ҷост). Баъди муҳорибаи дурудароз бо аҳолии маҳаллӣ (1892–94) Фаронса онро мустамликаи худ гардонд; соли 1904 Бенин ба ҳайати Африқои Ғарбии Фаронса дохил карда шуд, ки ба он генерал-губернатори Сенегал роҳбарӣ мекард. Муборизаи дурударози халқҳои Бенин ба муқобили мустамликадорон, хусусан баъди торумор гаштани Олмони фашистӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ вусъат ёфт. Соли 1958 Догомея ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Иттиҳоди Фаронса гардид. 1 августи 1960 истиқлоли Догомея эълон шуд. Шартномаи апрели 1961 байни Догомея ва Фаронса басташуда мавқеи Фаронсаро дар соҳаҳои асосии ҳаёти иқтисодию сиёсии мамлакат мустаҳкам медошт. Дар даҳсолаи аввали мустақилият вазъи сиёсии мамлакат ноустувор буд (чандин табаддулоти ҳарбӣ ва 20 дафъа иваз гардидани ҳукумат). Октябри 1972 дар натиҷаи табаддулоти ҳарбӣ Ҳокимияти муваққатии ҳарбии инқилобӣ бо сарварии Матӣё Кереку (ҷонишини сардори ситоди артиш) ба сари қудрат омад. Кереку сардори ҳукумати ҳарбии инқилобӣ интихоб шуд. Соли 1975 Ҳизби инқилоби халқии Бенин таъсис дода шуд ва мамлакат Ҷумҳурии Халқии Бенин (аз соли 1990 – Ҷумҳурии Бенин) ном гирифт. Аз аввали соли 1970 муносибатҳои байни ИҶШС ва Бенин фаъол гашт. Иттиҳоди Шӯравӣ барои омода кардани кадрҳои миллӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, тандурустӣ ва фарҳанг кумак расонд. Соли 1979 сохти давлатдории шаҳрвандӣ ба амал оварда шуд. Феврали 1980 Кереку Президент интихоб гардид. Охири соли 1980 вазъияти пуршиддати сиёсии мамлакат ба қайд гирифта мешуд. Декабри 1989 Кереку аз идеологияи марксизм-ленинизм ҳамчун идеологияи давлатӣ даст кашид. Феврали 1990 Конференсияи умумихалқии қувваҳои фаъол баргузор гардид, ки гузарондани ислоҳоти демократиро ба миён гузошт. Декабри 1990 сарқонуни нави мамлакат қабул гардид, ки зимни он низоми бисёрҳизбӣ ҷорӣ гардид. Дар интихоботи аввалини бисёрҳизбии парламентӣ (марти 1991) 24 ҳизби сиёсӣ иштирок карданд ва Нисефор Согло ба сари ҳоки­мият омад. Дар интихоботи президентии соли 1996 боз Керек ғолиб омада, соли 2001 аз нав Президент интихоб гардид. Дар интихоботи соли 2006 Яйи Бони ғолибият ба даст овард ва то имрӯз Президенти Бенин аст.

Дар Бенин даҳҳо ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки бузургтарини онҳо Ҳизби таҷдиди демократӣ, Ҳизби сотсиал-демократӣ, Ҳизби барқарорсозии Бенин, Ҳаракати африқоӣ барои демократия ва тараққиёт, Ҳаракати алтернативии халқӣ мебошанд.

Таърихи мухтассар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз асри XVII соҳили Бенин ва манотиқи атрофи он ба минтақаи фурӯши ғуломон дар Африқо табдил ёфта буд.

Дар асри XVII дар ҳудуди кунунии Бенин давлати феодалии Дагомея ташкил ёфт.

Аз соли 1893 — мустамликаи Фаронса. Соли 1904 ба ҳайати Африқои Ғарбии Фаронса ҳамроҳ карда шуд.

Аз соли 1958 — ҷумҳурии худмухтор дар ҳайати Ҷамъияти Фаронса.

Аз 1 август соли 1960 — кишвари мустақил бо номи Ҷумҳурии Дагомея.

Аз 30 ноябр соли 1975 — Ҷумҳурии Халқии Бенин, аз марти соли 1990 — Ҷумҳурии Бенин.

Аҳолии Бенин гуногунмиллат буда, ҳайати этникии он зиёда аз 60 халқият: аҷа, фон (65%), сомба, гурма, балиба (20%), йоруба (12%), инчунин сонгаиҳо, ҷерма, буса, хауса, фулбе ва ғайраро дар бар мегирад. Дар шаҳрҳо аврупоиҳо (асосан фаронсавиҳо), суриягиҳо, лубнониҳо ва дигар халқҳо зиндагӣ мекунанд. Забони расмӣ – фаронсавӣ буда, аз забонҳои маҳаллӣ фон ва йоруба паҳн гаштааст. 50 дарсади диндорон пайрави ойинҳои анъанавии маҳаллӣ буда, наздики 30 дарсад пайрави мазҳаби католикӣ, 20 дарсад мусулмонҳо, инчунин протестантҳо мебошанд. Суръати миёнаи афзоиши аҳолии Б. 2,9 дарсад, нишонаи миёнаи дарозумрӣ – 59 сол. Тавлид–42,0%, фавт –13,8%, фавти навзодон ба ҳар 1000 нафар – 85 кас. Сабаби афзудани фавт бемории СПИД мебошад. Зичии миёнаи аҳолӣ– 64,8 нафар дар 1 км2. Шаҳрҳои бузургтаринаш – Котону (қароргоҳи Президент ва ҳукумат, 757,5 ҳазор нафар, 2010), Порто-Ново (258,9 ҳазор нафар), Абомей (555,7 ҳазор нафар), Ҷугу (225,9 ҳазор нафар), Параку (194,6 ҳазор нафар).

Кишвар аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба панҷ минтақаи табиӣ ҷудо шудааст: минтақаи соҳилӣ, минтақаи плато («Ла терре де барре»), платои баланд бо саваннаи ҷангалдор дар шимол, минтақаи теппадор дар шимолу ғарб («Атакора») ва ҳамвориҳои ҳосилхези Нигер дар шимолу шарқ. Қисми бештари ҳудуди Бенин пуштакӯҳи иборат аз ҷинсҳои булӯрӣ аст. Дар шимолу ғарб силсилаи кӯҳи Атакора (баландиаш то 641 метр), дар ҷануб пастии назди соҳил, ки мурдобҳои зиёде дорад, ҷойгиранд. Конҳои нафт (1,1 млн тонна), гази табиӣ (1,2 млрд м3), маъдани оҳан (500 млн тонна), хромит, тило, оҳаксанг, санги мармар ва намакҳои калий дорад.

Бахшбандии кишварӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаи асосӣ: Вилоятҳои Бенин

Бенин 12 вилоят дорад.

  1. Алибори
  2. Атакора
  3. Атлантик
  4. Боргу
  5. Коллинес
  6. Донга
  7. Куффо
  8. Литторал
  9. Моно
  10. Оуеме
  11. Платеау
  12. Зу

Сохти давлатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Бинои Парлумони Бенин
Порто-Ново

Тибқи конститутсияи амалкунанда (02. 12. 1990) Бенин ҷумҳурӣ аст. Сардори давлат ва ҳукумат Президент, ки дар асоси ҳуқуқи умумии интихобот ба муҳлати 5 сол интихоб карда мешавад (ҳуқуқи як бор аз нав интихоб шудан дорад). Мақоми олии қонунбарори ҳокимият–парламенти якпалатагӣ: Шӯрои миллӣ, ки дар ҳайати 83 намоянда ба муҳлати 4 сол интихоб мешаванд. Ҳокимияти иҷроия–Шӯрои вазирон, ки аз тарафи Президент интихоб карда мешавад. Ҳокимияти судиро Суди олӣ ва конститутсионӣ, ҳамчунин Палатаи олии адлия идора мекунад. Бенин узви СММ, Иттиҳоди иқтисодии давлатҳои Африқои Ғарбӣ, Иттиҳоди иқтисодӣ ва асъории давлатҳои Африқои Ғарбӣ, узви Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалист.

Пайравони оину мазҳабҳои маҳаллӣ — тақрибан 70%, насрониён — 15%, мусулмонон — 13%.

Иқлим дар пастиҳои назди соҳил эква­торӣ буда, ду мавсими бориш дорад. Бориши солона – 800–1300 мм. Ҳарорати миёнаи ҳармоҳа 24–27°С; дар қисмати шимолӣ иқлим субэкваторӣ буда, як мав­­сими бориш дорад. Ҳарорати миёнаи солона 24–30°С, бориши солона – аз 1000 то 2000 мм. Дар шимол субэкваториалӣ, дар ҷануб экваториалӣ, бо ду мавсими боронгарӣ (аз март то июл ва аз охири сентябр то ибтидои ноябр). Дар ин муддат 800—1300 мм борон меборад ва намнокии ҳаво хеле баланд аст. Ҳарорати миёнаи моҳона аз +24 °С то +27 °C аст. Дар шимоли кишвар ду мавсими муайян ҳаст — хушк (аз декабр то апрел-май) ва боронӣ (аз июн то ноябр). Ҳарорати миёнаи январ +25 °C, июл +32 °C, бориш нисбат ба ҷануб камтар — 750—1250 мм, баъзе солҳо хушксолӣ ҳам ҳаст. Дарёҳои бузургаш Веме ва Моно ба халиҷи Гвинея мерезанд. Дарёҳои қисми шимолӣ ба ҳавзаи Волта ва Нигер тааллуқ доранд. Қисми зиёди ҳудуди Бенинро даштҳои сералаф, бешаҳои ҳамеша­сабзи рутубатноки тропикӣ (қариб 1/3) пӯшидаанд. Олами ҳайвоноти бою гуногун дорад. Намудҳои гуногуни оҳу, фил, шер ва юз мавҷуданд. Дар Бенин боғҳои миллии Буклделя-Пенҷари ва Дубл-В мавҷуданд. Норасоии оби ошомиданӣ, нест кардани ҷангалзор ва хароб кардани қӯруқ мушкили экологии кишвар аст.

Нуқтаи фурӯши бензин дар Бенин
Нуқтаи фурӯши бензин дар Бенин

Бенин яке аз давлатҳои иқтисодиёташ сусттараққикардаи аграрӣ ба ҳисоб меравад. Аз миёнаҳои соли 1990 дар мамлакат бо кумаки Бонки умумиҷаҳонӣ ислоҳоти сохторӣ ба амал бароварда шуд. Истеҳсоли қувваи барқ 69 млн кВт соат буда, танҳо 14 дарсади талаботи ҷомеаро қонеъ месозад ва бештар аз хориҷи мамлакат харидорӣ карда мешавад. Дар иқтисодиёти мамлакат соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим мебозад (ба ҳисоби миёна 385–400 ҳазор тонн дар як сол). Парвариши нахли хурмои равғандиҳанда (220 ҳазор тонна), финдуқи заминӣ (81 ҳазор тонна), қаҳва, какао, ҷуворимакка, ҷуворӣ, ямс, батат асоси муносибатҳои молианд. Заминҳои корам 18 дарсадро ташкил медиҳанд. Дар қисмати шимолии Бенин шолӣ, пахта, тамоку мепарваранд. Аз чорво говмеш, буз, гӯсфанд, асп ва хук парвариш мешаванд. Моҳидорӣ низ ривоҷ ёфтааст.

Саноат суст тараққӣ кардааст. Асосан соҳаҳои саноати коркарди маҳсулоти хоми кишоварзӣ – равғанкашӣ, пахтатозакунӣ, нассоҷӣ ва коркарди чӯбу тахта мавқеи муайян доранд. Истихроҷи нафт, тило ва ба миқдори начандон калон коркарди оҳаксанг, санги мармар ва алмос ба роҳ монда шудааст. Дарозии роҳи оҳан–қариб 578 км, роҳҳои автомобилгард – 6787, аз он 1357 км бо рӯйкаши мустаҳкам пӯшида шудаанд. Бандарҳои бузурги баҳрӣ– Котону ва Порто-Ново ҳамчун маркази нақлиётии Африқои Ғарбӣ нақши муҳим мебозанд ва барои кашондани борҳои Нигерия, Нигер, Буркина-Фасо, Мали хидмат мерасонанд. Бенин дорои 5 аэропорт буда, аз он яктоаш байналмиллалист (дар Котону). Молҳои содиротӣ (1,1 млрд доллари амрикоӣ дар соли 2008) асосан хурмои равғандеҳ, пахта, чормағзи заминӣ, қаҳва, какао буда, аз хориҷа таҷҳизот ва молҳои саноатӣ, хӯрокворӣ, сӯзишворӣ (1,8 млрд доллари амрикоӣ, соли 2008) оварда мешаванд. Шарикони асосии тиҷоратии Бенин – Хитой, ИМА ва Таиланд. Ҳукуматдорони Бенин ҷалби маблағгузориҳои хориҷиро ба тараққиёти соҳаи сайёҳӣ ба нақша гирифта истодаанд.

Дар давоми солҳои 80 садаи XX камтар аз 30 дарсади аҳолӣ бо хидматрасонии тиббӣ таъмин буданд. Дараҷаи фавти кӯдакони то синни 5-сола дар Бенин яке аз нишондодҳои баландтарин дар ҷаҳон буд. Ба соҳаи тандурустӣ дар Бенин 4,2 дарсади ММД сарф мешавад. Соли 1995 дар мамлакат ба 100 ҳазор аҳолӣ 5,7 духтур хидмат мерасонд. Бемориҳои вараҷа, сил, шистосоматоз, рамад, махав, вараҷаи тропикӣ ва СПИД паҳн гаштаанд.

Маориф ва илм

[вироиш | вироиши манбаъ]
Бинои Донишгоҳи илм ва технологияи Бенин
Бинои Донишгоҳи илм ва технологияи Бенин

Дараҷаи маълумотнокӣ дар мамлакат 37,5 дарсад (52 дарсад – мардон, 23 дарсад–занон)-ро ташкил медиҳад. Барои кӯдакони 6–7-сола таълими ҳатмии 6-сола муқаррар гаштааст. 55–60 дарсади кӯдакон бо маълумоти ибтидоӣ фаро гирифта шудаанд. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 12-солагӣ шурӯъ мешавад. Маълумоти олӣ бештар дар Донишгоҳи миллии Бенин (Унти Абомей Калави) дар Котону (1970), Унти Параку (2001) дода мешавад. Марказҳои бузургтарини илмӣ–таҳқиқотии Бенин: Институти пахта ва саноати нассоҷӣ, Институти таҳқиқоти рустаниҳои равғдеҳ. Китобхонаҳои бузургтарини Бенин: Китобхонаи миллӣ дар Порто-Ново (1976), Китобхонаи До­нишгоҳи миллӣ ва Бойгонии миллӣ (1914). Осорхонаи миллӣ (Котону), Осорхонаи мардумшиносӣ (Порто-Ново), Осорхонаи миллӣ – таърихӣ (Абомей), Осорхонаи ғуломфурӯшӣ (Вид) дорад.

Матбуот, радио, телевизион

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нашриёти асосии давлатӣ – «Office Nationale d’Jmrimevie et de Press» (1975). Дар Бенин 50 рӯзнома ва 37 нашрияҳои даврӣ нашр мешаванд; рӯзномаҳои машҳуртарин, ки дар Котону ба табъ мерасанд: «La National» (1990), «Le Matin» (1994). Радиошунавонӣ аз соли 1953, намоишҳои телевизионӣ аз соли 1979 ба фаъолият шурӯъ карданд. Радиошунавонӣ ва телевизиони давлатӣ дар Бенин аз ҷониби Идораи «Office de Ra­diodiffusion et de Television du Benin, ORTB) (ба забонҳои фаронсавӣ, англисӣ ва 18 забони маҳаллӣ) идора карда мешавад. Аз соли 1997 инчунин ширкатҳои хусусии радиошунавонӣ ва телевизион фаъолият доранд.

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
  • Новая российская энциклопедия. Т. III (1). Москва, 2005;
  • Страны мира. Современный справочник. Москва, 2008.