Ноҳияи Шуғнон
Ноҳияи маъмурӣ | |
Ноҳияи Шуғнон | |
37°21′00″ с. ш. 71°42′56″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Тобеъи | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
Шомили | 1 шаҳрак, 7 ҷамоати деҳот |
Маркази маъмурӣ | Ваҳдат |
Роҳбар | Ҷумъа Ҷумъазода |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 27 октябри 1932 |
Масоҳат | 5000 км² |
Баландӣ
|
|
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 39 500[2] нафар (2022) |
Миллият | тоҷикон |
Мазҳаб | мусулмонон, исмоилиҳо, шиъаҳо |
Забонҳои расмӣ | тоҷикӣ, забонҳои бадахшонӣ — шуғнӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Сарвожа | SH |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.BK.SH |
Коди телефон | +992 355 |
Нишонаи почта | 736100 |
Домени интернет | tj |
Коди мошинҳо | 04 TJ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ноҳияи Шуғнон (форсӣ: ناحیۀ شغنان, шуғ. Xuɣ̌nůn noiya) - яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Ин ноҳия 27 октябри соли 1932 таъсис ёфта аст. Маркази ноҳияи Шуғнон рустои Ваҳдат аст, ки 15 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар каронаи рӯди Панҷ дар марз бо Афғонистон ҷой дорад.
Ҷуғрофия
[вироиш | вироиши манбаъ]Ноҳияи Шуғнон дар миёни қаторкӯҳҳои Рӯшон ва Шуғнон воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Рӯшон, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар ҷануб бо ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ва дар ғарб бо рӯди Панҷ ва Ноҳияи Шиғнони вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.
Аз шарқи ноҳияи Шуғнон ба ғарби он рӯди Ғунд гузар мекунанд, ки ба рӯди Панҷ мерезад.
Ноҳияи Шуғнон ҳудудан 5000 км² масоҳат дорад.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Бино бар саршумори соли 2015 дар ноҳияи Шуғнон 35 800 нафар зиндагӣ мекунад.[3] Мардуми Шуғнон ба забони шуғнӣ сухан мегӯянд.
Сол | 1992 | 2012 | 2013 | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | 2020 | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
32,6 | 34,8 | 35,1 | 35,4 | 35,8 | 36,2 | 36,6 | 37,1 | 37,7 | 38,0 | 39,2 | 39,5 |
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Бино бар роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна, Шуғнону Рӯшон дар гузашта як сарзамин буда Шуғнон (форсӣ: شغنان) ном доштаанд.[4]
Шуғнон аз замони Сомониён то соли 1895 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Шуғнон сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои тоҷикии Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа ва вулусволии афғонии Шуғнон (форсӣ: شغنان) дар ду канораи рӯди Панҷро дар бар мегирифтааст.
Соли 1895 подшоҳии Шуғнон, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.[5]
Шуғнон дар солҳои 1878 – 1920 яке аз бекигариҳои аморати Бухоро буд ва бек дар рустои Поршинев менишаст ва мир хонда мешуд.
Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон дар соли 1924, Шуғнон бахше аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардид, ки 2 январи соли 1925 таъсис дода шуд. Замоне ҳам Шуғнону Роштқалъа як ноҳия буданд.
Бахшҳои идорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Шуғнон 7 ҷамоат дорад[6]
Ҷамоатҳои ноҳияи Шуғнон | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | Деҳаҳо | |||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Ванқалъа | 5165 | Ванқалъа (деҳа, н. Шуғнон), Абуалӣ Сино (деҳа), Баччор, Варшез, Миёнакӯҳ, Миёнашаҳр, Оқмамад, Патхур, Пиш (деҳа), Сардем, Шазуд, Ҷелондӣ, Кургантукуй, Морҷ, Оқталёқ, Роҳи нав | |||||||||
Вир | 4690 | Вир (деҳа, н. Шуғнон), Вуж, Гоз, Деҳмиёна, Зувор, Чарсем, Шитам | |||||||||
Дарморахт | 2588 | Нишусп, Барчадев, Гожак, Шичозг, Пиш | |||||||||
Навобод | 5772 | Навобод, Мун, Бугод, Вибист, Горҷвин, Ривак, Сижд, Турбат, Деҳбаста | |||||||||
Поршнев | 7430 | Ваҳдат, Бувед, Возм, Кушк (деҳа), Пашор, Сохчарв, Тем, Тишор, Хоса, Чируҷ | |||||||||
Сохчарв | 2452 | Сохчарв, Барёмҷ, Бунӣ, Дирёмҷ, Зевар Дашт, Чошткандез | |||||||||
Сучон | 7344 | Манем, Колхозобод, Барсем, Бидурд, Боғев, Вошневдашт, Питоб, Рож, Сангов, Спинз, Танг, Шивроҷ |
Ҳукумат
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарвари ноҳияи Шуғнон Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Шуғнон - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Шуғнон ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 https://web.archive.org/web/20221010195817/https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 18 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 27 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
- ↑ Камалиддинов Ш.С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.
- ↑ Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0
- ↑ Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.
Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бурхан-уд-Дин-Хан Кушкеки, Путеводитель по Каттагану и Бадахшану
- Камалиддинов Ш.С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.
- Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0