Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иттилооти куллӣ | |
---|---|
пешина | Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф |
Роҳбарӣ | |
Масъули иҷроия | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Директори Агентӣ | Субҳонзода Икром Субҳон [1] |
Муовини якуми директори Агентӣ | Содиқзода Хурсанд Сафар [2] |
Муовини директор | Назарализода Дилафрӯз Муҳамадалӣ [3] |
Вебгоҳ | ansmi.tj |
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, дар доираи салоҳияти худ сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи маориф ва илм масъул аст. Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф ва илм, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Таъсис
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар даврони Шӯравӣ ва ибтидои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1996 назорати фаъолияти муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби бозрасии (инспексияи) давлатӣ дар соҳаи маориф сурат мегирифт. Баъдан аз 23 марти соли 1996 фаъолияти Идораи бозрасии давлатӣ ва шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сипас, бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон № 3/4 аз 23 марти соли 1996 ба ҷойи Идораи бозрасии давлатӣ ва шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти давлатии аттестатсионии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд. Минбаъд бошад, бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон № 11/8 аз 8 октябри соли 1999 ба ҷойи Хадамоти давлатии аттестатсионии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Идораи давлатии аттестатсионии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид. Дар заминаи он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 322 аз 29 июни соли 2001 Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд, ки ин ниҳод то соли 2007 амал намуд. Баъдан, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 105 Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф табдил дода шуд ва бо ҳамин қарор Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идораи он тасдиқ гардид. Бо мақсади таъмини назорати давлатии самараноки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, арзёбии шаффофу воқеъбинона ва одилонаи мақоми муассисаҳои таълимӣ ва имконияти мустақилона қабул намудани қарори дахлдор, дар заминаи пояи моддию техникӣ ва иқтидори кадрии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020, № 1430 Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Сипас, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2020, № 1557 «Дар бораи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии он тасдиқ гардид.
Сохтори дастгоҳи марказӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Роҳбарият;
- Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ;
- Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон;
- Раёсати назорати давлатии илм, инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- Шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳи таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ;
- Шуъбаи баҳодиҳӣ ва мониторинги сифати таҳсилот
- Бахши назорат, коргузорӣ ва корҳои махсус;
- Бахши молия ва муҳосибот;
- Бахши муносибатҳои байналмилалӣ.
- Ба нақшаи идоракунии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои зерин шомил мебошанд:
- Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд;
- Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон;
- Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар шаҳри Душанбе;
- Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон;
- Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Ҳисор;
- Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт;
- Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Зарафшони вилояти Суғд.
Роҳбарияти Агентӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Директори Агентӣ — Субҳонзода Икром Субҳон [4] Бойгонӣ шудааст 21 феврали 2022 сол.
- Муовини якуми директори Агентӣ — Содиқзода Хурсанд Сафар [5]
- Муовини директори Агентӣ- Назарализода Дилафрӯз Муҳамадалӣ [6]
Ҳадафи асосии Агентӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳадафи асосии Агентӣ муайян кардани самтҳои амалӣ намудани сиёсати ягонаи назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм буда, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идорӣ назорат мекунад, ҳуҷҷатҳои таҳсилоти дар хориҷи кишвар гирифташударо эътироф ва баробарарзишӣ менамояд ва ба ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши хонандагон, шунавандагону донишҷӯён, магистрантон, докторантон, тайёр намудани мутахассисон ва дигар самтҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ баҳо медиҳад. Агентӣ дар оянда низ нақша дорад, ки барои такмили фаъолияти худ корҳои зиёдеро ба сомон расонида, баҳри дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ кӯшиш ба харҷ дода, фаъолияти худро дар асоси талаботи замон ба роҳ монад.
Вазифаҳои асосии Агентӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзиро мегузаронад, мақоми онҳоро муайян менамояд, инчунин фаъолияти муассисаҳои онро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ назорат намуда, дар ҳолати риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатнома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм оид ба манъи фаъолияти минбаъдаи онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ қарор қабул менамояд;
- тартиби коркард, истифода ва нигоҳдории маводи таълимӣ-илмӣ ва шароити ҷобаҷогузории онро портали шабакаҳои иттилоотии интернетии муассисаҳои таълимӣ назорат менамояд;
- нақшаи гузаронидани аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотиро новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравии онҳо таҳия ва тасдиқ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот пешниҳод менамояд;
- ташкил ва гузаронидани санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ, пурсиши шифоҳиро дар раванди аттестатсия ва назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ менамояд;
- оид ба масъалаҳои ба ваколати Агентӣ тааллуқдошта ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ машварат медиҳад;
- татбиқи барномаҳои ба масъалаҳои сифати таҳсилот ва идоракунии он мансуббударо назорат мекунад;
- тартиб ва меъёрҳои гузаронидани рейтинги муассисаҳои таълимиро новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравии онҳо муқаррар менамояд;
- пойгоҳи моддию техникӣ, илмӣ ва педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва ташкилотҳои илмии ҷумҳуриро омӯхта, барои додани иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯи ихтисоси магистратура, интернатура, ординатура (резидентура), аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос (доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос), докторантура ва постдокторантура ва доктор ҳабилитат қарор кабул менамояд;
- ҳолатҳои риоя нагардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба самти фаъолияти Агентӣ ошкор ва пешгирӣ менамояд;
- раёсат ва шуъбаҳои Агентиро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва дигар маводи иттилоотӣ таъмин менамояд;
- ҳифзи иттилоот ва дигар маълумоти махфии давлатиро дар доираи ваколатҳои худ таъмин менамояд;
Ваколатҳои асосии Агентӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илмро дар муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравии онҳо назорат менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба низоми назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм пешниҳод манзур менамояд;
- шаклҳои варақаҳои иҷозатнома дар бораи пешбурди фаъолияти таълимӣ бо замимааш, шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ бо замимааш, шаҳодатнома дар бораи эътироф ва муайян кардани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилоти давлатҳои хориҷиро тасдиқ, инчунин талаботи техникӣ нисбат ба ҳуҷҷатҳои зикргардидаро муайян ва тасдиқ менамояд;
- барои фаъолияти илмӣ ва ташкилотҳои илмӣ, субъектҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ иҷозатнома медиҳад;
- аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимиро мегузаронад;
- дар асоси қарори ҷаласаи мушовараи Агентӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои илмӣ иҷозатнома медиҳад;
- оид ба масъалаҳои дар ваколаташ буда тибқи тартиби муқарраргардида конференсияҳо, семинарҳо ва маҷлисҳои машваратӣ гузаронида, дар чорабиниҳои таълимию илмии ташкилотҳои байнидавлатӣ, комиссияҳо ва форумҳо ширкат меварзад;
- кормандони фаъоли Агентиро ҳавасманд мегардонад ва номзадии онҳоро барои гирифтани мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марбута пешниҳод менамояд;
- зимни гузаронидани санҷишҳо, аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳӣ аз муассисаҳои таълимию ташкилотҳои илмӣ, инчунин вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимию илмӣ доранд, мутахассисон ва коршиносонро сафарбар менамояд;
- мутобиқати маводи имтиҳонии дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашударо ба барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилот назорат менамояд;
- дар доираи муқарраргардидаи фаъолият шӯрои машваратӣ ва мақомоти ташхисӣ (шӯро, комиссияҳо, гурӯҳҳо) таъсис медиҳад;
- мониторинги сифати таҳсилот ва рейтинги муассисаҳои таълимиро арзёбӣ мекунад;
- сифати таҳсилотро дар муассисаҳои таълимӣ санҷида, дар мушовараи Агентӣ онро баррасӣ мекунад ва натиҷаашро дар ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ба муассисаҳои таълимӣ, муассисон, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимию илмӣ доранд, пешниҳод манзур менамояд;
- баробарарзишии ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии таҳсилоти дар хориҷи кишвар гирифташударо тибқи тартиби муақарраргардида муайян ва эътироф карда, ҳуҷҷати дахлдор медиҳад;
- дар соҳаи фаъолияти худ ҳамкории байналмилалиро тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ мемонад;
- бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони Агентиро ташкил менамояд;
- доир ба натиҷаи фаъолияти худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш ва маълумотнома пешниҳод менамояд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ansmi.tj — вебгоҳи расмии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон