Jump to content

Арабистони Саудӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Арабистони Саъудӣ)
Арабистони Саудӣ
المملكة العربية السعودية
Парчам Нишон
Шиор: «لا إله إلا الله، محمد رسول الله
"Lā ʾilāha ʾillāl–lāh, Muhammadun rasūl allāh"
Нест худое ба ҷуз Аллоҳ, Муҳаммад расули Аллоҳ аст»
Суруди миллӣ: «السلام الملكي
"Ассалому алайкум Шоҳ"
» (слушать )
Рӯзи истиқлолият (аз 23 сентябри 1932)
Забони расмӣ арабӣ
Пойтахт Ар-Риёз
Шаҳри калонтарин Ар-Риёз, Ҷидда, Макка, Мадина
Идораи давлат монархияи мутлақи теократӣ
Шоҳ
Салмон ибни Адулазиз Ал-Сауд
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
12-ум ҷой дар ҷaҳон
2 149 610 км²
0,7 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2015)
  • Зичӣ
41-ум ҷой дар ҷaҳон
31 521 418 нафар
12 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2016)
  • Ба сари аҳолӣ
14-ум ҷой дар ҷaҳон
1,738 трлн $
54,313 $
Пули миллӣ Риёли Саудӣ (SR) (SAR)
Интернет-Домен .sa
السعودية.
Коди телефон +966
Соат UTC +3:00
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}
Тақсимоти маъмурии Арабистони Саудӣ
Тақсимоти маъмурии Арабистони Саудӣ

Подшоҳии Арабистони Саудӣ (ар. المملكة العربية السعودية‎; al-Mamlakah al-ʻArabīyah as-Saʻūdīyah) — давлат дар қисми ҷанубу ғарбии Осиё. Тақрибан 2/3 ҳиссаи нимҷазираи Арабистон ва чандин ҷазираҳои Баҳри Сурх ва Халиҷи Форсро дар бар мегирад.

Мавқеи географӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар шимол бо Урдун, Ироқ, Кувайт, дар шарқ бо Қатар, дар ҷанубу шарқ бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Уммон, дар ҷануб бо Ҷумҳурии Яман ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ зиёда аз 2,15 млн км2 (аз рӯи маълумоти СММ); аз рӯи дигар маълумот масоҳати Арабистони Саудӣ 1,6 млн то 2,4 млн км2-ро (сарҳадҳояш дар ҷануб ва ҷанубу шарқ биёбон аст ва дар он марзи муайян гузошта нашудааст (хати муайян надорад) ташкил медиҳад. Аҳолиаш 28 млн 687 ҳазор (2009). Пойтахташ Ар-Риёз. Ба 13 музофоти маъмурӣ тақсим шудааст. Шаҳрҳои калонтаринаш: Ҷидда, Мадина, Макка, Ад-Даммам, Бурайда, Ҳуфуф. Бандарҳои асосиаш: Ҷидда, Ҷизан, Янбу, Ал-Ҷубайл. Забони давлатӣ – арабӣ, пули миллӣ – риёли саудӣ; Ислом – дини ягонаи давлатӣ.

Сохтори давлатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Шоҳ Салмон ибни Абдулазиз Ал-Сауд. 9 декабри 2013
Шоҳ Салмон ибни Абдулазиз Ал-Сауд. 9 декабри 2013

Арабистони Саудӣ – монархияи мутлақи теократӣ. Сарвари давлат шоҳ (ходими Ҳарамайни Шариф), ки дар як вақт ҳам сарвазир, ҳам сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ мебошад; вай ҳайати ҳукумати иҷроия (монанд ба Шӯрои вазирон)-ро, ки аз сарвазир, ноиби аввали сарвазир ва 20 вазир иборат аст, аз ҷумлаи оли худ (фарзандони Оли Сауд) таъйин мекунад. Шохаи қонунгузории ҳукумат – Маҷлис-уш-Шӯро (раис бо 120 аъзо) ҳар чор сол ва сардорони музофотҳо – губернаторон низ аз ҷониби шоҳ таъйин мегарданд. Қуръон сарқонуни (конститутсияи) давлат эълон гардида, аҳкоми шариат қонунҳои ҷорӣ мебошанд. Ба сохтори судӣ судҳои маҳаллӣ, судҳои олии шариатӣ ва судҳои аппелятсионӣ (шикоятӣ) дохиланд. Мурофиаҳои судӣ дар асоси ҳукмҳои Қуръон ва шариат гузаронда мешаванд. Шоҳ мақоми олии судӣ буда, ҳуқуқи афв танҳо ба ӯ дода шуд. Маҳкум ё танқид кардани сохти сиёсии давлат (шифоҳӣ ё хаттӣ) қонунан манъ аст. Дар Арабистони Саудӣ ҷазои қатл роиҷ буда, ин ва ҷазоҳои дигар танҳо дар сурати пурра собит шудани гуноҳи айбдоршаванда ба амал бароварда мешаванд. Гирдиҳамоӣ ва намоишҳои эътирозӣ низ мамнӯъанд. Дар мамлакат ҳизбҳои сиёсӣ вуҷуд надоранд. Соли 2005 аввалин бор интихоботи намояндагони мардумӣ доир гашт (21-сола ва аз он боло, занҳо ва ҳарбиён ҳуқуқи иштирок надоранд). Сиёсати беруна ва муносибатҳои байналхалқии Арабистони Саудӣ ба нигоҳдошти нуфузи подшоҳӣ дар байни давлатҳои дигар равона шуда, он ҳомӣ ва тарғибгари дини Ислом дар арсаи ҷаҳон аст. Арабистони Саудӣ узви бонуфузи Лигаи Давлатҳои Араб, СММ, Хазинаи Байналмиллалии Асъор, Созмони Конфронси Исломӣ, Ташкилоти мамлакатҳои содиркунандаи нефт – ОПЕК мебошад.

Муносибатҳои Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Байни Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ 22 феврали 1992 барқарор гардида, 22 январи 2010 Сафорати Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Муносибатҳои иқтисодиро Созишномаи умумии ҳамкории байни ҳукуматҳои ду кишвар аз 21 майи 2003 ба танзим медарорад.

Арабистони Саудиро аз ҷанубу ғарб Баҳри Сурх, аз шимолу шарқ Халиҷи Форс иҳота кардааст. Сатҳи кишвар асосан аз пуштакӯҳҳои регпӯш иборат буда, дар ғарб баландии кӯҳҳо аз 2500 м зиёд шуда мераванд. Қисми зиёди мамлакат биёбони регзор: дар шимол – Нефудаи Калон, дар шарқ – Нефудаи Хурд ва дар ҷанубу шарқ – Рубъ-ул-Холӣ (майдони умумии биёбонҳо наздики 1 млн км2). Воҳаҳо низ ҳастанд. Дар атрофи Баҳри Сурх пастии Тиҳома, қад-қади Халиҷи Форс пастии Ал-Хосса воқеъ гаштааст. Дарёҳои доимӣ нестанд.

Сарватҳои зеризаминӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарвати муҳимтарини зеризаминӣ – нефт; конҳои тило, оҳан, мис, сурб, барит, намаксанг, гаҷ, абрақ ва ғайра ҳастанд.

Иқлими Арабистони Саудӣ дар шимол субтропикӣ, дар ҷануб тропикӣ, дар қисми бештари мамлакат – континентӣ. Ҳарорати миёнаи июл дар ҳама ҷо, ғайр аз ноҳияҳои кӯҳӣ, аз 30°С зиёд, баъзан то 54°С мерасад. Ҳарорати миёнаи январ дар шимоли мамлакат 10°С, дар ҷануб то 48°С гарм, аммо дар шимол баъзан то –11°С сард мешавад. Боришоти солона аз 100 мм зиёд нест.

Набототаш хеле ноқис, биёбонӣ ва нимбиёбонӣ (явшон, нахӯдак ва ғайра). Дар воҳаҳо ақоқиё, нахли хурмо ва дигар дарахтони мева мерӯянд.

Аз ширхорон оҳу, гӯрхар, шағол, рӯбоҳ, кафтор, гург, бузи кӯҳӣ; аз парандаҳо кабк, бедона, дуғдоғ, шутурмурғ, кабӯтар вомехӯранд. Хояндаю хазанда (сусмор) ва малахҳои гуногун бисёранд.

Саудиён 82%, яманиён ва арабҳои аз дигар кишварҳо омада – 13%, боқимонда – эрониён, ҳабашҳо, ҳиндиён, покистониён, филиппинҳо ва ғайра буда, аврупоиён зиндагии алоҳидаи маҳдуд (дар доираи диаспораи худ) доранд. Зичии миёнаи аҳолӣ 9,7 нафар дар 1 км2 (дар шаҳрҳо то 1000 нафар). То солҳои 60 садаи XX аҳолии асосии Арабистони Саудӣ бодиянишинон буданд. Дар натиҷаи рушди иқтисод миқдори бодиянишинон то 5% расида, қариб ҳама шаҳрнишин шуданд. Аҳолии таҳҷоӣ бештар дар соҳили Баҳри Сурх ва Халиҷи Форс, дар паҳнкӯҳҳои Наҷд ва Ҳиҷоз, дар воҳаҳо зиндагӣ мекунад.

Оятҳо аз Қуръони Карим. Қуръон сарқонуни давлат буда, аҳкоми шариат қонунҳои ҷорӣ мебошанд.
Оятҳо аз Қуръони Карим. Қуръон сарқонуни давлат буда, аҳкоми шариат қонунҳои ҷорӣ мебошанд.

Дар Арабистони Саудӣ дини ягона – Ислом ҳукмрон буда (бо ҷараёнҳои ҳанбалия, ваҳҳобия, салафия), шиаҳо 10% мебошанд. Дар мамлакат ба ҷо овардани маросим ва расму ойини динии қавмҳои дигар, паҳн кардани адабиёт, сохтани ибодатгоҳҳои дигар динҳо манъ аст. Дар Арабистони Саудӣ полиси назорати динӣ – муттаво амал мекунад, ки вайронкунандагони тартиботи ҷоришударо ба ҷавобгарӣ мекашад. Барои ғайридин ворид шудан ба Макка ва Мадина низ манъ аст. Тарзи либоспӯшӣ низ таҳти назорат қарор гирифта, занҳои хориҷӣ бояд ҳатман ҳиҷоб – абайя пӯшанд. Истеъмоли машрубот ва гардиши маводи мухаддир сахт маҳкум мешавад (ҷазо – аз ҷарима то қатл).

Даммам № 7, аввалин чоҳи нафти тиҷоратӣ дар Арабистони Саудӣ. 4 марти 1938
Даммам № 7, аввалин чоҳи нафти тиҷоратӣ дар Арабистони Саудӣ. 4 марти 1938

Дар Арабистони Саудӣ аз давраҳои қадим (ҳазорсолаи 2 то милод) қабилаҳои арабҳои бодиянишин зиндагӣ мекарданд. Дар садаи VII дар қисми ғарбии он (дар Ҳиҷоз) дини ислом ва аввалин давлати мусулмонии теократӣ – Хилофати Араб ба вуҷуд омад. Шаҳрҳои Макка ва Мадина зиёратгоҳи қудсӣ гардиданд. Дар асрҳои 7 – 8 қисми зиёди ҳудуди ҳозираи Арабистони Саудӣ ба Хилофати Умавиён, асрҳои 8 – 9 ба Хилофати Аббосиён тобеъ буд. Дар асрҳои 10 – 12 дар як қисми ҳудуди нимҷазираи Арабистон аморату салтанатҳои мустақил ташкил ёфтанд. Ҳиҷоз, ки вобастаи (вассали) Фотимиён ва баъд Айюбиён буд, аз миёнаи садаи XIII то ибтидои садаи XVI тобеи Мамлукҳо шуд. Аҳамияти иқтисодӣ ва динию сиёсии Ҳиҷоз халифаҳоро водор мекард, ки онро таҳти тасарруфи худ нигоҳ доранд. Наҷд низ мухторияти хешро нигоҳ медошт. Аввали садаи XVI Ҳиҷоз ба тасарруфи Имперотурии Усмонӣ даромад. Дар Наҷд, ки чун аморати мустақил монда буд, дар садаи XVIII ҷараёни динию сиёсии ваҳҳобия ташаккул ёфт, ки то ибтидои садаи XIX дар зери парчами он ҳокими яке аз аморатҳои ин ҷо Муҳаммад ибни Сауд (1724/1726 – 1765) тамоми Арабистонро дар давлати феодалии ваҳҳобияи Саудиҳо муттаҳид кард. Солҳои 1811 – 1818 қисми зиёди нимҷазираи Арабистонро қӯшунҳои подшоҳи Миср Муҳаммад Алӣ забт карданд. Дар ин замон қисми ҷанубии ҳудуди ҳозираи Арабистони Саудӣ – Асир, ки аз садаи XVI дар ҳайати Имперотурии Усмонӣ буд, аз нимаи садаи XIX нисбатан мустақил буд. Нимаи дуюми садаи XIX давлати ваҳҳобиҳоро ҳокимони Шаммар (Арабистони Шимолӣ) – Рашидиён ба даст дароварданд. Соли 1902 амир Ибни Сауд аморати ваҳҳобиҳоро дар Наҷд барпо намуд. Солҳои 1920 – 1925 Ибни Сауд Шаммар, қисми Асир ва Ҳиҷозро ба Наҷд ҳамроҳ кард ва январи 1926 худро шоҳи Ҳиҷоз ва султони Наҷд эълон намуд. Аввалин шуда ин давлати навро Иттифоқи Шӯравӣ ба расмият шинохт. Аз соли 1932 давлат Арабистони Саудӣ ном гирифт. Соли 1943 дар натиҷаи ҷанг бо Яман ба Арабистони Саудӣ тамоми Асир ва қисми Наҷд ҳамроҳ гардид. Солҳои 30 садаи XX Арабистони Саудӣ, ки дар ҳудудаш конҳои калони нефт мавҷуд буданд, ба монополияҳои америкоӣ барои истихроҷ ва коркарди нефт иҷозат дод. Истеҳсоли саноатии нефт аз соли 1938 сар шуд (аз ҷониби «Стандарт ойл компани оф Калифорния», баъдтар АРАМКО). Он қариб 90%-и нефти Арабистони Саудиро ба дасти худ гирифт, истеҳсоли он бо суръат афзуд (соли 1938 – 1967 ҳазор тонаа ва соли 1976 – 428,7 млн тонна). Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Арабистони Саудӣ бо Германияи фашистӣ (1941) ва Италия (1942) робитаи дипломатиашро қатъ кард. Баъди ҷанг ва то соли 1972 истихроҷи нефти Арабистони Саудӣ дар тасарруфи АРАМКО буд. ИМА дар Заҳрон базаи ҳарбии ҳавоии хешро барпо кард. Аз миёнаи солҳои 50 садаи XX дар Арабистони Саудӣ ҳаракати зиддиимпериалистӣ авҷ гирифт. Нефтчиёни АРАМКО корпартоӣ карданд. Шоҳ Сауд, ки баъди марги Ибни Сауд сари ҳокимият омад (1953), барои бераҳмона пахш намудани ҳар гуна баромади зидди тартиботи подшоҳӣ қонун баровард. Зиддият дар тараққиёти иқтисодӣ, шиддати вазъи сиёсӣ буд, ки дар дохили сулола мубориза рафт (1958 – 1962) ва 2 ноябри 1964 Сауд аз тахт афтид, ба ҷои ӯ Файсал ибни Абдулазиз ас-Сауд шоҳ эълон шуд. Ҳукумати Файсал ба аъёну ашрофи сармоядор такя карда, дар соҳаи иқтисодиёт ва маорифи халқ як қатор ислоҳот гузаронд. Арабистони Саудӣ аз соли 1967 ба мамлакатҳои гирифтори таҷовузи Исроил – Миср, Сурия, Урдун ёрии молиявии бебозгашт мерасонд. Арабистони Саудӣ, ки сардори гурӯҳи мамлакатҳои истеҳсолкунанда ва содиркунандаи нефт буд, истеҳсоли нефт ва фурӯши онро ба мамлакатҳои ҳомии Исроил кам, ба ИМА ва Нидерланд муваққатан бас кард. 25 марти 1975 шоҳ Файсал кушта шуд. Ба ҷойи ӯ бародари хурдиаш Холид ибни Абдулазиз ас-Сауд шоҳи Арабистони Саудӣ эълон шуд. Азбаски Арабистони Саудӣ дар шароити сар бардоштани фундаментализми исломӣ дар кишвар (баъди Инқилоби исломии Эрон, 1978 – 1979) ва бетартибиҳои шиаҳо дар музофоти шарқӣ – Ал-Хосса бетараф буда наметавонист. Шоҳзода Фаҳд аввали соли 1980 эълон кард, ки Шӯрои машваратӣ таъсис доданист (он танҳо соли 1993 амалӣ шуд). Августи 1990, баъди муҳосираи Кувайт аз ҷониби Ироқ, Фаҳд ба мамлакат қӯшуни ИМА-ро ворид кард, то кишварро аз таҳдиди Ироқ эмин дорад. Ибтидои соли 1991 ба қувваҳои дастҷамъонаи як қатор кишварҳо муяссар шуд, ки қӯшунҳои Ироқ аз Кувайт бароварда ва таҳдиди ҷанг ба Арабистони Саудӣ бартараф карда шавад. Баъди Холид Фаҳд ба тахт нишаст ва соли 2005 ӯро Абдулло ибни Абдулазиз Оли Сауд ҷойгузин шуд.

Асоси иқтисоди Арабистони Саудӣ саноати нефту газ аст. Он 25%-и захираҳои нефти ҷаҳонро соҳиб аст ва дар рӯйхати давлатҳои содиркунандаи нефт ва маводи нефтӣ дар ҷойи аввал меистад. 75%-и буҷети мамлакат, 45%-и ММД ва 90%-и содиро-ти Арабистони Саудиро тиҷорати нефт ташкил медиҳад. Дар Арабистони Саудӣ соҳаҳои гуногуни саноати нефту химия, металлургия, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, истеҳсоли коғаз ва ғайра тараққӣ кардааст. Моҳидорӣ, ба даст овардани марворид ва марҷон, ҳунарҳои дастӣ низ дар ривоҷ аст.

Дар соҳаи кишоварзӣ чорводорӣ, кишти ғалла ва ғалладонагиҳо, парвариши нахли хурмо, меваҳои гуногун назаррас аст. Бо вуҷуди норасоии об ва киштношоямии замин Арабистони Саудӣ бо истифода аз технологияи пешқадам соҳаи кишоварзии хешро тараққӣ медиҳад. Ҳатто маҳсулоти ин соҳаро содир мекунад. Зиёда аз 200 обанбор барои обёрӣ ва таъмини соҳа омода ҳастанд. Ширинкунии оби баҳр (аз намак тоза кардани он) ба соҳаи таъмингари ниёзи дохилӣ табдил ёфтааст.

Қисмати роҳи кӯҳии АЛ-Баҳа - Алмихвоҳ
Қисмати роҳи кӯҳии АЛ-Баҳа - Алмихвоҳ

Бештар нақлиёти худрав маъмул аст, роҳи оҳан, аэропорти бузурги байналхалқӣ ва якчанд фурудгоҳҳои музофотӣ дорад. Бандарҳои асо-сии баҳрӣ: дар Халиҷи Форс – Рас-Таннура, Даммом, Ал-Хубар, Мина-Сауд; дар Баҳри Сурх – Ҷидда (асосан хидматрасонӣ ба ҳоҷиён, расондани онҳо ба Макка ва Мадина – наздики 3 млн нафар дар як сол), Янбу ва Ҷизон. Асосан нефт, маводи нефтӣ ва гази моеъро содир, маҳсулоти мошинсозии вазнин, таҷҳизоти воситаҳои нақлиёт, маҳсулоти коркарди металл, тамоку, матоъ, либос, маводи ғизоиро ворид мекунад. Шарикони асосии тиҷоратиаш: ИМА, Япония, Германия, Франсия, Италия, Нидерланд, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур. Да-ромад аз ҳаҷ қисми намоёни буҷети Арабистони Саудӣ аст.

Маориф ва маданият

[вироиш | вироиши манбаъ]

Арабистони Саудӣ дар ибтидои давлатдории худ имконияти саводнок кардани аҳолиро надошт. Танҳо шайхони масҷидҳо ва муаллимони мактабҳо соҳибмаълумот буданду халос. Ҳадафи асосии таълим баровардани хату савод ва омӯхтани аҳкоми шариат буд. Соли 1926 доир ба таълими ҳатмии ибтидоӣ ва таъсиси мактабҳои ибтидоӣ (дар қатори мактабҳои хусусӣ) қонун қабул карда шуд. Соли 1960 дар бораи бо таълим фаро гирифтани духтарон, таъсиси омӯзишгоҳҳои педагогии занона, кушодани донишкадаҳои олии занона (1964) низ қонун қабул гардид. Таълим аз зинаи ибтидоӣ то мактаби олӣ ройгон аст (ҳатто ёрирасонии тиббӣ ба мактабиён ва донишҷӯён). Дар муассисаҳои таълимӣ духтарон аз писарон ҷудо таҳсил мекунанд. Мактабҳои ибтидоӣ, миёна, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, фелдшерию акушерӣ, мутахассисони хоҷагидорӣ, коллеҷҳои занона ва мардона фаъолият доранд. Вазорати маорифи Арабистони Саудӣ соли 1954 аз ҷониби шоҳ Фаҳд таъсис ёфта, аввалин дар подшоҳӣ Донишгоҳи ба номи Шоҳ Сауд соли 1957 дар Ар-Риёз ба кор даромад. Ҳоло шумораи мактабҳо ба 24000 ва донишгоҳҳо ба 8 адад расидаанд. Калонтарин донишгоҳҳо: Донишгоҳи Абдулазиз дар Ҷидда (1967), Донишгоҳи тадқиқи дини Ислом дар Мадина (1961), Донишкадаи олии технологӣ ва Донишкадаи техникӣ дар Ар-Риёз, Коллеҷи нефт дар Заҳрон, Калонтарин китобхонаҳо: Китобхонаи миллӣ (таъсисаш 1968), китобхонаҳои Сауд, Маҳмудия китобхонаи Донишгоҳҳои Ар-Риёз, Мадина. Давлат таҳсили донишҷӯёнро дар хориҷи кишвар (асосан дар ИМА, Британияи Кабир, Канада, Австралия, Малайзия) аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ менамояд.

Матбуот, радио, телевизион

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нашрияҳои машҳури Арабистони Саудӣ: «Ал-Билод» (аз 1934), «Ан-Надва» (аз 1958), «Ал-Мадинат-ул-мунаввара» (аз 1937), «Ар-Риёз» (аз 1964); бюллетени Вазорати ахбор «News from Saudi Ara-bia»пайваста мунташир мешаванд.

Радиошунавонӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хабарҳо ба забонҳои арабӣ, англисӣ, урду, индонезӣ, форсӣ ва сухаилӣ шунавонида мешаванд.

Телевизион аз соли 1965 амал мекунад, 3 шабакаи телевизионии давлатӣ ва 117 пойгоҳи дигар дорад. Барномаҳои телевизион ва радиошунавонӣ зери назорат (сензура) қарор доранд. Раёсати назорат ё дидбонии радио ва телевизион яке аз сохтори Вазорати фарҳанг ва иттилооти Арабистони Саудӣ мебошад.

Интернет ва телефон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шабакаҳои телефонҳои мобилӣ аз соли 1981, Интернет аз охири соли 1990 ба фаъолият сар кардаанд. Ҳукумат барои сензураи Интернет рамзҳои махсусро истифода мебарад.

Дар Арабистони Саудӣ фаъолияти театр ва кинотеатрҳо мамнӯъ аст. Аммо дар макони зисти (ҷудо аз ҷомеаи зисти саудиён) коргарони хориҷӣ ва обшинаҳо (масалан, Заҳрон) ин гуна муассисаҳо ҳастанд. Видеои хонагӣ мамнӯъ нест.

  • Прошин Н. И., Саудовская Аравия, М., 1964;
  • Беляев Е. А., Арабы, ислам и арабский халифат в раннем средневековье, М., 1965;
  • Беляев И. П., Бодянский Л. В., Саудовская Аравия после Сауда, М., 1967;
  • Луцкий В. Б., Новая история арабских стран, М., 1968;
  • Страны мира (Современный справочник), М., 2008.