Аркони Ислом
![]() |
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои: |
![]() |
Шахсиятҳо
|
Идҳо ва маворид
|
Аркони Ислом (ар. أركان الإسلام خمسة) - панҷ рукни асосии дини ислом аст, ки мувофиқи шариат барои ҷомеъи мусулмонон ҳатман риоя намудан зарур аст:
- Шаҳодат (ар. الشهادة; талаффуз ); — шаҳодати имон овардан ба Ягонагии Худо (Аллоҳ) ва расули Ӯ Муҳаммад салаллоҳ : Нест Худое, ба ҷуз Аллоҳ (Ло иллоҳа илла Ллоҳу) ва Муҳаммад расули ӯст (ва Мухаммадан расул ул-Ллоҳ);
- Салоҳ (ар. صلاة, салоҳ [sˤa.laːh]; форсӣ: نماز; — дуо, ибодат) — (Намоз);
- Сиём ё Савм (ар. الصوم); (форсӣ: روزه در اسلام یا صیام ); — рӯзаи моҳи шарифи Рамазон;
- Закот (ар. زكاة/زكوة/زكات — покӣ; нумӯ, афзоиш; баракат; хулоса ва баргузидаи чизе) — хайру саховат ба камбағалону барҷомондагон;
- Ҳаҷ (ар. حَجّ) ва тавофӣ (ар. طواف) — зиёрати Макка (Масҷидулҳаром) ва гирду атрофи он (кӯҳи Арафот, водиҳои Муздалифа ва Мино) дар вақти муайян.