Шаҳодат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом

Шаҳодат
Шаҳодат

Шаҳодат (ар. الشهادة‎; талаффуз ) — шаҳодати имон овардан ба Ягонагии Худо (Аллоҳ) ва расули Ӯ Муҳаммад салаллоҳ. Калимаи шаҳодат метавон дигар маъноро ҳам ифода кунад, мисол шаҳид, ки дар роҳи дин ҷони худро фидо мекунад, инчунин шаҳодат додан аз воқеаи гузашта.

Тарҷумаи шаҳодат аз забони арабӣ чунин аст: «Шаҳодат медиҳам, ки нест Худо, ба ғайр аз Аллоҳ, ва боз шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад — Расули Аллоҳ». Шаҳодати мазҳаби шиа аз мазҳаби суннат бо иловаи якчанд калима фарқ мекунад «ва ’Алийюн Валийю л-Лаҳ» . Талаффузи шаҳодат шарти асосии имон овардан ва қабул кардани дини ислом аст. .

Ашҳаду ан ла илоҳа илла Ллоҳу ва-ашҳаду анна Муҳаммадан расулу Ллоҳи

Шаҳодат

Рамзи имон[вироиш | вироиши манбаъ]

Шаҳодат бо забони арабӣ.

Шаҳодат, нахустин ва муҳимтарин рамзи имони ислом аст.(ниг. панҷ рукни ислом). Ӯ дар дохили худ ду тафаккури якуми қатъӣ (раднашаванда) доир ба якка ва ягона будани Аллоҳ (тавҳид) ва пайёмбарии Муҳаммад алайҳи салом ҷам овардаст. Шаҳодат ҳамчун як бонги намоз ва фарқкунанда ба миён меояд, ки муслимони нахуст аз бисёрхудопарастон ва дигар номусалмон фарқ мекарданд. Дар вақти муҳорибаҳо, шаҳодат ҳамчун доди мубориз хидмат мекард ва маҳз аз ҳамин сабаб мафҳуми шаҳид яъне фидоӣ пайдо шуд. Дар аввал шаҳид гуфта, ҷанговаронеро меномиданд, ки дар задухурди зидди душманони ислом бо калимаи шаҳодат дар забон аз олам чашм мепӯшиданд[1]. Шаҳодат аз ҷониби мусалмонон дар бисёри ҳолатҳои зиндагӣ талаффуз мешавад. Воқеан, шаҳодат ҳамчун як қисми созвор дар бисёр дуои исломӣ дохил аст[2].

Қабули ислом[вироиш | вироиши манбаъ]

Хушхатнивиси шаҳодат.

Се карат талаффуз кардани шаҳодат дар Асрҳои миёна барои мақбул донистани ислом расм гирифта буд [3]. Аз рӯйи нутқи дини ислом, аз лаҳзае ки шаҳодат талаффуз мешавад («аз сидқи дил»), инсон муслим ба ҳисоб меравад ва бояд боқимонда қоидаҳои шариат ва суннатро риоя кунад, лоақал онҳоеро, ки медонад. Дар ҳолати надонистан, бояд рафтору кирдори сарфакорона ва осоиштаро пеш гирад.

Қабули ислом аз ҷониби насрониён

Дар вақти қабули дини ислом аз ҷониби насрониён, дар баъзе масҷидҳои Аврупо тавсия дода мешавад, ки бар замми шаҳодати расмӣ, шаҳодати иловагӣ нисбати пайёмбарии Исо алайҳи салом ҳам дода шавад.

Ҳадис доир ба шаҳодат[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Пайёмбар гуфтанд: «Касе шаҳодат дод, ки нест Худо ба ғайр аз ягона Аллоҳ ва надорад Ӯ ҳамрафиқ, ки Муҳаммад банда ва Пайёмбари Ӯ, ки Исо банда ва Пайёмбари Ӯ ва инчунин калимаи Ӯ бахшида ба васфи Марйям, ва рӯҳ аз Он, ва биҳишт дар ҳақ, ва Оташ дар ҳақ, онро Аллоҳ мувофиқи амалҳои кардааш дохили биҳишт мекунад».
  • Дода аз ҷониби Анас ибни Малик, ки Пайёмбар гуфтанд: «Кадом бандаи Худо, ки шаҳодат дод — нест Худои сазовори ибодат ба ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад расули Аллоҳ, ва инро аз сидқи дил гӯяд, Аллоҳ ҳамон лаҳза ӯро аз Дузах раҳо месозад».

Шаҳодати шиа[вироиш | вироиши манбаъ]

Шаҳодати шиа аз суннатӣ бо якчанд калимаи иловагӣ дар бораи халифаи тақводор ва якум имоми шиа Алӣ ибни Абу Толиб фарқ мекунад — «ва Алийюн Валийю л-Лаҳ» (ар. وعليٌ وليُّ الله‎), ки маънояш «ва Алӣ — дӯсти Аллоҳ». Умуми ин тавр аст: «Шаҳодат медиҳам, ки нест Худо, ба ғайр аз Аллоҳ, ва боз шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад — Расули Аллоҳ ва Алӣ — дӯсти Аллоҳ».

Тасвири шаҳодат дар парчамҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]