Гагарин (деҳа, н. Кӯшониён)
Деҳа | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Кӯшониён |
Ҷамоат | Деҳоти Меҳнатобод |
Номҳои пешина | Ворошилов |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 1141 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3245 |
Нишонаи почта | 735140 |
Коди мошин | TJ03 |
Гагарин (собиқ Ворошилов) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён. Аз Гагарин то маркази ҷамоат 6 км, то маркази ноҳия 5 км, то маркази вилоят 2 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1645 нафар (2013)[1] ва 1141 нафар (2017)[2], тоҷикон.
Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]
Соли 1920 ташкил шудааст. Деҳа дар ибтидои солҳои 30 садаи XX дар давраи оғози сохтмони Канали калони Вахш ва обёрии заминҳои водии Вахш бунёд гардида буд. Деҳа масҷиди панҷвақта ва нуқтаи савдо дорад. Хонандагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Элтӣ таҳсил менамоянд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 4 хоҷагии хурди деҳқонӣ вуҷуд дорад[1].
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ 1.0 1.1 Гагарин // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2