Jump to content

Гули Бодом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гули Бодом
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Рӯдакӣ
Ҷамоат Деҳоти Эсанбой
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Бешкаппаи Поён
Аҳолӣ
Аҳолӣ 475 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3137

Гули Бодом (собиқ Бешкаппаи Поён) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ. Аз Гули Бодом то маркази ҷамоат 11 км, то маркази ноҳия 67 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 572 нафар (2013), тоҷикон.

Нуқтаҳои савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта ва мактаби таҳсилоти умумии асосӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Чангоб давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, боғдорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз наҳри Чангоб обёрӣ мешаванд.