Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
*
Шумо донишҷӯ ё омӯзгор? Дар лоиҳаи Мактабҳо ва донишгоҳҳо иштирок кунед.


Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Donishgohi slavyanii Tojikistonu Rusiya .JPG
Ташкил шудааст: соли 1996
Намуд: давлатӣ
Шаҳр: Душанбе
Кишвар: Тоҷикистон
Шумораи донишҷуён: зиёда аз 5800 нафар (2016)
Донишҷӯён назди бинои нави донишгоҳ
Ансамбли донишҷӯён "Славянка"

Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (МТОБ ДСРТ) - муассисаи таълимии олии байнидавлатии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таърих[вироиш]

Донишгоҳ ҳамчун Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон 5 апрели соли 1996 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.04.96 таҳти рақами № 141 мувофиқи Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон аз 23 майи соли 1993 ва Шартнома байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1997 ташкил шудааст. Ҳоло (соли 2015), донишгоҳ аз рӯи 12 барномаҳои таҳсилотии мактаби олии касбӣ ва барномаи иловагии таҳсилоти касбӣ акредитатсия шудааст.[1]

Таълим[вироиш]

Соли 2011 дар донишгоҳ 4 факултет: филология, иқтисод, ҳуқуқ, таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ амал мекард, ки 25 кафедраи риштаҳои гуногунро дар бар мегирифт. Соли 2015 факултети идоракунӣ ва технологияи иттилоотӣ ташкил карда шуд. Дар донишгоҳ зиёда аз 300 нафар донишҷўён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Донишгоҳи славянӣ яке аз марказҳои муҳимми илмии Тоҷикистон ва Русия ба ҳисоб меравад. 63% устодони донишгоҳ соҳиби дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илм мебошанд. Аз 326 нафар устодон (аз ҷумла ҳамкорон) 56 нафар доктори илм, профессор, 144 нафар номзади илм, дотсент, 20 наф. Аъзои вобаста ва пайвастаи академияҳои гуногуни Федератсияи Русия, 2 нафар Узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника, 2 нафар Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, 12 нафар Корманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. [2]Дар донишгоҳ Шўрои илмии диссертатсиони (Д 737.011.01) аз ҷониби ВАК-и Русия тасдиқ гардида дар соҳаҳои филология аз ихтисосҳои (заб. русӣ: 10.01.10 – журналистика и 10.02.20 – сравнительно-историческое, типологическое и сопоставительное языкознание по филологическим наукам.) амал мекунад. Инчунин, дар донишгоҳ апирантура фаъолият мекунад, ки аз рӯи ихтисосҳои (46.06.01– История и археология;- 38.06.01– Экономика;- 42.06.01– Средства массовой информации и информационно-библиотечное дело;- 45.06.01–Языкознание и литературоведение.) муҳасилинро қабул мекунад.[3]

Ректорони донишгоҳ[вироиш]

Аз соли 1996 то соли 2004 сарвари Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон шодравон Абдуҷаббор Сатторов доктори илмҳои таърих, профессор бар зимма дошт. Сипас, Муҳаммадюсуф Имомов доктори илмҳои филологӣ, профессор (2004 - 2011) донишгоҳи мазкурро сарварӣ намуд. Аз 27 августи cоли 2012 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори донишгоҳ доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Cолеҳов таъин шуд.[4]

Факултетҳо[5][вироиш]

  1. Факултети иқтисодӣ
  2. Факултети филологӣ
  3. Факултети таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ
  4. Факултети ҳуқуқшиносӣ
  5. Факултети идоракунӣ ва технологияи иттилоотӣ

Суроғаи Донишгоҳ: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 30.

Донистаниҳо[вироиш]

30 августи соли 2016 Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон иштирок намуда дар суханрониаш чунин иттилоотро баррасӣ намуд:

«  Дар макотиби олии Русия беш аз бист ҳазор шаҳрвандони мо, аз ҷумла понздаҳ ҳазор дар асоси квота, таҳсил мекунанд....

Дар давоми чанд соли охир дар Тоҷикистон дар баробари Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бахшҳои донишгоҳҳои Москва - Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, «МИСиС» ва Донишкадаи энергетикии Москва ба фаъолият оғоз карданд. Имрӯз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо технологияҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он кадрҳои доираи васеи ихтисосҳо омода карда мешаванд. Дар донишгоҳ беш аз яксаду ҳафтод нафар докторон ва номзадони илм рисолати касбии худро адо мекунанд.

Дар давоми 20 сол донишгоҳро беш аз 12 ҳазор ҷавонон хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, фарҳанг, иҷтимоиёт, идоракунии давлат ва равобити беруна муваффақона фаъолият доранд....»

[6]

Боз нигаред[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]