Jump to content

Ҷанобат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом

Ҷанобат (ар. جنابة‎ — нопокӣ) — дар истилоҳи фиқҳ ба маънои ҷунуб ва нопок шудан, ки ба он ҳадаси акбар низ гӯянд ва касе, ки ӯро ҷанобат расида, ҷунуб номанд ва дар порсӣ бо лафзи шудан ва бардоштан корбурд шавад.

Ҷанобат барои шахс бо анҷоми ҳамхобагӣ (инзол ҳам нашавад), хуруҷи манӣ бо дафқу шаҳват ва эҳтилом ба вуҷуд меояд ва бо шустушӯи хоссе бо номи ғусли ҷанобат ва дар ҳолати набудани об ва ё адами қудрат ба истифодаи он бо таяммум зоил — бартараф сохта мешавад. Он аз назари шаръ наҷосати ҳукмӣ — ғайри ҳақиқӣ аст, ки одамӣ бо он ба таври ҳақиқӣ нопок нагардад. Бинобар ин, ҳамнишинӣ ва муошират бо шахси ҷунуб, гашту гузори вай дар кӯчаву бозор ва анҷоми дигар муомилоти ғайри ибодатӣ боке надорад, ҳамчунин пас аз шустани шармгоҳ ва вузӯ хобидани вай ва то охири шаб ба таъхир андохтани ғусли ҷанобат низ ҷоиз аст, ҳарчанд дуру дароз бо он ҳол боқӣ мондан хуб нест.

Аммалҳои мамнуъ дар ҳоли ҷанобат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар вақти ҷанобат анҷоми корҳои зерин шаръан ҷоиз нестанд:

  • намоз гузоридан[1]
  • ламс кардан ва қапидани китоби Қуръон бе ғилоф
  • қироати Қуръон, чи аз рӯи мусҳаф ва чи аз ёд
  • бе зарурат дохил шудан ба масҷид
  1. Худованд мефармояд: «Ва ба намоз, дар ҳоле ки маст бошед, наздик нашавед, то бидонед, ки чӣ мегӯед ва на дар ҳоле ки ҷунуб бошед, то он ки ғусл намоед, магар ин ки роҳгузар бошед» (Сураи Нисо, 4: 43) يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَقْرَبُوا الصَّلَاةَ وَأَنْتُمْ سُكَارَى حَتَّى تَعْلَمُوا مَا تَقُولُونَ وَلَا جُنُبًا إِلَّا عَابِرِي سَبِيلٍ حَتَّى تَغْتَسِلُوا وَإِنْ كُنْتُمْ مَرْضَى أَوْ عَلَى سَفَرٍ أَوْ جَاءَ أَحَدٌ مِنْكُمْ مِنَ الْغَائِطِ أَوْ لَامَسْتُمُ النِّسَاءَ فَلَمْ تَجِدُوا مَاءً فَتَيَمَّمُوا صَعِيدًا طَيِّبًا فَامْسَحُوا بِوُجُوهِكُمْ وَأَيْدِيكُمْ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَفُوًّا غَفُورًا  ‎ 
  • Djanāba / Juynboll, Th.W. // Encyclopaedia of Islam. 2 ed. — Leiden : E. J. Brill, 1960—2005.