Jump to content

Аркони ислом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом

Аркони ислом (ар. أركان الإسلام‎), аркони дин (ар. أركان الدين‎ — ҷамъи поя ва дин) — расму ойини асосии дини ислом, ки донистану риоя кардани он барои ҳамаи мусулмонон ҳатмӣ аст.

Панҷ рукни аслӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дини ислом панҷ рукни асосӣ дорад:

Рукни аввали он дар «ло илоҳа иллалоҳу ва Муҳаммадан расулуллоҳ» аст. Гардондани ин калимаи шаҳодат мувофиқи таълимоти динӣ барои ҳамаи мусулмонон ҳатмӣ буда, ба тавҳиди илоҳӣ ва расули ӯ Муҳаммад (с) ишора мекунад. Рукни дуюми дини ислом салот ё худ намози ҳаррӯзаи панҷвақта аст. Он фармоиши Худо ба ҳисоб рафта, ба ҷо оварданаш барои мусулмонон ҳам фарз асту ҳам суннат. Маънои асосии намоз аз арзи ҳоҷату ниёз ва мадҳу санои Аллоҳ иборат аст. Рӯза (савм) рукни сеюми дини ислом буда, мувофиқи он ҳар сол дар моҳи нуҳуми солшумории ҳиҷрии қамарӣ (рамазон) бояд ҳар мусулмони болиғ аз хӯрдану нӯшидан ва истеъмоли чизҳои кайфовар худдорӣ кунад. Закот ҳамчун рукни ислом маблағест, ки дар мамлакатҳои исломӣ аз даромад ва дороии қисми муайяне «ихтиёран» ба ҷамоаҳои динӣ дода мешавад. Ҳаҷ рукни охирини дини ислом аст, ки аз зиёрати Каъба дар моҳи зулҳиҷҷа (моҳи 12-уми тақвими қамарии мусулмонӣ) иборат мебошад.