Элок: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Dexbot (баҳс | ҳисса)
х Bot: Parsoid bug phab:T107675
Сатри 204: Сатри 204:
== Нигаред ==
== Нигаред ==
{{commons|Элок}}
{{commons|Элок}}
<nowiki> </nowiki>[http://n.maps.yandex.ru/?oid=31828764 Харитаи деҳаи Элок]
[http://n.maps.yandex.ru/?oid=31828764 Харитаи деҳаи Элок]


== Манбаъ ==
== Манбаъ ==

Нусха 18:03, 20 сентябри 2015

Деҳаи Элок
Манзараи умумии деҳаи Элок
Манзараи умумии деҳаи Элок
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи марказ
Ноҳия Файзобод
Ҷамоат Деҳоти Қалаидашт
Аҳолӣ 2949 нафар (2010), тоҷикон
Хоҷагӣ 524
Маҳалаҳо Элоки Калон, Элоки Поён, Элоки Боло, Гулихайри Поён, Гулихайри Боло
Раис Пиров Гадо

Элок — яке аз калонтарин деҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қалаидашти ноҳияи Файзобод мебошад. Аҳолиаш 2949 нафар (2010), тоҷикон. Аз 524 хоҷагӣ иборат аст.

Иқтисодиёт

Деҳа як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як муассисаи таҳсилоти миёна, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, хонаи саломатӣ, 41 хоҷагии деҳқонӣ, 7 мағоза, бустонсаро, хоҷагии колективии “Элок”, осиёи обӣ, 2 осиёи барқӣ, сехи коркарди чубу тахта, нуқтаи фурӯши маҳсулоти сӯзишворӣ, устохонаи оҳангарӣ, толори варзишӣ, корхонаи коркарди маҳсулоти шири ҶДММ «Сӯҳробҷон», корхонаи истеҳсоли обҳои нушокии минералию ранга, масҷиди ҷомеи марказӣ, масҷиди панҷвақта дорад. Мардуми деҳа ба боғдорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ, картошкапарварӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд. Мақбараи Шайх Абдураҳими Давлат ва масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Файзобод дар ҳамин деҳа ҷойгир аст.[1]

Акс:Чашмаи Элок.jpeg
Чашмаи Элок
Элоки офтобӣ

Таърих

Сарзамине, ки ҳамакнун аз деҳаҳои калонтарини ҷамоати деҳоти Қалаидашт ба ҳисоб меравад. Куҳи Обпар, куҳест, ки аз дилаш оби Элок фаввора зада, аз миёни харсангҳои бузург ба суйи сокинони деҳ мешорад. Ин куҳ дар кисмати шимоли деҳа ҷойгир аст.

Маҳалаҳои Элок

Маҳалаҳои деҳаи Элок
Маҳала Аҳолӣ
Элоки Калон
Элоки Боло
Элоки Поён
Гулихайри Боло
Гулихайри Поён

Шахсиятҳои маъруфи Элок

Мавлоно Муҳаммад Абдурраҳимхоҷа ибни Муллодавлат

Шайх Абдурраҳим маъруф бо лақаби Ҳазрати Бузургвор соли 1881 дар қишлоқи Лижаки собиқ ноҳияи Оби Гарм таваллуд ёфта, аз 7-солагӣ дар деҳкадаи Хоҷа Яъқуби ноҳияи Файзобод зиндагӣ кардааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар қишлоқи Луғури Оби Гарм назди устоди нахустини хеш домулло Сайидмуҳиддин алайҳирраҳма, мавсуф бо лақаби Домулло Хӯҷа оғоз намуда, сипас дар қишлоқи Ҷойникудии ноҳияи Файзобод дар назди домулло Наҷмиддин идома дода, баъд аз он дар ноҳияи Шулмаки ғарм назди домулло Одинаҳоҷии қаландакӣ ба итмом расонидааст. Замоне, ки ҳазрат барои таҳсили илм ба Бухоро мераванд, ба сабаби дониш ва маҳорате,ки аз ӯ эҳсос карда буданд, аз ҷониби подшоҳ ба ӯ дар мадрасаи Мири Араб ҳуҷраи алоҳида ҷудо мекунанд. Ӯ ин ҳуҷраро ба муллобачаҳои дигар дода, як соли тамом дар сари турбати хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд,ки дар масофаи 9-километр аз Бухоро воқеъ гардидааст, ба тайи мароҳили сулуки нақшбандия мегузаронад. Чунон ки ҳикоят мекунанд, дарсу таълимро назди Аълами Бухоро, ки зодаи ноҳияи Ҳисор, ба қавле аз қишлоқи ғешии Ёвон ва ба қавле аз Файзобод будааст, мегирад. Касби тариқатро пеши Мавлоно Худойбердии Шойхасӣ, ки аз машҳуртарин шайхони нақшбандияи замон буданд, анҷом медиҳад. Дар мадориси Бухоро 7 сол таҳсил намуда, сипас 3 соли дигар дар мадрасаи маҳаллаи Гӯсфандкушони Бухоро ба мударрисӣ машғул гардида, соли 1910 ба ватан бармегардад. Ҳазрати Бузургвор соли 1947 дар 66-солагӣ аз олам чашм пӯшиданд. Мақбараи ӯ воқеъ дар Элоки ноҳияи Файзобод буда, ҳоло зиёратгоҳи мардуми ихлосманд ва поксиришт аст. Шайх Абдурраҳими Давлат аз пирони тариқати нақшбандия буда, дар осори хеш ин таълимотро тарғибу ташвиқ карданд. Аз мероси илмӣ-адабии ин орифи бузург зиёда аз 12 аср маълум ва машҳур аст, ки «Ишқнома», «Кашфуласрор», «Девони ғазалиёт», «18 доираи тасаввуф», «Маснавинома», «Гулистон», «Бӯстон», «Ҷорубӣ» ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Ҳазрати Бузургвор ҳамчун шоир дар мавзӯъҳои гуногуни ирфонӣ: ғазал, қасида, қитъа, маснавӣ, таркиббанд, тарҷеъбанд шеър гуфтааст. Барои аҳли таҳқиқ маълум аст, ки шоирони мутасаввиф даъвои шеъру шоирӣ надоштанд, аммо мекӯшиданд, ки олитарин афкори ирфониро дар қолаби вазн баён кунанд. Дар ҳақиқат барои шоири орифбаён маонии олӣ муҳимтар аст, нисбат ба он ки андешаву қофияву бадиъ кунад. Ҷалолиддини Румӣ ҳам ба ин маънӣ гуфтааст:

Қофия андешаму дилдори ман,
Манораи масҷид
Гӯядам «Маяндеш ҷуз дидори ман».

Осори Ҳазрати Бузургвор

Ҳазрати Бузургвор соҳиби тасониф буданд. Аз худ 12 китоб боқӣ гузоштанд, ки 8-тои он таҳти унвони зер маҳфузанд:

  1. Ишқнома
  2. Девони ашъор
  3. Кашфуласрор
  4. Гулистон
  5. Бӯстон
  6. Ҷорубӣ
  7. Мақомот
  8. Маснавӣ

Бо хоҳиши Идораи мусулмонони Осиёи Миёна Ҳазрати Бузургвор 3 китобашонро барои чоп ба Тошкант фиристода буданд, ки то ҳанӯз сарнавишташон маълум нест.

Усмон Шарифзода

Соли 1945 дар дехаи Элоки нохияи Файзобод таваллуд шуда буд. Соли 1964 у мактаби миёнаи №80-и нохияи Ленин (холо Рудаки)-ро хатм мекунад. Фаъолияти мехнатиашро аз газетаи «Комунна»-и нохияи Ленин огоз мекунад. Баъдтар солиёни зиёд дар газетахои «Ҳаққиқат, «Пионери Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ» ва маҷаллаи «Машъал» кор мекунад. Мачмуи ашъораш бо номхои «Риштаборон», «Умре дар роҳ», «Дили модар», «Хонаи Ишқ», «Дафтари хуншори Сомон» ва гайрахо чоп шудааст.

Шарифов Боймурод Бобоевич

Зодаи деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод. Аз хонадони коргар. Солҳои таҳсил дар мактаби миёна – 1972-1982. Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1989). Солҳои 1983-1985 хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ. Корманди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ (1989-1990), лаборанти калон, стажер муҳақиқ ва аспиранти кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1990-1994), муаллими калон, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1994-2012), муовини декан оид ба таълими факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2003-2004), декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2004-2007). Аз соли 2012 инҷониб декани факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ.

Номи китоб ва мақолаҳои чопшуда

  1. Хоқонӣ ва нақди шеър.- Душанбе: Шарқи озод, 2010.- 187 с.
  2. Афкори адабӣ ва танқидии Хоқонӣ.- Душанбе, 1995.- 25 с.
  3. Балоғати сухан аз назари Хоқонӣ (Дар маҷмӯаи «Ҳақиқати ҳаёт ва ҷустуҷӯҳои адабӣ»).-Душанбе, 1994.- 98-105
  4. Нақди ахлоқии Хоқонӣ. (Дар маҷмӯаи «Ҷустуҷӯҳои адабӣ», китоби VI)- Душанбе, 2004.- саҳ. 90-102
  5. Суварнигори ҳадис. (Дар маҷмӯаи «Забон – рукни тоат», китоби дуюм).- Душанбе, 2004.- саҳ. 162-176
  6. Дарёчаи Элок
    Дарёчаи Элок
    Худшиносии эҷодӣ ва маърифати шеър// Паёми Донишгоҳи миллӣ № 6- Душанбе, 2006.- саҳ. 21 -34
  7. Рӯдакӣ ва Хоқонӣ.- Фишурдаи суханрониҳо аз «Симпозиуми байналмилалии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон».- Душанбе, 2008.- С. 86-88
  8. Оинаи ибрат. //Садои шарқ, 2008, № 8.- С. 27-34
  9. Робитаи Имоми Аъзам бо ирфон ва тасаввуф. /Дар маҷмӯаи мақолаҳои «Мақоми Имоми Аъзам дар тамаддуни ислом ва ҷаҳон».- Душанбе: Матбааи Вазорати маорифи ҶТ, 2009, саҳ. 129-137
  10. Мувозанаи Хоқонӣ ва Анварӣ.// Сафина, 2010, №12, саҳ. 42-46
  11. Мухтассоти матлаъ дар қасоиди Хоқонӣ.//Адаб, 2011, №3(14), саҳ.12-17
  12. Мухтассоти қасоиди ахлоқии Хоқонӣ. //Адаб, 2011, №4(15), саҳ.15-24
  13. Адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ дар маҷаллаи «Садои Шарқ»-2011.//Садои Шарқ, 2011, №4, саҳ.148-150
  14. Шарҳи шоири дерошно/ Омӯзгор, №7, 17 феврали соли 2012, саҳ. 15
  15. Муаммои «Парӣ»-и Мирзо Бедил. (Ѓалате, ки бояд ислоҳ шавад) / Омӯзгор, №10, 9 марти соли 2012, саҳ. 15
  16. То лафз нагардад фош, маънӣ нашавад урён (Баҳс) /Омӯзгор, № 12, 23 марти соли 2012, саҳ 15
  17. Шоири ориф. // Осори академия (маҷаллаи илмӣ).- №1 (17), саҳ. 151-159
  18. Навкарди матлаъ дар қасойиди Хоқонӣ. (Маводи конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 20 солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Иҷлосияи ХVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - омили асосии ваҳдат ва худшиносии миллӣ» (9 ноябри соли 2012).-Қӯрғонтеппа, 2012, саҳ. 281-286
  19. Арзиши маънавӣ ва эстетикии мадеҳаҳои Анварӣ. (Маводи конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 20 солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Иҷлосияи ХVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - омили асосии ваҳдат ва худшиносии миллӣ» (9 ноябри соли 2012).-Қӯрғонтеппа, 2012, саҳ. 286-292
  20. Барномаи таълимӣ аз фанни «Нақди адабӣ».- Душанбе: Сино, 2010.- 24 с.
  21. Беш аз сад мақолаи илмиву оммавӣ

Низомов Мӯҳриддин Зайниддинович

Зодаи деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод (тав. 2 феврали 1973), адабиётшинос, номзади илмҳои филология. Соли 1995 факултети филологиям тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1995 - 1996 ассистенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷик, 1996 - 1998 аспирант, 1998 - 2000 ҷонишини декани факултети филологиям тоҷик оид ба тарбия, баъд муаллими калон ва дотсенти кафедраи Таърихи адабиёти тоҷик буд. Соли 2002 дар мавзӯи «Масъалахои поэтикаи ғазалиёти Фаридаддини Аттори Нишопурӣ» рисолаи номзадиро ҳимоя кард. Аз соли 2007 вазифаи ҷонишини декани факултети филология оид ба илмро ба ӯхда дорад. Муаллифи 2 китоб, 2 барнома ва 70 мақолаи илмӣ-оммавӣ мебошад. Мақолаҳои «Такомули вазн дар газалиёти Аттор» (1997), «Баъзе хусусиятҳои шаклии газалиёти Аттор» (2001), «Аттор ва Абусаиди Абулхайр» (2001), «Наврӯзнома»-и Умари Хайём» (2005), «Аттор ва Ҷалолуддини Балхӣ» (2007), ки дар маҷалла ва китобқои дастачамъии «Адаб», «Ҷавонон ва ҷаҳони илм», «Маърифат», «Маводи конференсияи илмии Академияи корҳои дохилии Точикистон» ба табъ расидаанд, доир ба хусусиятхои эҷодии адибони гузаштаи тоҷик баҳс мекунанд. Бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.[2]

Номи китоб ва мақолаҳои чопшуда

  1. Такомули вазн дар ғазалиёти Аттор, Маҷаллаи «Адаб», 1997, № 7 - 9;
  2. Тазоди ақлу ишқ дар ғазалиёти Аттор. «Ҷавонон ва ҷаҳони дониш», Душанбе, 2000;
  3. «Наврӯзнома»-и мансуб ба Умари Хайём, маҷаллаи «Маърифат» 2003, № 1 - 2;
  4. Реализми ҷодуӣ дар достонҳои «Силсилатуззаҳаб» ва «Сабҳатулаброр»-и Ҷомӣ, «Паёми Донишгоҳи миллӣ», 2010, №7;
  5. Поэтикаи ғазалиёти Фаридуддин Аттори Нишопурӣ, Душанбе, 2011.

Бобиев Исмоил Атоевич

Бобиев Исмоил Атоевич (тав. 01.01.1973, деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод), иқтисодчӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ (2012), Хатмкардаи ДДТ (1995) ва аспирантураи он (2003). Фаъолияти меҳнатиаш дар ДДТ оғоз ёфта, аввал дар вазифаи ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудит (1995), сипас ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ (1996-2007) ва аз соли 2007 муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДМТ мебошад. Дар давоми фаъолияти илмию омӯзгорӣ барои донишҷӯён маводи илмию методии худро дар саҳифаҳои маҷалла, рӯзнома ва маҷмӯаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ ба табъ расонидааст.

Номи китоб ва мақолаҳои чопшуда

  1. Маҷмӯи масъалаҳо аз ҳисобгирии молиявӣ дар асоси СБҲМ, дастури таълимӣ.- Душанбе: Ирфон, 2012, саҳ. 270;
  2. Назарияи баҳисобгирии муҳосибӣ, бобҳои 13 ва 14, — Душанбе. 2012, Эр-граф. саҳ. 224-292;
  3. Самтҳои афзалиятноки баландбардории амнияти энергетикӣ ва рушди устувори соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикии ҶТ, монография, Душанбе, Ирфон-2013;
  4. Ҳисоботи молиявии фосилавӣ, Душанбе, Вазорати молияи ҶТ, —2009;
  5. Ҳолат ва дараҷаи рушди соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикии ҶТ ва таъсири он ба иқтисодиёти минтақавӣ. — Дурахши илм (журнали илмӣ), №4, Душанбе, 2012;
  6. Ҳолат, таркиб ва рушди комплекси гидроэнергетикаи Тоҷикистон.— Паёми ДМТ (маҷаллаи илмӣ), №10/74, Душанбе, 2011.

Зарипов Авзалшо Карамонович

Зарипов Авзалшо Карамонович (тав. 29.01.1980, деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод), физик, номзади илмҳои физикаю математика (2009), хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дипломи аъло (2003) мебошад.соли 2003, пас аз хатми донишгоҳ дар кафедраи физикаи назариявии ДМТ ба ҳайси ассистент ба кор шурӯъ намуда, солҳои (2005–2007) дар назди ҳамин кафедра дар аспирантура таҳсил намудааст. Солҳои 2008–2010 ассистенти кафедра ва аз моҳи октябри соли 2010 инҷониб мудири кафедра шуда кор мекунад.

Тадқиқоти илмии Зарипов Авзалшо ба назарияи молекулавӣ–кинетикии моеъҳои магнитӣ бахшида шуда, муаллифи зиёда аз 35 мақолаҳои илмӣ ва китоби дарсии «Механикаи назариявӣ» мебошад. Рисолаи номзадиашро соли 2009 дар мавзӯи «Релаксатсияи сохторӣ ва хосиятҳои часпакию чандирии моеъҳои магнитӣ» дифоъ кардааст.

Номи китоб ва мақолаҳои чопшуда

  1. Механикаи назариявӣ. – Душанбе: нашриёти ДМТ, 2013, 410 с. (китоби дарсӣ барои донишгоҳҳо);
  2. О спектре высокочастотных коллективных колебаний в магнитных жидкостях. – В мире научных открытый, № 12(36), 2012, с. 219–229;
  3. The statistical description of electro conductive magnetic liquids. XVIII International Conference on Chemical Thermodynamics in Russia, Samara, Russian Federation, October 3-7, 2011;
  4. About collective vibrations in magnetic liquids. Proc. of the 5th Inter. Сonf. «Phys. of liquid matter: modern problems», Kyiv, Ukraine, 21-24 May 2010;
  5. Dispendence of the Viscosity Coefficients of Magnetc Fluids on Parameters of State. – Russian Journal of Physical Chemistry A, 2010, Vol. 84, No. 7, Р. 1242–1245.

Камолзода Сайфиддин

Камолзода Сайфиддин (тав. 03.02.1970, деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод). Таҳсил дар мактаби миёнаи №11-и ҳамин деҳа (1977-87). Хатмкардаи факултаи китобдории ДДСТ ба номи М.Турсунзода (1987-1992). Мудири китобхона дар ноҳияи Файзобод (1992).Омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №39-и деҳаи Қалъаи нав (1993-94).Устоди калони кафедраи китобхонашиносии ДДСТ (1994-2011). Сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанг (1999-2004). Котиби илмии Осорхонаи миллии ҶТ ба номи К. Беҳзод (2005). Аз соли 2011 мудири шуъбаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот.

Номи китоб ва мақолаҳои чопшуда

  1. Китобшиносии осори Сафар Сулаймонӣ. (Муҳ. Ҷ. Шерматов), Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот. Душанбе, «Ирфон», 2008. (Ҳаммуаллиф Ҷ. Раҷабов).
  2. Менеҷменти китобдорӣ: барномаи таълимӣ барои донишҷӯёни факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ тахассуси 052700 «Китобдор, библиограф-омӯзгор». Мураттиб: С. Камолзода, Муҳ. С. Сулаймонӣ. Душанбе. «Эҷод», 2009.
  1. Воспитательные идеи о книге и чтении. ТГПИ им. К. Джураева. Душанбе,1997.
  2. Чароѓи ҳидоят – ҳидоят намуд. «Паёмномаи фарҳанг». 2000. №1.
  3. Китоб сарчашмаи соҳибмаърифатиҳо. «Китоб». 2000. №3.
  4. Нақши фарҳанг дар ҷомеаи мустақил. «Даҳ соли Истиқлол ва самараи он (маводи конференсияи илмию назариявӣ бахшида ба 10-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ). Душанбе. «Паёми ошно». 2001.
  5. Роль культуры в независимом обществе. «Сафинаи умед». 2001. №3.
  6. Анъанаро ҳифз намуда навоварӣ ҷустан. «Анис», (Фаслномаи илмӣ- фарҳангӣ). Душанбе, 2001.
  7. Нақши муассисаҳои фарҳангӣ дар тарбияи ватанпарастии ҷавонон. «Паёмномаи фарҳанг». 2002. №7.
  8. Имкониятҳои педагогии китобхонаҳои мактабӣ: вазъият ва мушкилиҳо («Султони мулки Ваҳдат», маводи конференсияи илмию назариявӣ бахшида ба 10-солагии Ваҳдати миллӣ ва 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ). Душанбе. «Эҷод», 2007.
  9. Назаре ба китобҳои чопии Абуҳанифа. Маводи конференсияи илмию назариявӣ бахшида ба 1310-солагии Имоми Аъзам ва 18-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон. Душанбе. «Эҷод», 2009.
  10. Мавқеи китобхонаҳои кӯдакон дар пешравии дониш. Маводи конференсияи илмию назариявӣ бахшида ба «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» ва 19-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ. Душанбе, «Эҷод», 2010.
  11. Китобхонаҳои кӯдакона ва мактабӣ дар низоми таҳсилоти Тоҷикистон, «Паёмномаи фарҳанг», (нашрияи илмию таҳлилии ПИТФИ), 2011. № 1 (15). 2011.
  12. Библиотечные специалисты для детских библиотек. «Паёмномаи фарҳанг», (нашрияи илмию таҳлилии ПИТФИ), 2011. № 1 (15). 2011.
  13. Библиотечное обслуживание детей. “Фаъолияти китобдорӣ дар замони истиқлолият”, (маҷмӯаи мақолаҳо). Душанбе .“Маориф ва фарҳанг”, 2012.
  14. Фаъолияти китобдорӣ: дастовардҳо ва мушкилоти рушди он. “Фаъолияти китобдорӣ дар замони истиқлолият”. (Маҷмӯаи мақолаҳо). Душанбе. “Маориф ва фарҳанг”, 2012.
  15. “Баҳор омад, ки орояд чаманро”. “Паёмномаи фарҳанг”. 2012. №1 (18). (Ҳаммуаллиф Ҷ. Саидзода).
  16. “Китобхонаҳои кӯдакона ва мактабӣ дар низоми муассисоти омӯзишӣ: вазъият ва мушкилот». «Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон”. 2012. № 4 (11) .
  17. “Дар нигораҳои аҳди бостон”. “Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон”. 2013. № 1 (12) .
  18. “Пути совершенствования деятельность школьных библиотек в условиях информатизация образования». (Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон). Китоби 4, (маҷмӯаи мақолаҳо). Таҳияи Қ. Бӯриев. Душанбе. “Истеъдод”, 2013.

Зиёев Қурбоналӣ Одинаевич

Зиёев Қурбоналӣ Одинаевич (тав. 12.05.1960, деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2013). Солҳои таҳсил дар мактаби миёна 1967-1977. Хатмкардаи факултети забон ва адабиёти руси УДТ (1984). Муаллим (1984-1990), методисти шуъбаи маориф (1991-2005) Мудири шуъбаи технологияи меҳнат, санъат, варзиш ва асосҳои бехатарии Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2005-2012), Ходими пешбари илмии шуъбаи таҳсилоти умумии Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2012). Тадқиқоти илмии Зиёев Қурбоналӣ Одинаевич дар мавзӯи "Асосҳои педагогии тарбияи ҳарбӣ ватанпарастии хонандагони синфҳои болоӣ дар мисоли мактабҳои Тоҷткистон" буда, айни ҳол болои он кор намуда истодааст.

Номи китоб ва мақолаҳои чопшуда

  1. Дастури методӣ (ба ёрии роҳбарони ҳарбии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон). — Душанбе, 2007. 34с.
  2. Ҳуқуқ дар низоъҳои мусаллаҳона. — Душанбе, 2010. 38с.
  3. Методикаи таълими омодагии дифои ҳарбӣ. — Душанбе, 2014. 138 с.
  4. Наврӯз ватанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ ва зебоипарастиро эҳё менамояд — Маҷаллаи «Маърифати Омӯзгор», №5
  5. Формы и методы физического воспитания учащихся начальных классов на основе комплексной программы и учебников — Душанбе, 2012
  6. Анализ постановки физического воспитания и военной подготовки в школах Республики Таджикистан — Маҷмӯи мақолаҳо, Душанбе, 2012
  7. Мактаби ватандӯстӣ ва мардонагӣ — Маҷаллаи «Маърифати Омӯзгор», №1-2
  8. Воспитание патриотизма средствами начальной военной подготовки в общеобразовательных школах Таджикистана — Паёми Академияи Таҳсилоти Тоҷикистон, № 1(12), 2013
  9. Роҳу усулҳои худидоранамоӣ — Маҷаллаи Илм ва инноватсия, №1, саҳ. 107-111

Аминов Хӯҷаназар Файзуллоевич

20-уми марти соли 1972 дар деҳаи Элоки нохияи Файзобод ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи рақами 11-и нохияро соли 1989 хатм карда, соли 1990 ба факултаи журналистика ва тарчумонии Донишгохи Давлатии Тоҷикистон (холо Донишгохи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, ин муассисаи олии таълимиро соли 1995 бо ихтисоси журналист хатм намудааст. Баъди хатми донишгох ба Телевизиони Тоҷикистон ба кор омада аз мохи августи соли 1995 ба хайси мудири бахши хабарнигорони Телевизиони Тоҷикистон ба кор ќабул карда мешавад. Солхои 1996-1999 ба хайси мухбири махсуси Телевизиони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон кор кардааст. Аз соли 1999 то соли 2004 хамчун мухаррири варзидаи идораи барномахои иттилоотии Телевизиони Тоҷикистон фаъолият карда, аз мохи марти соли 2004 то мохи марти соли 2005 дар вазифаи сармухаррири идораи барномахои иќтисодии Телевизиони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Аз мохи марти соли 2005 то мохи ноябри соли 2008 ба хайси муовини сармухаррири идораи барномахои иттилооти фаъолият карда аз 4-уми ноябри соли 2008 то инчониб сармухаррири идораи барномахои иттилоотии шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон мебошад. Хизматхои арзандаи Аминов Хӯчаназар (Хӯчаназари Аминиён) дар сохаи журналистикаи телевизион соли 2006 бо мукофоти давлати- Ифтихорномаи Президенти Чумхурии Тоҷикистон ќадр карда шудааст. Аминов Хӯчаназар хамчунин дар давоми фаъолияти кории худ дар Телевизиони Тоҷикистон барои хизматхои арзанда ба ифтихорномаи Кумитаи Телевизион ва радиои назди Хукумати Чумхурии Тоҷикистон ва ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Чумхурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда, соли 2009 бо нишони «Аълочии Телевизион ва радио» мукофотонида шудааст.

Дигар шахсиятҳо

Аз дигар шахсиятҳои маъруфи деҳа инҳоро номбар кардан мумкин аст: Эшони махдуми Зубайдуллоҳ -яке аз пирони тарикати Накшбандия; Ҳамчунин муовини Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Эшони Маъруфҷон Раҳимзода (Элокӣ) - яке аз уламои саршиноси Ислом, Сархатиби Масҷиди ҷомеи "Сариосиё"-и шаҳри Душанбе, муаллифи чандин китобҳои дини; Эшони Ҳамдулло (Раҳимов), олими дин, Сархатиби Масҷиди марказии "Яккачинор"-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва ҳамчунин собиқ Имомхатиби Масҷиди марказии Тоҷикистон; соҳибкори муваффақ, Нуруллоев Забҳулло Хайруллоевич (тав. 14.09.1960), Хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур. Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент. Директори генералии ҶСП «Евразия», дотсенти кафедраи "Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит"-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Раиси Шурои нозирони ҶСК "Тоҷиксодиротбонк"; Эшони қори Носир - Сархатиби Масҷиди марказии ноҳияи Файзобод; Абдуллоев Лутфулло - мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод; Аминов Маҳманазар - Мудири Шуъбаи фарҳанги шаҳри Рогун;

Аксҳои Элок

Пайвандҳои беруна

  1. Деҳаи Элок дар расмҳо аз нигоҳи ман...
  2. Сайре ба дехаи Элоки Файзобод — бахши якум
  3. Сайре ба дехаи Элоки Файзобод — бахши дуюм
  4. Дар сайти http://www.elok.ucoz.com/ метавонед донистаниҳое дар бораи деҳаи Элок дастрас кунед.

Нигаред

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Харитаи деҳаи Элок

Манбаъ

© DuSTMuRoD SaiD

  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.
  2. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Саҳ. 191