Jump to content

Деҳоти Қалъаидашт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҷамоати Қалаидашт)
Деҳот
Деҳоти Қалаидашт
Кишвар  [[|]]
Тобеъи Ноҳияи Файзобод
Шомили 6 деҳа, 1501 хоҷагӣ
Маркази маъмурӣ Бобои Валӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 31 марти соли 1977
Масоҳат 88,51 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 10 948 нафар нафар (2010)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Коди телефон +992 3135
Домени интернет .tj
Коди мошинҳо TJ08
Деҳоти Қалаидашт дар харита

Қалаидашт — ҷамоати деҳот дар ноҳияи Файзобод, 31-уми марти соли 1977 таъсис ёфтааст. Дар қисми шарқии ноҳия, 18 км аз маркази ноҳия ва 75 км аз шаҳри Душанбе дар шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ воқеъ гардидааст. Масоҳаташ 88,51 км2. Аҳолиаш 10948 нафар, тоҷикон. Аз 1501 хоҷагӣ иборат аст.

Тақсимоти маъмурӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба ҳудуди ҷамоат деҳаҳои Қалъаидашт, Очилдӣ, Бобои Валӣ, Дараи Гусфандак, Элоки Поён, Элоки Миёна, Элоки Боло, Гулхайри Поён, Гулхайри Боло, Дашти Марзо дохил мешаванд. Дар ҳудуди ҷамоат хоҷагиҳои деҳқонии колективии «Қалъаидашт», «Элок» ва «Дашти Марзо», 122 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ.

Шуъбаи «Амонатбонк», 2 маркази саломатӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ, 2 макази фарҳанг, 1 китобхона, 7 мактаб, 7 чойхонаи ҷамъиятӣ, сехи коркарди чубу тахта, корхонаи коркарди маҳсулоти шири ҶДММ «Сӯҳробҷон», 4 нуқтаи фурӯши сузишворӣ, 36 нуқтаи фурӯши молҳои ниёзи мардум, 1 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 4 масҷиди панҷвақта фаъолият доранд. Масоҳати умумии заминҳо 8847,94 га буда, масоҳати заминҳои корами обӣ 961,28 га, заминҳои корами лалмӣ 387,46 га, боғҳо 197,24 га, чарогоҳ 5261,20 га-ро ташкил медиҳад. Аҳолии ҷамоат ба кишоварзӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ машғуланд. Дар ихтиёри аҳолӣ 3510 сар гов, 10496 сар гусфанду буз, 139 сар асп, 209 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст. Дар муассисаҳои тиббии ҷамоат 12 нафар духтур ба аҳолӣ хидмати тиббӣ мерасонанд.

Дар мактабҳои ҷамоат ба 2414 нафар хонандагон 121 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд. Аз фарзандони ҷамоат собиқ мудири шуъбаи маориф Зиёев Ҳасан Назриевич ва директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 1 Мирзоев Аҳмад сазовори унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» гардидаанд. Ҳоло вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Қалаидаштро Саидов Аскар Фатҳуллоевич ба уҳда дорад.

Деҳаҳои ҷамоати Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод
Деҳа Аҳолӣ
Бобои Валӣ 1781 нафар (с. 2012)
Дараи Гусфандак 1140 нафар (с. 2010)
Дашти Марзо 2584 нафар (с. 2010)
Қалаи Дашт 707 нафар (с. 2010)
Очилдӣ 1071 нафар (с. 2010)
Элок 2949 нафар (с. 2010)