Бадриддин Ҳилолӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
بدرالدین هلالی
Бадриддин Ҳилолӣ
Noimage.svg
Зодрӯз
Зодгоҳ Ҳирот
Вазифа шоир

Бадриддин Ҳилолӣ (Хатти ниёгон: بدرالدین هلالی)

Ғазалҳо[вироиш]

З-он пештар, ки ақл шавад раҳнамун маро,

Ишқи ту раҳмнамуд ба кӯи ҷунун маро.

Ҳам сина шуд пуроташу ҳам дида шуд пуроб,

Дар обу оташ астдаруну бурун маро.

Шӯҳе, ки буд мурдани ман коми ӯ, куҷост,

То бар муроди хеш бубинад кунун маро?

Ҳоки дарат эй қатли ман оғушта шуд ба хун,

Охир фиганд ишқи ту хоку хун маро.

Чашмат, ки сабру ҳуши Ҳилолӣ ба ғамза бурд,

Ҳоҳад фасона сохтан аз як фусун маро.


Ёр гуфт:«Аз мо макун катъи назар». Гуфтам: «Ба чашм!»

Гуфт: «Катъан хам мабин сӯи дигар».Гуфтам: «Ба чашм!»

Гуфт: «Бо мо дӯстӣ мекунба дил». Гуфтам: «Ба чашм!»

Гуфт: «Роҳи ишқи мо мерав ба сар». Гуфтам: «Ба чашм!»

Гуфт: «Бо чашмат бигӯ,то дар миёни мардумон,

Сӯи мо ҳам лам наяндозад назар». Гуфтам: «Ба чашм!»

Гуфт: «Агар бо мо Сухан дорӣ,ба чашми дил бигӯ,

То нагардад гӯши мардумро хабар». Гуфтам: «Ба чашм!»

Гуфт: «Агар хоҳад дилат з-ин лаъли майгун хандае,

Гиряҳо мекун ба сад хуни ҷигар». Гуфтам: «Ба чашм!»

Гуфт: «Агар хоҳи ғубори фитна биншинад зи роҳ,

Барфишон обе ба хоки раҳгузор». Гуфтам: «Ба чашм!»

Гуфт: «Агар дорад, Ҳилолӣ, чашми гирёнат ғубор,

Кухли биноӣ бикаш з-ин хоки дар». Гуфтам: «Ба чашм!»




Хароби як назар чашми нимхоби туем,

Ба ҳоли мо назаре кун, ки мо хароби туем.

Чӣ ҳадди он ки тавонем ҳамъинони ту шуд,

Хамин саодати мо бас, ки дар рикоби туем.

Итоби ту кашад нози ту ҳалок кунад,

Ҳалоки нози туву куштани итоби туем.

Аҷаб набошад агар аз лабат ба ком расем,

Ки масти бодаи нозию мо кабоби туем.

Зи меҳри рӯи ту дорем доғҳо бар дил,

Ситораи сӯхта аз тоби офтоби туем.

Ману Ҳилолӣ аз ин дар ба ҳеҷ ҷо наравем,

Чаро ки ҳамчу сагон бастаи таноби туем.

Сарчашма[вироиш]