Робиаи Балхӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
رابعه بنت کعب قزداری Робиаи Балхи.jpg
Робиаи Балхӣ
Зодрӯз асри Х
Вазифа шоира

Робиаи Балхӣ Қаздарӣ бини Каъб (порсӣ: رابعه بنت کعب قزداری)- нахустин шоираи форсу точик Робиа духтари Каъб дар асри Х зиндагӣ ва эҷод кардааст.

Зиндагинома[вироиш]

У дар Балхи бостони ба дунё омада, бо Рудаки хамаср буд ва бо номаҳо додугирифт мекард. Робиа дар ҳусну ҷамол, фазлу камол, зехни тез ва қудрати шоирӣ ба форсӣ, дарию арабӣ машҳур буд. Уро дар чавонӣ бо гуноҳи ишқ бародараш дар ҳамом буғ карда мекушад.

Робиа ба Бектош, ки гуломи бародараш буд, дил баст. Саргузашти шурангези Робиаи Балхӣ бисёр адибонро ба илхом овардааст. Шоири бузург Аттор (асри ХIII), Ризокулхони Хидоят (асри ХIХ) ва чанд нависандаи Тоҷикистону Афғонистони замони мо дар бораи у асархои бадеӣ навиштаанд.

У дар Балхи бостони ба дунё омада, бо Рудаки хамаср буд ва бо номаҳо додугирифт мекард. Робиа дар ҳусну ҷамол, фазлу камол, зехни тез ва қудрати шоирӣ ба форсӣ, дарию арабӣ машҳур буд. Уро дар чавонӣ бо гуноҳи ишқ бародараш дар ҳамом буғ карда мекушад. Робиа ба Бектош, ки гуломи бародараш буд, дил баст. Саргузашти шурангези Робиаи Балхӣ бисёр адибонро ба илхом овардааст. Шоири бузург Аттор (асри ХIII), Ризокулхони Хидоят (асри ХIХ) ва чанд нависандаи Тоҷикистону Афғонистони замони мо дар бораи у асархои бадеӣ навиштаанд.

Эҷодиёт[вироиш]

Робиа асосан дар сурудани ашъори ошиқона устод буда, шеърҳои ишқии Рудакиро сармашқи худ қарор медодаст. Мегуянд, ки Робиа дар ҳамом вақти мурдан сари ангушташро хуншор намуда, ба девори ҳамом шеърхо навишт, ки хама ошиқона ва пур аз сузу гудоз ва дарду ҳасрат буданд:

Ёддошт[вироиш]

Нахустин маҳфили фарҳангие роҷеъ ба ҳаёту осори Робиаи Балхӣ дар Тоҷикистон, шоирону нависандагон ва олимону коршиносон ва алоқамандони ӯро аз Афғонистону Эрон ва Тоҷикистон гирди ҳам овард. Ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Робиаи Балхӣ, нахустин бонуи порсигӯй, бо ин суханони пурҷаззоби Гулрухсор Сафиева, шоираи маъруфи тоҷик оғоз гардид:

«Чанд шеъре, ки аз Робиаи Балхӣ мондааст, дар пояи баландтарини шеъри форсӣ эҷод шудааст. Ҳатто рубоие, ки Робиа навиштааст, ба сатҳи рубоии Рӯдакӣ баробар аст. Ман фикр мекунам, ҳамоиши Душанбе ба ифтихору муносибати чанд Робиа, Робиаи мазлум, Робиаи бегуноҳ кушташуда, Робиаи шаҳид, Робиае, ки суханашро ба мо гуфтааст, аммо то ҳол барнагардондаем ва Робиае, ки бояд кашф карда шавад, сурат мегирад».

Муҳаммадбоқири Иштиҳодӣ, намояндаи сафорати Эрон, бар ин назар аст, ки бо вуҷуди он, ки аз Робиаи Балхӣ мероси хеле каме боқӣ мондааст, аммо ҳамнавоӣ бо Абуабдуллои Рӯдакӣ, падари шеъри порсӣ, ба ашъори ӯ ширинӣ ва шур офаридааст ва дар боби эҷодиёти Робиаи Балхӣ чунин гуфт:

«Робиаи Балхӣ дар замони Рӯдакӣ зиста ва ҳамнаво бо ӯ шеър сурудааст ва бо ишқу зебогии худ ширинӣ ва шӯр офаридааст. Ҳамон ки шайх Аттор дар бораи шеъраш мегӯяд: Чунон дар шеър гуфтан хушзабон буд, Ки гӯи аз лабаш тамъе (шаҳде) дар он буд».

Ёдгориҳо[вироиш]

  • Филми «Робиаи Балхӣ» — бо студиаи «Назирфилм» ва муассисаи давлатии филмсозии «Афғонфилм» дар соли 1973 милодӣ тавлид шуда буд
  • Нимпайкари Робиаи Балхӣ дар назди даромадгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон қарор дорад.

Адабиёт[вироиш]

  • E.G. Browne: Literary History of Persia. (Four volumes, 2,256 pages, and twenty-five years in the writing). 1998. ISBN 0-7007-0406-X(англ.)
  • Jan Rypka: History of Iranian Literature. Reidel Publishing Company. 1968 OCLC 460598. ISBN 90-277-0143-1(англ.)

Пайвандҳо[вироиш]


Шоирони Порсигӯй
ДақиқӣРудакиРобиаи БалхӣУнсурӣФирдавсиИбни СиноУмари ХайёмНизомӣ ГанҷавӣСаъдиҲофизи ШерозӣКамоли ХуҷандӣҶалолиддини РумӣАбдураҳмони ҶомӣБедилЗебуннисо