Носир Хусрав

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Носири Хусрав

Носири Хусрав - шоири адабиёти классикии тоҷик. Мутафаккири барчаста ва нависандаву шоири шахири форсу-точик Носири Хусрави Кубодиении Балхй дар мохи зулъкадаи соли 394 хичрй (сентябри 1004 мелодй)дар Кубодиен дар он замон тобеъи Балх буд, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Носири Хисрав соли 1004 дар шахри Қабодиён, ки дар қисми ҷанубии Тоҷикистони имрӯза ҷойгир аст, ба дунё омадааст. Номи пурраи ӯ чунин аст: Абумуиниддин Носири Хисрави Қабодиёнӣ. Аён аст, ки номаш Носир, номи падараш Хисрав, тахаллусаш Абумуиниддин ва Қабодиёни ба номи зодгоҳаш мебошад. Падараш деҳқон буд ва Носир баробари ёд гирифтани кори деҳқони, хату савод хам баровард. Қайд кардан лозим аст, ки дар он замонҳо шахси бадавлату молдорро деҳқон мегуфтанд ва онҳо дар назди дигар табақаҳои ҷомеа обрӯи калон доштанд. Баъд аз ин Носир дар мактаб маълумоти ибтидоиро гирифта, пас аз он таҳсилро дар мадрасаи Балх давом дод. Дар давоми таҳсил махсусан ба омӯзиши илмҳои фалсафа, мантиқ ва табиатшиноси бештар майл зоҳир мекард. Носири Хисрав солҳои 30-уми асри XI ҳамчун шоир ва олими забардаст ном баровард. Муддате дар даргоҳи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ дар корҳои маъмурии молиявӣ хизмат кардааст. Соли 1037 дар Хуросон табаддулоти давлатӣ оғоз ёфт. Носири Хисрав муддате дар девони молиёти Салчуқиён ба хизмат намудааст. Носири Хисрав бар замми хизмати дарбор, бо корҳои деҳқони низ машғул буд. Оҳиста- оҳиста хизмати дарбори ба дилаш зад, чунки дар хизмат тазъику фишор ва аз фосидон бадӣ медид. Дӯсти ҳақиқии беғаразро надошт, касеро ки медид, хушомадгӯю риёкор буда, барои худ баҳрае меҷуст. Носири Хисрав ин гуна дӯстони риёкорро чашми дидан надошт ва аз онҳо худро дур медошт. Ҳамаи ин сабаб шуданд, ки ӯ тарки хизмати дарбор намуда, ба сафар тайёрӣ дид. Мақсади сафар карданаш шинос шудан бо ҳаёт ва зисту зиндагонии мардум, табиати кишварҳо, шаҳрҳо буд ва инчунин ӯ мехост бо мундариҷа ва таълимоти мазҳаби исмоилия дар минтақаҳои гуногун шинос шавад. Исмоилиён як шохаи машҳури шииён дар асрҳои X-XII буданд. Носири Хисрав ба ин мазҳаб аз он сабаб майл дошт, ки онҳо ба ривоҷи илму дониш диққат медоданд ва тарафдори озодфикрӣ буданд. Носири Хисрав молу мулкашро ба бечорагон тақсим карда, соли 1045 бо бародараш Абусаид ба сафар баромад. Ин сафараш 7 сол давом карда, ӯ аз Эрони Ғарби, Ироқ ва Арабистону Миср дидан кард. Дар ин муддат Носири Хисрав ҷараёни исмоилияро бештар омӯхта, худ тарғибгари ин ҷараён шуд. Соли 1052 Носири Хисрав ба Хуросон баргашт. Вай боз кори деҳқониашро ба роҳ монда, акнун пайваста дар байни мардум мазҳаби исмоилияро ташвиқу тарғиб мекард, ки ин қаҳру ғазаби суннипарастонро ба амал овард. Носири Хисрав ба таъқиб дучор шуд ва дар Хуросон зистани ӯ хавфнок гардид. Вай дар чанд чойгоҳ паноҳ бурда ва оқибат ба кӯҳистони дурдасти Бадахшон, дараи Юмгон, дар паноҳи мардуми олиҳиммати Бадахшон боқимондаи умрашро гузаронид. Носири Хисрав дар ғариби ва дур аз ватани аҷдоди худро нороҳат ҳис мекард, мулки Хуросонро ёд мекард, бар замми он дар ин ҷо имконияти шуғли деҳқони ҳам набуд. Носири Хисрав дигар ба Хуросон баргашта натавонист. Вай кариб ҳамаи асарҳояшро дар ҳамин ҷо навишта, онҳоро ба мулкҳои дигар равон кардааст. Соли 1088 Носири Хисрав дар Юмгон аз олам чашм пушид.

Эҷодиёт[вироиш]

Китоби Сафарнома мушохидахои нависандаро аз сафари хафтсола бо насри равону содда инъикос кардааст. Ин асар ахамияти бадеию таърихи дорад, ходисахои он вокеи мебошанд. Нависанда хар он чизеро, ки дар сафар дидааст ва таассуроте, ки хосил кардааст, хамон хел айнан баён намудааст. Масалан, дар сифати шахри Байтулмукаддас (Иерусалим) менависад: «Шахрест бар сари кухе нихода ва об нест, магар аз борон ва дар рустохо об аст, аммо ба шахр нест. Ин шахр бар сари санг ниходааст ва шахри бузург аст, он вакт ки дидам, бист хазор мардум дар вай буданд. Ва бозорхои неку ва бинохои оли дорад ва хама замини шахр бар тахтасангхое фарш андохта ва хар кучо кух будааст ва баланди буридаанд ва хамвор карда чунон ки борон борад , хама замин покиза шуста шавад». Дар Сафарнома Носири Хисрав манзарахои табиати кишвархои гуногун, анъанахои мардум, ободии шахрхоро ба таври муфассал накл кардааст.

Девони ашъори Носири Хисрав аз касидахои мазхаби, фалсафави ва ичтимои, газалхо, рубоихо ва китъахо иборат буда, 11000 байтро ташкил медихад.

Рушноинома маснавиест иборат аз 592 байт ва он дар муддати як хафта эчод шудааст . Дар ин асар масъалахои ахлокию фалсафи инъикос гардидаанд.

Саодатнома аз 300 байт иборат буда, кисман такрор ва кисман давоми «Рушноинома» мебошад . Дар он акидахои панду ахлоки, дар бораи муносибати байни одамон, дар бораи мехнат ва ахли мехнат, авлиё ва хукамо, акл ва имон, дар бораи танхои, тарки дунё ва каноат, мазаммати синфи хоким ва муфтхурон акидахои арзишманд изхор шудаанд .

Дар эҷодиёти Носири Хисрав панду насихатхо бисёр вомехуранд:

Дар мавриди баёни ахамияти панду андарз:
Насихат бишнав ар талх ояд аз ёр,
Ки дар охир ба ширини расад кор.
Дар бораи айби худро дидан ва дигаронро айб накардан:
Макун айби касон , гар метавони,
Ки ту , эй дус , айби худ надони.
Оиди некиро фаромуш накардан:
Касе , к-у бо ту неки кард як бор ,
Хамеша он накуи ёд медор .
Оиди донишомузи:
Сар андар чустани дониш ниходам ,
Накардам рузгори хеш бебар
Намонд аз хеч гун дониш, ки ман з-он
Накардам истифодат бешу камтар.
Андар сифоти касбу хунар:
Бех аз саннои олам дехкон аст,
Ки Вахшу тайрро рохатрасон аст.
Чахонро хуррами аз дехкон аст,
Ки Вахшу тайрро рохатрасон аст.

Ҳакими бузург[вироиш]

Носири Хусрави шоҳи банда навоз,
Искандараму саги туям аз дарвоз
Ҳар кас, ки ба даргоҳи ту ояд ба ниёз.
Навмед зи даргоҳи ту кай гардад боз.

(эчодиёти даҳонии халқ)

Ба пири хизмати модар падар кун
Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун
Мазан таъна бар эшон аз дили сер
Ки то ёби замон гарди ту ҳам пир.
Зи паси Фотимиён рав, ки ба фармони Худо,
Умматонро зи паси чаду падар рахбаранд.
Эй писар дини Мухаммад ба масал чун часадест,
Ки ба ин шухра часад Фотимиён хамчу саранд.

Носири Хусрав

Корхои илми ва маколахо дар бораи Носири Хисрав[вироиш]

Олими шуравии точик Холик Мирзозода дар китоби худ «Таърихи адабиёти точик» эчодиёти Носири Хисравро хаматарафа тахлил намуда, акидаву назарияхо ва чахонбинии бой доштани уро кайд кардааст. Мирзозода оиди эчодиёти Носири Хисрав чунин хулосахо баровардааст :

      • 1. Носири Хисрав аввал подшохпараст бошад хам, баъд ба мавкеи халкии зиддифеодали гузаштааст…
      • 2. Чахонбинии назарияви ва гояхои у хеле мураккаб ва зиддиятнок аст…
      • 3. Бадбахтии чамъиятро аз як тараф, аз нобаробарии иктисоди донад, аз дигар тараф, онро аз таъсири харакати сехрангези сайёрахо – фалак медонад.
      • 4. Чахонбинии шоир асоси зухди мистики ва таркидунёи дорад, вале ба мазхаби исмоилия такя дорад.
      • 5. Дар эчодиёти Носири Хисрав панду хикматхо дар шакли тезис ифода шуда, макоми асосиро ишгол мекунанд.
      • 6. Дар эчодиёти Носири Хисрав насри илми, фалсафи, мазхаби, таърихи ва этнографи макоми баландро сохиб бошанд хам, вале назм дар эчодиёти у мавкеи намоён дорад .


      • 7. Дар масъалаи мазхаби, нафрат ба хоким ва уламои мазхаби суннат пайрави акидаи Кисоии Марвази мебошад.

Руйхати маколахо ва корхои дигар олимон оиди эчодиёти Носири Хисрав[вироиш]

      • Камол Айни: Носири Хисрави Кабодиёни «Сарсухан ба Гулчине аз ашъор», Сталинобод , 1957.
      • А.Е. Бертельс « Носир Хисрав и исмаилизм» , Москва , 1959
      • Г.А. Ашуров «Решение основного вопроса философии Носири Хисравом», Известия АН Тадж. ССР , №1, Отделение общественных наук, Душанбе, 1963
      • Г. А. Ашуров «Об отношении Носири Хисрав к Абубакру-ар-Рози», Известия АН Тадж. ССР , №2 , Душанбе ,1963.
      • Додихудоев Х. «Очерки философии исмаилизма», Издательство «Дониш», 1976.
      • К. Маркс , Ф. Энгельс , Сочинения , том 7, стр. 357