Jump to content

Заҳҳок

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ажи Даҳака)
Заҳҳок
форсӣ: ضَحّاک
Нигора
Падар Мардос[d]
Ҳамсар Арнавоз ва Шаҳрноз
Пеша фармонраво
Иваз шуд ба Фаридун
Ба ҷои Ҷамшед
Ишорашуда дар китоби Шоҳнома
Душман Фаридун
 Парвандаҳо дар Викианбор

Заҳҳок (форсӣ: ضحاک‎), ё Аждаҳок (аз авестоӣ: Ажи-Даҳока ё Даҳок) — аз подшоҳони афсонаии Эрон.

Номи вай дар Авесто ба сурати Ажидаҳок омадааст ва маънои он «мори аҳриманӣ» аст. Дар Шоҳнома писари Мардос аз табори аъроб ва фармонравои дашти Найзаварон аст. Ӯ пас аз куштани падараш бар тахт менишинад. Эрониён, ки аз ситамҳои Ҷамшед, подшоҳ Эрон, ба сутӯҳ омадаанд, ба назди Заҳҳок мераванд ва ӯро ба шоҳӣ бармегузинанд. Аҳриман, ошпази Заҳҳок, ду бӯса бар дӯши Заҳҳок медиҳад ва ду мор аз ҷой бӯсаҳо берун меҷаҳад. Пас аз ин воқеъа Аҳриман нусхае таҷвиз мекунад, ки бояд ҳар рӯз мағзи ду ҷавонро хӯроки морҳо созад то газанди ба ӯ нарасад.