Jump to content

Гургин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гургин
Ишорашуда дар китоби Шоҳнома

Гургин (форсӣ: گرگین‎), Гургини Милод — аз шахсиятҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, паҳлавони лашкари Кайковус ва Кайхусрав.

Ҳамроҳи Кайковус дар Ҳомоварон буд. Дар давраи Кайхусрав ҳангоми баршумурдани лашкар Гургин дар сарварии сад нафар аз дудмони Милод қарор дошт. Дар замони Кайхусрав Гургин довталаби ба Афросиёб бурдани номаи Кайхусрав буд. Дар ҷанг бо Фуруд бо лашкари Тӯс рафт. Яке аз лаҳзаҳои муҳимми ҳаёти Гургин, ки дар «Шоҳнома» тасвир шудааст, чун роҳбалади Бежан барои нест кардани гурозон рафтани Гургин мебошад. Гургин ба Бежан барои куштани гурозон ёрӣ накард, дар бозгашт Бежанро вогузошт ва ӯ аввал ба дасти Манижа — духтари Афросиёб ва баъдан ба банди Афросиёб афтод. Гургин ба назди Кайхусрав баргашта, ҳақиқати ҳолро оид ба Бежан нагуфт. Вақте ки Кайхусрав аз хиёнати Гургин огоҳ шуд, ӯро ба зиндон фиристод. Гургин аз зиндони Кайхусрав ва ғазаби Бежан бо исрору пофишории Рустам бахшида шуд ва аз қатл раҳо ёфт. Дар ҷанге Гургин паҳлавони туронӣ Андаремонро мағлуб кард. Аз тақдири Гургин пас аз Кайхусрав иттилое нест. Баҳроми Чӯбина ба ифтихор аз авлоди Гургин буданашро ёд мекард.

Дар осори таърихӣ Гургин ва авлодаш — Милод аз шоҳони сулолаи Ашкониён аст. Милод — Меҳрдод — Митридат ба Гударзиён рақиб буд ва ҳамин рақобат дар ҳамосаи миллӣ дар рақобати Гургин ва Бежан инъикос ёфтааст.