Фарангис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Фарангис ва Кайхусрав дар ҳоли убур аз рӯди маъруфи марзи Эрон ва Турон

Фарангис (форсӣ: فریگیس‎), ё Фригис (форсӣ: فریگیس‎‎) — яке аз шахсиятҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, духтари Афросиёб, завҷаи Сиёвуш.

У мувофиқи ривояти Фирдавсӣ, зани фидокору ҷасур аст. Ҳангоми азми куштани Сиёвуш кардани падараш барои раҳонидани шавҳараш аз марг кӯшиши зиёд намуд. Вале Афросиёб Сиёвушро ба қатл расонид ва амр дод Фарангисро то афтодани тифли дар шикамаш буда бизананд. Пирони Виса ӯро аз марг наҷот дод. Бар ивази ин некӣ Фарангис ҳам Пиронро аз марг раҳонид. Фарангис Кайхусравро ба дунё овард ва пас аз чанд сол ҳамроҳи паҳлавони эронӣ — Гев, ки бо талаби Кайхусрав омада буд, ба Эрон рафт. Фарангис то охири умр ба Сиёвуш содиқ буд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.