Тӯс писари Нӯзар
Зоҳир
Тӯс писари Нӯзар (форсӣ: توس پسر نوذر) — яке аз паҳлавонони бузурги Шоҳнома ва сипаҳдори сипоҳи Эрон.
Номаш дар «Ардвисура-яшт»-и Авесто Туса омадааст. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Тӯс писари Нӯзар аст. Пас аз марги падараш вай мебоист ба тахт менишаст, вале барои шоҳи золим будани падараш паҳлавонони Эрон ба тахти шоҳӣ Кайқубодро нишонданд. Тӯс дар аoди чандин шоҳ сарлашкари эрониён буд. Паҳлавони туронӣ Аржанг ба дасти ӯ кушта шуд, ҳамватани ӯ Ҳумон ба набарди Тӯс тоб наоварда, роҳи гурезро пеш гарифт ва ғайра. Баробари паҳлавони номдор буданаш Тӯс якраву тундмизоҷ ва кӯтоҳандеш низ тасвир шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тӯс / М. Диловаров // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.