Гаршосп (паҳлавон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гаршосп
Нигора
Падар Trita[d]
Фарзандон Наримон
Пеша аждаҳокуш
Ишорашуда дар китоби Шоҳнома ва Гаршоспнома
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гаршосп (форсӣ: گرشاسپ‎) — паҳлавони устураӣ дар «Шоҳнома», яке аз паҳлавонон ва сарони сипоҳи шоҳ Манучеҳр дар ҷанг бо Салму Туру Афросиёб ва хазинадори Манучеҳр.

Нажодаш ба Ҷамшед мерасад. Дар Авесто, «Бундаҳишн» ва осори адабии садаҳои нахусти ислом ёд шудааст. Чунончи, дар Авесто Гаршосп писари Асрат, аз хонадони Сом ва кушандаи аждаҳои заҳрдор аст. Ба гуфтаи Берунӣ дар «Осору-л-боқия» ва таҳқиқоти ховаршиносон Гаршоспу Сому Наримон ҳар се як тананд ва дар ривоятҳои форсӣ аз Гаршосп, ки номи ин паҳлавон аст ва Сом, ки аз хонадони ӯст ва Наримон ба маънои далеру паҳлавон, ки сифати ӯст, се ному се паҳлавон сохтаанд. Бинобар маъхазҳо, дар «Шоҳнома»-и мансури Абулмуайяди Балхӣ, ки ҷузъе он «Китоби Гаршосп» аст, симои Гаршосп ба таври барҷаста таҷассум ёфтааст, аммо ин асар то замони мо нарасидааст. Асадии Тӯсӣ, ки «Гаршоспнома»-ро дар шарҳи паҳлавониҳои ӯ сурудааст, Гаршоспро бо бародараш Гавранг аз писарони Асрат писари Сом писари Гувург писари Шедасп писари Тур писари Ҷамшед, яъне аз дудмони шоҳону паҳлавонон мехонад. Ӯ ниёи Наримон, Сом, Зол, Рустам ва Суҳроб аст. Ба тасвири Асадӣ, Гаршосп аз овони зода шудан чобук асту ҷуссаи бузургу чеҳраи зебо дорад, ҳунарҳои размро меомӯзад ва бо шеру паланг набард менамояд. Дар 14-солагӣ ба камол расида, сипаҳсолори дарбори Заҳҳок мегардад. Дар кору симати хеш содиқ аст, гарчи худраъйиву золимии Заҳҳокро дарк кунад ҳам, андешаи сарнагунии вайро надорад, зеро бимаш аз он аст, ки пас аз Заҳҳок шояд шоҳе золимтар аз ӯ ояд. Ва чун Фаридун ба тахт менишинад, дар баробари вай бо ҳамон садоқат камари хидмат мебандад. Иродати лутфу караму инсоннавозӣ дорад, ҳатто агар душман аз ӯ амон хоҳад, гузаштро раво медорад. Диловар асту бо душманони сарзаминаш беамон ва мудом дар набардҳо пирӯз. Ба зиндагиву мардуми атрофаш дилгарму меҳрубон аст ва чун ба духтари қайсари Рум ошиқ мешавад, ҳама шартҳои қайсарро ба ҷо оварда, комёб мегардад. Рӯҳияи накукорию ободгарӣ дорад, аз ҷумла Сиистонро сохта, Ганҷаро дубора барқарор мекунад ва ҳеч гоҳ ба харобкории лашкари худ роҳ намедиҳад. Гаршосп баробари ин муҳассанот, он гуна, ки дар «Гаршоспнома» тасвир шудааст, пайваста дар омӯзишу андешаи нек аст, ҳатто бо ин ният сафарҳо мекунад ва аз бараҳманҳову ҳакимони Ҳинду Рум аз боби фалсафаи оламу Одам ва дигар масоили рӯзгор суол мекунаду посухҳо мегирад (Бигӯед, то дониш афзоядам, – Магар дил ба чизе биороядам). Гаршосп бародарзодааш Наримонро тарбият карда, ҷонишини худ мегардонад ва дар 733-солагӣ аз ҷаҳон дармегузарад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]