Jump to content

Луҳросп

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Луҳросп
Фарзандон Гуштосп ва Зарир
Ишорашуда дар китоби Шоҳнома
 Парвандаҳо дар Викианбор

Луҳросп (форсӣ: لهراسپ‎) — подшоҳи Эрон аз силсилаи Каёниён, ҷонишини Кайхусрав ва падари Гуштосп.

Кайхусрав пеш аз марг, ӯро ба подшоҳии Эрон баргузид. Тафвизи тоҷутахт ба Луҳросп бо эътирози паҳлавонон ва бузургон бавежа Зол рӯбарӯ шуд, вале билохира бо далоиле, ки Кайхусрав овард бар ин интихоб гардан ниҳоданд. Ба истиноди бархе гузоришҳои Шоҳнома, дар асл Балх пойтахти Эрон дар замони подшоҳи Луҳросп аст.

Мувофиқи ривояти Фирдавсӣ Луҳросп пас аз Кайхусрав ба тахт нишаста, 210 сол ҳукмронӣ кардааст. Подшоҳи одил буда, вазъи мамлакатро орому муътадил нигоҳ доштааст. Оташкадае бо номи Барзия бино кардааст. Ду писар дошт: Гуштосп ва Зарир. Пас аз супурдани тахти шоҳӣ ба Гуштосп дар яке аз оташкадаҳои Балх гӯшанишинӣ ихтиёр кард.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Лӯҳросп / М. Диловаров // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).