Jump to content

Пашутан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Пашутан
Падар Гуштосп

Пашутан, Пешутан (ба авестоӣ: Pəšōtanū, талаффуз ба форсии миёна: Peshyotan ё Peshotan) — донишманд ва ҳомии кеши зардуштӣ, писари бузурги Гуштосб ва бародари Исфандиёр. Дар ривояте ойинӣ дар мавриди Пашутан гуфта шудааст, ки вай бо хӯрдани ширу нони дарун аз дасти Зартушт, ҷовидон мешавад. Пашутан дар ривоёт ойинӣ аз ҷовдононест, ки бар Гангдиж фармон меронад ва дар охирин даҳаи ҳазораи охир, ҳамроҳ бо яксаду панҷоҳ ҳазор тан аз ёронаш ва бо даҳ ҳазор дирафш, ба фармондеҳии Хуршедчеҳр, ки фарзанди Зартушт аст, ба ёрии Сушёнат бармехезад.

  • جان راسل هینز، شناخت اساطیر ایران، ترجمه: باجلان فرخی، چاپ دوم، انتشارات اساطیر، ۱۳۸۵، صفحه:۱۲۷