Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зангаи Шоварон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зангаи Шоварон
Ишорашуда дар китоби Шоҳнома

Занга, Зангаи Шоварон — яке аз паҳлавонони номдори эронии замони Кайковус ва Кайхусрав, писари Шовар ё Шопур.

Дар Шоҳнома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фирдавсӣ дар Шоҳнома борҳо аз ӯ ёд кардааст:

Чу Гударз бо Зангаи Шоварон,
Чу Руҳҳому Гургин ‒ ҷанговарон...

Ин паҳлавон аз Хузистон буд, ки дар он мавзеъ дарёе ҷорӣ буд бо номи Шоварон. Имрӯз дар ин мавзеъ шаҳре вуҷуд дорад ба номи Чағозанбил. Номи Занга аз номи ҳамин шаҳр — Занбил гирифта шуда, дар «Шоҳнома» ба Занга табдил ёфтааст. Ҳамроҳи Занга дар лашкарҳои Кайковусу Кайхусрав паҳлавононе аз Бағдоду Карх иштирок мекарданд. Аз ин ҷо бармеояд, ки дар он замон шаҳрҳои номбурда тобеи Хузистон будаанд:

Зи Бағдод гурдону ҷанговарон,
Ки буданд бо Зангаи Шоварон,
Гузида сипоҳе зи гурдони Карх,
Бифармуд то бо камонҳои чарх...

Дар замони Кайковус Зангаи Шоварон ҳамроҳи чанде аз паҳлавонони эронӣ — Геву Гударзу Тӯсу Гургин аз ҷониби шоҳи Ҳомоварон асир гирифта шуд. Сипоҳиёни шоҳи Ҳомоварон Кайковус ва паҳлавононро

Гирифтанду бастанд дар банд сахт,
Нагунсор гашта ҳама фарру тахт.

Зангаи Шоварон дар ҷанги Дувоздаҳрух паҳлавони туронӣ Ахвостро мекушад:

Бад-он гаҳ, ки Занга бад-ӯ даст ёфт,
Заминро бидаррида андар-шитофт.
Яке найза зад бар камаргоҳи ӯй,
Зи аспаш нагун карду барзад бар ӯй.