Арш
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои: |
Шахсиятҳо
|
Идҳо ва маворид
|
Арш (ар. العرش — сарир ва тахти шоҳӣ, авранг, гоҳ, нишемане поядор) — дар фарҳанги исломӣ тахти Парвардгори Раббулиззат, ки баёни чигунагӣ ва ҳадди он дар шаръ ҷоиз нест.
Маънӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар забони арабӣ аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ маъниҳои бисёр дорад ва дар Қуръон ҳам (7: 54; 9: 129; 12: 100 ва ғ. ва шакли ҷамъи он 18: 42; 22: 45 ва ғ.) ба маъниҳои мухталиф ба кор бурда шудааст[1].
Аз ҷумла Арши Худо таъриф карда нашавад ва кайфияти он ва баёни ҳади он дар шаръ ҷоиз нест. Дар ин равия роҷеъ ба маъниҳои Арш ва таносуби он бо «Курсӣ», ки низ дар Қуръон зикр шудааст, тафсиру андешаҳои гуногун баён ёфтаанд. Ҳамчунин Арш осмоне аст, ки болои ҳамаи осмонҳо бошад ва ин осмонро дар истилоҳи илми нуҷум фалакулафлок ва дар истилоҳи шаръ Арш мегӯянд[1].
Арш дар Қуръон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар чанд ояте аз Қуръон аз вуҷуди Арш ва истивои Худо бар он хабар дода шудааст. Худованд худ соҳиби арши бузург аст[2]. Арши Парвардгор пеш аз офариниши осмонҳо ва замин бар рӯи об буда[3] ва пас аз халқи онҳо (Худованди) Раҳмон бар он истиво ёфтааст: «Парвардигори шумо Аллоҳ аст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз биофарид, он гоҳ бар Арш истиво ёфт»[4], рӯзи қиёмат онро ҳашт фаришта (ва ё ҳашт гурӯҳе аз фариштагон) болои сари малоик мебардоранд[5], фариштагон ба даври Арш печидаанд[6] ва ҳама — ҳам он фариштагоне, ки Арш мебардоранд ва ҳам онҳое, ки ба даври он печидаанд, ба ҳамду тасбеҳи Худо машғуланд ва барои муъминон истиғфор мекунанд[7]
Арши Парвардгор дар боло ва ё бар рӯи ҷаннатулфирдавс воқеъ буда[8] ва бино бар ривояте осмонҳои ҳафтгона ва замин дар баробари Қурсии Худо ба монанди ҳалқаи партофтае дар (кунҷи) биёбоне ва фазли Арш бар Курсӣ ба монанди фазли биёбон бар он ҳалқа аст[9]. Аз назари аҳли Суннат Аршу Курсӣ ва об, ки онро Худо беҳтар донад, аввалин халқе ҳастанд, ки Худо офарида.
Ҷумҳури салаф
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷумҳури салаф — пешиниёни уммат ва онҳое аз пасиниён, ки таъвилро дар боби сифоти Худо ҷоиз надонистаанд ва нусусро бар зоҳири онҳо ҳамл кардаанд, ба монанди имом Бухорӣ (Саҳеҳ, китоби Тавҳид, таълиқи ҳадиси 7418, Исҳоқ ибни Роҳвайҳӣ (Лолкоӣ, Шарҳу усули эътиқоди аҳли-с-суннати валҷамоат, 3/397, Табарӣ ва дигарон, истиво бар Аршро дар ин оятҳо ба маънои баромадан ва рост шудан дониста, он гуна ки сазовори ҷалоли шаъни Ӯ таъолост ва фурӯ рафтан дар баёни чигунагии онро шаръан ноҷоиз гуфтаанд. Табарӣ Аршро ба маънои сарир — тахт донистааст ва бо санади хеш аз Суддӣ дар тафсири ояти 75-уми сураи Зумар: «Ва эй Муҳаммад, фариштагонро дар атрофи Арш печида бинӣ!» оварда, ки Арш ба маънои сарир аст[10] ва дар тафсири ибораи: «Зуларш — соҳиби Арш» дар ояти 15-уми сури Ғофир низ онро ба маънои сарири муҳит бар модуни худ гуфтааст (Тафсири Табарӣ. — Ҷ. 20. — С. 294). Ибни Касир дар Бидоя ва ниҳоя ва Ибни Абулиззи Ҳанафӣ дар шарҳи Ақидаи Таҳовӣ бо истинод ба ҳадиси баъдӣ овардаанд: Арш тахти поядоре аст, ки онро фариштагон мебардоранд ва чун гунбазе бар олам ва сақфи махлуқот аст[11][12].
Ин маъно дар бораи Арш дар омӯзаҳои Суннат низ таъйид шудааст, ки дигар ҷое барои таъвили он ба мулки ҳастӣ, фалакулафлок ва ғайра боқӣ намегузорад. Расули Худо (с) дар ҳадисе мефармояд: «…Ва дар Сур бори дигар дамида шавад ва ман аввалин касе бошам, ки ба худ меояд — барангехта мешавад ва Мусоро даст бар пояи Арш ниҳода ёбам. Намедонам, ки пеш аз ман ба худ омадааст ва ё дар ивази бехудии кӯҳи Тур подош дода шудааст!» (Саҳеҳи Бухорӣ, 2411, 3408, 6517 ва ғайра; Саҳеҳи Муслим, 6103 (2373)-160). Расули акрам (с) дар дуои «карб — рафъи андӯҳ» парвардгории Худовандро нисбат ба се чиз: осмонҳо, замин ва А. зикр намуда, ки он низ бо сароҳат ғайр аз мулки ҳастӣ — осмонҳо ва замин будани А.-ро ифода мекунад, он ҷо ки мефармояд: «Ло илоҳа иллаллоҳу-л-азиму-л-ҳалим, ло илоҳа иллаллоҳу Раббу-л-Арши-л-азим, ло илоҳа иллаллоҳу Раббу-с-самовоти ва Раббу-л-арзи ва Раббу-л-Арши-л-карим»[13][14].
Арш дар нусуси шаръӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз нусуси шаръ бармеояд, ки Худо пеш аз ҳама Аршу Курсӣ, пас аз он Лавҳу Қалам ва дар ниҳоят осмонҳо ва заминро офаридааст, офариниши Лавҳу Қалам панҷоҳ ҳазор сол пеш аз халқи осмонҳо ва замин сурат гирифта ва Қалам бо амри Худо мақодири халоиқро — ҳарчи то рӯзи қиёмат ба ҳастӣ ояд, дар он Лавҳ навиштааст ва қаламҳо дигар бардошта шуда ва саҳифаҳо хушк гардидаанд. Он гоҳ Худованд осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз ба вуҷуд оварда ва ҳаводиси рӯзи қиёмат — фурӯ рехтани назми ҳастӣ дар он рӯз танҳо ҳамин осмонҳо ва замин ва офаридаҳои он шаш рӯзаро дар бар мегирад ва Аршу Курсӣ ва Лавҳу Қалам машмули он намебошанд. «Вақте дар Сур як бор дамида шавад ва замину кӯҳҳо бардошта ва як дакка дода шаванд, пас дар он рӯз воқеа (-и даҳшатнок) ба вуқуъ ояд ва осмон пора ва шикофта гардад, ки вай он рӯз суст бошад ва фариштагон бар канораҳои он (истода) ва Арши Парвардгоратро он рӯз болои онҳо ҳашт фаришта (ва ё ҳашт гурӯҳ ва саффе аз фариштагон) бармедоранд»[15].
Ба ақидаи ҷамъе аз мутакаллимони исломӣ маъно кардани алфози Қуръон ба зоҳири нас ва далолати луғавии онҳо мӯҷиби ташбеҳи Худованд ба аҷсом мешавад ва барои танзеҳи Худо аз чунин ташбеҳе Аршу Курсиро ба маънои қудрату азамат, арши мулки ҳастӣ ва подшоҳии Ӯ таъоло бар мавҷудот таъвил кардаанд, чуноне ба хонаи Каъба байтуллоҳ ва ё хонаи Худо гуфта мешавад, дар сурате ки он ҳаргиз ба маънои нишеман ва ё ҷои зиндагӣ ва буду боши Худо нест.
Баъзе аз муфассирон, ки аз фалсафаи навафлотунӣ мутаассир гардида, мақсуд аз Аршро фалакулафлок донистаанд, ки ба ақидаи онҳо Худо умур ва ҳаводиси оламро бо истиво — тасаллут бар А. — фалакулафлок идора мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Арш / М. Умаров // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- ↑ Тавба, 9: 129
- ↑ Ҳуд, 11: 7
- ↑ Аъроф, 7: 54
- ↑ Ҳоққа, 69: 17
- ↑ Зумар, 39: 75
- ↑ Ғофир, 40: 7
- ↑ Саҳеҳи Бухорӣ, 2790|7423
- ↑ Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 362 ҳадис бо шавоҳидаш саҳеҳ аст
- ↑ Тафсири Табарӣ, Ҷ. 20 — с. 271. Қоҳира, 2001
- ↑ Бидоя ва ниҳоя, 1/12
- ↑ Шарҳи Ақидаи Таҳовӣ, С. 268
- ↑ Саҳеҳи Бухорӣ, 6345|6346
- ↑ Саҳеҳи Муслим, 6858|6859 (2730)-83
- ↑ Ҳоққа, 69:13|17
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- А. Боқизода, Тафсири навини Қуръони карим. — Душанбе, 2011
- المصباح المنير في تهذيب تفسير ابن كثير، إعداد جماعة من العلماء بإشراف الشيخ صفي الرحمن المباركفوري. الرياض، 2002
- صحيح البخاري. بيروت، 2007؛ صحیح مسلم. بیروت، 2005
- سنن الترمذي. بيروت، 2004
- مسند الإمام أحمد. القاهرة، 1995
- دائرة المعارف فارسی. — تهران، 1387 ش
- فرهنگ جامع فارسی آنندراج. تهران، 1363 ش