Jump to content

Сураи Аш Шӯро

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аш Шӯро)
Сура —
Маънои ном Шӯро
Гурӯҳбандӣ Маккӣ
Омор
Рақами сура 42
Шумораи оятҳо 53
Ҷузъ 25
Шумораи рукӯъ 5
Сураи гузашта Сураи Фуссилат
Сураи раванд Сураи Аз Зухруф
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

                                   

Аш Шӯро (араб. الشورىШӯро) — чилу дувум сураи Қуръон. Сура дар Макка нозил шудааст ва иборат аз 53 оят аст.

« Ҳо, мим. Айн, син, қоф. Худованди ғолибу ҳаким ба ту ва касоне, ки пеш аз ту буданд, инчунин ваҳй мефиристад: аз они Ӯст, ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст. Ва Ӯст он баландмартабаи бузургвор! Наздик аст, ки осмонҳо ба болои якдигар дар ҳам шикананд ва фариштагон ба ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ мегӯянд ва барои сокинони замин бахшоиш металабанд. Огоҳ бошед, ки Худо бахшояндаву меҳрубон аст! Худо муроқиби (нозири) аъмоли касонест, ки ғайри Ӯро ба дӯстӣ гирифтанд. Ва ту вакили онҳо нестӣ. Ва низ ин Қуръонро ба забони арабӣ бар ту ваҳй кардем то уммулқуро ва сокинони атрофашро бим диҳй. Ҳамчунин ононро аз рӯзи қиёмат, ки дар он шакке нест, битарсонӣ, ки гурӯҳе дар биҳиштанд ва гурӯҳе дар оташи сӯзон.
»
Сураи қаблӣ: Сураи Фуссилат Сура 42Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Аз Зухруф