Сураи Аз Зилзол
| Сура — | |
|---|---|
| Маънои ном | Заминларзӣ |
| Номҳои дигар | Зилзила |
| Гурӯҳбандӣ | Маданӣ |
| Омор | |
| Рақами сура | 99 |
| Шумораи оятҳо | 8 |
| Ҷузъ | 30 |
| Шумораи рукӯъ | 1 |
| Сураи гузашта | Сураи Ал Баййина |
| Сураи раванд | Сураи Ал Одиёт |
| Тарҷумаҳо |
QuranAcademy.org Koran.IslamNews.ru |
|
|
|
Сураи Аз Зилзол (араб. سورة الزلزلة — Заминларзӣ) — наваду нуҳум сураи Қуръон. Сура дар Мадина нозил шудааст ва иборат аз 8 оят аст. Зилзол» ар. ( زلزلة/ زِلزَال – заминларза, заминҷунбӣ, ҷунбиш), залзала, сураи 99-уми Қуръон дар тартиби навишти мусҳаф ва 93-юми он дар нузул. Зилзолро аксари муфассирон мадинӣ ва баъзе аз онҳо маккӣ гуфтаанд. Он 8 оят дорад; номаш аз маънои ояти якум баргирифта шуда, бо номи «Изо зулзилат» низ маъруф аст. Зилзол яке аз сураҳоест, ки дар онҳо аз ҳаводис ва ҷараёни вуқӯи қиёмат хабар дода шудааст. Ҳодисаи муҳимме, ки дар Зилзол аз он сухан меравад, ба шиддат такон хӯрдан ва ҷунбонда шудани Замин аст. Бар асари он тамоми сангиниҳои даруни Замин ба берун партофта мешаванд, мардум ба сурати гурӯҳҳои пароканда ва ҳайратзада аз он берун меоянд ва барои расидагӣ ба аъмолашон ба сӯи ҳашргоҳ роҳ пеш мегиранд. Ин ҳаводис оғози таҳаввулоту рӯйдодҳоест, ки дар ҷараёни барпошавии қиёмат ба вуқӯъ меоянд. Дар охир итминон дода шудааст: ҳар кас натиҷаи амали худ ё худи ҳамон амалро – хуб бошад ё бад, мебинад, агарчи он ба андозаи зарра хурд бошад.
Мундариҷа
[вироиш | вироиши манбаъ]Тафсир
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сураи Аз Зилзол — мақола аз донишномаи Исломӣ Islamist.ru.
| Сураи қаблӣ: Ал Баййина | Сура 99 — Матни арабӣ | Сураи баъдӣ: Ал Одиёт |
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Зилзол» / Н.Саломов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
| Ин мақолаи хурд дар бораи Қуръон аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |