Jump to content

Сураи Иброҳим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сура —
Маънои ном Иброҳим
Гурӯҳбандӣ Маккӣ
Тартиби нозил 72
Омор
Рақами сура 14
Шумораи оятҳо 52
Ҷузъ 13
Ҳизб 26
Шумораи рукӯъ 7
Шумораи калима 831
Шумораи ҳарф 3434
Сураи гузашта Сураи Ар Раъд
Сураи раванд Сураи Ал Ҳиҷр
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

                                   

Иброҳим (араб. إبراهيمИброҳим) — чаҳордаҳумин сураи Қуръон.Сура дар Макка нозил шудааст ва иборат аз 52 оят аст.

« Алиф, лом, ро. Китобест, ки бар ту нозил кардем, то мардумро ба фармони Парвардигорашон аз торикӣ ба рӯшноӣ бибарӣ ва ба роҳи Худои пирӯзманди сутуданӣ (ҳамаи забонҳо шукри Ӯкунанд) роҳ намоӣ. Худое, ки ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст, аз они Ӯст! Пас вой бар кофирон аз азобе сахт. Онҳое, ки зиндагии дунёро аз охират дӯсттар доранд ва дигаронро аз роҳи Худо бозмедоранд ва онро мунҳариф (каҷрав нишон доданашро) мехоҳанд, сахт дар гумроҳӣ ҳастанд. Ҳар паёмбареро фақат ба забони мардумаш фиристодем, то битавонад паёми Худоро барояшон баён кунад. Пас Худо ҳар киро бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯст пирӯзманду ҳаким!


»

Сураи Иброҳим аз 52 оят иборат буда, ба истиснои оятҳои 28 ва 29, дигар оятҳои он қабл аз ҳиҷрат, дар Макка нозил шудаанд. Шумораи оятҳои сураи Иброҳим назди қориёни Басра 51, назди куфиён 52, назди шомиён 55 ва назди дигарон 50 оят аст. Сураи Иброҳим, тибқи қавли роҷеҳ (авло), аз 831 калима ва 3434 ҳарф иборат аст. Чун дар он аз маъмурияти Иброҳим (а) ва бинои хонаи Каъба ба василаи ӯ сухан ба миён омадааст, чунин номгузорӣ шудааст. Сураи Иброҳим дорои ҳафт рукӯъ мебошад. Мавзӯъҳои Сураи Иброҳим мушобаҳат ва ҳамгунии зиёде бо матлабҳои сураи «Ҳиҷр» доранд. Сураи Иброҳим бо баёни авсофи Қуръон оғоз шуда, дар он дар бораи Иброҳим, дуо ва ниёишҳои ӯ дар Макка, таърихи анбиё (Нӯҳ, Мусо) ва қавмҳои пешин (Од, Самуд) ва дигар достонҳои ибратбахш сухан меравад. Дар Сураи Иброҳим дар бораи ваҳй, рисолат, тавҳид, қиёмат ва ҳисобу китоби он рӯз низ хабар дода шудааст.

Сураи қаблӣ: Ар Раъд Сура 14Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Ал Ҳиҷр