Сураи Ғофир
| Сура — | |
|---|---|
| Маънои ном | Бахшоянда |
| Номҳои дигар | Сураи Ал Муъмин (имондор) — سورة المؤمن |
| Гурӯҳбандӣ | Маккӣ |
| Омор | |
| Рақами сура | 40 |
| Шумораи оятҳо | 85 |
| Ҷузъ | 24 |
| Шумораи рукӯъ | 9 |
| Сураи гузашта | Сураи Аз Зумар |
| Сураи раванд | Сураи Фуссилат |
| Тарҷумаҳо |
QuranAcademy.org Koran.IslamNews.ru |
|
|
|
Ғофир (араб. غافر — Бахшоянда) — чилум сураи Қуръон. Сура дар Макка нозил шудааст ва иборат аз 85 оят аст.
Мундариҷа
[вироиш | вироиши манбаъ]Тафсир
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба тартиби нузул сураи 78 буда, номи Ғофир аз ояти дуюми сура гирифта шудааст. Ин сура бо истинод ба вожаи «муъмин» дар оятҳои 28-уми он бо номи «ал-Муъмин» низ ёд мешавад. Ғофир яке аз сураҳои ҳафтгонаест (40–46), ки бо ҳарфҳои муқаттааи «Ҳо. Мим» оғоз меёбанд.
Ғофир мавзӯъҳои гуногунро дар бар гирифтааст, аз ҷумла: баёни ягонагӣ, тавоноӣ, бахшояндагӣ ва меҳрубонии Худо, камоли қудрати офаридгории Ӯ, дурӯғ донистани оятҳо (китобҳо, нишонаҳо)-и Худо аз тарафи кофирон аз замони Нуҳ (а) то аҳди паёмбар (с), ҳамду сано гуфтани фариштагон Худоро ва дуову ниёиши онҳо барои мардум, пурсишҳое, ки рӯзи растохез ба кофирон муваҷҷаҳ хоҳанд шуд, даъвати муосирон ба шинохту парастиши Худои ягона, адли илоҳӣ дар рӯзи растохез ва баёни ҳоли муосирон, бахусус кофирон, панд додани онҳо бо рӯзи қиёмат ва бо баёни ҳоли қавмҳои гузашта, фиристода шудани Мусо (а) ба сӯйи Фиръавн ва ҷавобу саркашии Фиръавн, зикри паёмбарон ва қавмҳои пешин (Юсуф (а), Од, Самуд) ҳамчун ибрат, баёни аҳволи дӯзахиён ва нолаву фарёди онҳо ба якдигар ва нигоҳбонони дӯзах, хитоб ба паёмбар (с) ва ҳамаи мардум ва даъвати онҳо ба сабр ва бовар ба он ки Худо паёмбарону имоновардагонро нусрат ва ситамгоронро лаънат мекунад; далелу нишонаҳои Худо барои камоли қудрати офарандагии Ӯ, ишора ба қудрати зинда кардан ва миронидан ва тамоми ҳастиро бо як амри «бишав» офаридани Ӯ.
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғофир / М. Умаров // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — С. 115. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.