Анкабут (сура)
Сура — | |
---|---|
Маънои ном | Тортанак |
Гурӯҳбандӣ | Маккӣ |
Омор | |
Рақами сура | 29 |
Шумораи оятҳо | 69 |
Ҷузъ | 20 |
Ҳизб | 40—41 |
Шумораи рукӯъ | 7 |
Ҳарфҳои муқаттаа | Алиф. Лом. Мим. |
Сураи гузашта | Сураи Ал Қасас |
Сураи раванд | Сураи Рум |
Тарҷумаҳо |
QuranAcademy.org Koran.IslamNews.ru |
|
|
Анкабут (араб. العنكبوت — Тортанак) — бисту нуҳум сураи Қуръон. Сура дар Макка нозил шуда, аз 69 оят ва 7 рукӯъ иборат мебошад. Ба тартиби нузул сураи 81 аст. Номи Анкабут аз ояти 41 гирифта шудааст. Дар оғоз ҳуруфи муқаттааи Алиф, Лом, Мим дорад.
Мундариҷа
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ибтидои Анкабут сухан дар бораи корҳои хубу бад меравад, ки инсон ихтиёран даст ба онҳо мезанад ва барои онҳо масъул аст. Сипас, боз қиссаи баъзе пайғамбарон (а) оварда шудааст: Нӯҳ (а), Тӯфон, Иброҳим (а), пайғамбарии ӯ, ӯро аз оташ раҳонидани Худо, ҳиҷрати Лут (а) бо Иброҳим (а), қавми Лут (а) ва аъмоли зишти онҳо, омадани фариштагон барои ҷазо додани қавми Лут (а), Шуайб (а) ва қавми ӯ, ҷазо додан ба қавми ӯ, зикри қавмҳои Оду Самуд ва ҷазои онҳо, Қорун, Фиръавн ва Ҳомон. Баъди ин зикр шудааст, ки ҳар кадоме аз ин қавмҳову шахсиятҳо ба яке аз ҷазоҳо гирифтор шуданд: боди сангбор, овози сахт, ба замин фурӯ рафтан, ғарқ шудан. Дар охир дар бораи Қуръон, мушрикону аҳли Китоб ва муносибати онҳо ба Қуръон, ҳиҷрат дар замини Худо, муъминон, қудрату тавоноии Худо, аз осмону замин ризқ додани ӯ, ҷойи боамн гардидани Макка, ҷиҳод ва ғайра оятҳо дарҷ гардидаанд.
Тафсир
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Анкабут / М. Умаров // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Анкабут (сура) — мақола аз донишномаи Исломӣ Islamist.ru.
Сураи қаблӣ: Ал Қасас | Сура 29 — Матни арабӣ | Сураи баъдӣ: Ар Рум |
Ин мақолаи хурд дар бораи Қуръон аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |