Воқиъа
Сура — | |
---|---|
Маънои ном | рӯйдоди қиёмат |
Гурӯҳбандӣ | Маккӣ |
Омор | |
Рақами сура | 56 |
Шумораи оятҳо | 96 |
Ҷузъ | 27 |
Шумораи рукӯъ | 3 |
Сураи гузашта | Сураи Ар Раҳмон |
Сураи раванд | Сураи Ал Ҳадид |
Тарҷумаҳо |
QuranAcademy.org Koran.IslamNews.ru |
|
|
Воқиъа (араб. سورة الواقعة — рӯйдоди қиёмат) — панҷову шашум сураи Қуръон. Дар Макка нозил шуда, аз 96 оят ва 3 рукӯъ иборат аст. Ба тартиби нузул сураи 41-ум аст. Номи Воқиъа аз ояти 1 гирифта шудааст.
Мундариҷа
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар оғози Воқиъа сухан дар бораи ҳодисаҳое меравад, ки ҳангоми барпошавии қиёмат ва баъд аз он воқеъ хоҳанд шуд. Мардум ҳама ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: асҳоби дасти рост – асҳоби маймана (биҳиштиён); асҳоби дасти чап – асҳоби майсара (дӯзахиён) ва собиқон – пешравони биҳишт, ки муқаррабон ҳастанд. Мақоми гурӯҳҳои якуму сеюм биҳишт аст. Оятҳои 12–40-и Воқиъа ба васфи биҳишт бахшида шудаанд. Баъд аз ин (оятҳои 41–56) дар бораи аҳволи асҳоби дасти чап ва ҷойгоҳи онҳо дар он ҷаҳон аст. Ва он аҳволу ҷойгоҳ ҷазои гуфтор, кирдор ва пиндорест, ки онҳо дар зиндагонии ин ҷаҳон доштанд. Сипас, аз оятҳои 57 ба баъд Худо ба мардуми муосир хитоб намуда, онҳоро ба сӯйи имон ба Худои ягона, ҳақ будани зинда гардонидан дар охират даъват мекунад. Аз ояти 74 боз савганди Худо дар хусуси мақоми баланди Қуръон меояд. Ояти машҳуре, ки онро дар варақаи унвони аксари нусхаҳои Қуръон сабт мекунанд – «Он, ки ин Қуръон гиромиқадр аст, дар Китоби пӯшида, ки ба ҷуз поккардагон касе ба он даст намерасонад» – дар Воқиъа аст (оятҳои 77–79). Дар охир (аз ояти 88) боз ба аҳволи се гурӯҳ: муқаррабон, асҳоби дасти рост ва муказзибон (дурӯғшуморандагон) ишора шудааст. Муфассирон тавсиферо, ки барои биҳишту дӯзах дар Воқиъа омадааст, беҳтарин баён донистаанд.
Тафсир
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Воқиъа / М. Умаров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Воқиъа — мақола аз донишномаи Исломӣ Islamist.ru.
Сураи қаблӣ: Ар Раҳмон | Сура 56 — Матни арабӣ | Сураи баъдӣ: Ал Ҳадид |
Ин мақолаи хурд дар бораи Қуръон аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |