Jump to content

Сураи Аҳзоб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Сураи Ал Аҳзоб)
Сура —
Маънои ном ҷамъи ҳизб
Гурӯҳбандӣ Маккӣ
Омор
Рақами сура 33
Шумораи оятҳо 73
Ҷузъ 22
Шумораи рукӯъ 9
Сураи гузашта Сураи Ас Саҷда
Сураи раванд Сураи Сабо
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

                                   

Ал Аҳзоб (араб. الأحزابҷамъи ҳизб) — сию сеюм сураи Қуръон. Сура дар Макка нозил шудааст ва иборат аз 73 оят аст.

« Эй паёмбар, аз Худо битарс ва ба кофирону мунофиқон итоъат макун. Зеро Худо донову ҳаким аст! Ба ҳар чӣ аз Парвардигорат ба ту ваҳй мешавад, итоъат кун. Зеро Худо ба он чӣ мекунед, огоҳ аст. Ва бар Худо таваккал кун, зеро Худо корсозиро басанда аст. Худо дар даруни ҳеч мярде ду қалб наниҳодааст. Ва занонатонро, ки модари худ мехонед, модаратон қарор надод ва фарзандхондагонатонро фарзандонатон насохт. Инҳо чизҳоест, ки ба забои мегӯед ва сухани ҳақ аз они Худост ва Ӯст, ки роҳ менамояд. Писархондагонро ба номи падарашон бихонед, ки дар назди Худо мувофиқи инсоф аст. Агар падарашонро намешиносед, бародарони динӣ ва маволии (дӯстони) шумо бошанд. Агар пеш аз ин хатое кардаед, боке нест, магар он, ки ба қасди дил кунед. Ва Худо бахщояндаву меҳрубон аст! Паёмбар ба муъминон аз худашон сазовортар аст ва занонаш модарони муъминон ҳастанд ва дар китоби Худо хешовандони насабӣ аз муъминону муҳоҷирон ба якдигар сазовортаранд, ғайри он, ки бихоҳед ба яке аз дӯстони худ некӣ кунед. Ва ин ҳукм дар китоби Худо мактуб аст. Ва он ҳангом, ки аз паёмбарон паймон гирифтем ва аз туву аз Нӯҳ ва Иброҳим ва Мӯсо ва Исо бинни Марям ва аз ҳамаи онҳо паймоне сахт гирифтем, то ростгӯёнро аз сидқашон бипурсад ва барои кофирон азобе дардовар муҳайё кардааст.
»
Сураи қаблӣ: Ас Саҷда Сура 33Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Сураи Сабо