Сураи Аъроф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Сураи Ал Аъроф)
Сура —
Маънои ном баландиҳо
Номҳои дигар Алиф-лом-мим-сод
Гурӯҳбандӣ Маккӣ
Тартиби нозил 39
Омор
Рақами сура 7
Шумораи оятҳо 206
Ҷузъ 8—9
Ҳизб 16—18
Шумораи рукӯъ 24
Шумораи саҷда 1 (оят 206)
Шумораи калима 3825
Шумораи ҳарф 13877
Сураи гузашта Анъом
Сураи раванд Анфол
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

                                   

Аъроф (араб. الأعرافбаландиҳо) — ҳафтум сураи Қуръон. Сура дар Макка нозил шудааст ва иборат аз а206 оят ва 24 рукӯъ иборат аст. Ба тартиби нузул сураи 87 мебошад. Номи Аъроф аз ояти 46 гирифта шудааст.

Мундариҷа[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар оғоз ҳуруфи муқаттааи Алиф, Лом, Мим, С дорад. Аърофро ба панҷ қисм тақсим кардаанд: 1) қиссаи Одам (а), ӯ саҷда кардани фариштагон, саркашии Шайтон, бо васвасаи ӯ аз биҳишт берун шудани Одам (а), огоҳиҳо ва муждаҳо ба фарзандони Одам (а), аҳволи аҳли биҳишт, дӯзах ва аъроф (1–56); 2) баёни қиссаҳои пайғамбарони пешин (а) ва қавмҳои онҳо – Нӯҳ, Ҳуд, Солеҳ, Лут ва Шуайб (57–100); 3) баёни қиссаи Мусову Ҳорун (а) ва Фиръавн ва оқибати кори банӣ Исроил, фарҷоми кори Фиръавну қавми ӯ, қиссаи Сомирӣ ва гӯсолапарастии банӣ Исроил, зикри таҷаллии Худо ба кӯҳ (101–173); 4) қиссаи Балъами Боур (176–185); 5) баёни растохез ва нишонаҳои он (186–206). Дар сураи Аъроф оятҳое дар хусуси пайравӣ кардан ба Китоб (Қуръон), аҳволи мардуми шаҳрҳои нобудкардашуда, усули ақоид, ҳарому ҳалол, сифоти пайғамбар (с) (ибораи маъруфи «набии уммӣ» дар ҳамин сура, оятҳои 157 ва 158 зикр шудааст), рисолати пайғамбар (с) барои оламиён, номҳои некӯи Худо, офариниши нахустин, хондан ва шунидани оятҳои Қуръон оварда шудаанд. Дар ояти 143 ба Мусо (а) «лан таронӣ» (маро нахоҳӣ дид) гуфтани Худо дарҷ аст. Дар тафсири ин оят сунниёну шииён ихтилофи назар доранд, ки аз масъалаи доманадори «дидани Худо» маншаъ гирифтааст. Ҳамчунин дар ояти 172 паймоне, ки аз фарзандони Одам (а) гирифта шудааст, баён меёбад ва дар он «аласту би Раббикум» (оё Парвардгори шумо нестам) зикр шудааст. Ин паймонро «аҳди аласт» мегӯянд ва мавриди таваҷҷуҳи олимон, бахусус мутафаккирону адибони суфия қарор гирифтааст. Дар ояти 206 саҷдаи аввалини тиловат ҳаст.

« Алиф, лом, мим, сод. Китобест, ки бар ту нозил шуда, дар дили ту аз он шубҳае набошад, то ба он бим диҳӣ (тарсонӣ) ва муъминонро панде бошад. Ба он чӣ аз ҷониби Парвардигоратон бароятон нозил шудааст, пайравӣ кунед ва ғайри Ӯ аз худоёни дигар пайравӣ макунед! Шумо чӣ андак пандмегиред! Чӣ бисёр деҳаҳое, ки мардумашро ба ҳалокат расонидем ва азоби мо шабҳангом ё он гоҳ ки ба хоби нимрӯзӣ фурӯ рафта буданд, ба онон даррасид. Чун азоби Мо ба онон даррасид, суханашон фақат ин буд, ки гуфтанд; «Мо ситамкор будем!». Албатта, аз мардуме, ки барояшон паёмбароне фиристода шуда ва низ аз паёмбароне, ки фиристода шудаанд, суол хоҳем кард. Ва аз ҳар чӣ кардаанд, бо огоҳии тамом барояшон ҳикоят хоҳем кард, зеро Мо ҳаргиз ғоиб набудаем!
»

Тафсир[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

Сураи қаблӣ: Анъом Сура 7Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Анфол