Сураи Юнус

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сура —
Маънои ном Юнус
Гурӯҳбандӣ Маккӣ
Тартиби нозил 51
Омор
Рақами сура 10
Шумораи оятҳо 109
Ҷузъ 11
Ҳизб 21—22
Шумораи рукӯъ 11
Шумораи калима 1832
Шумораи ҳарф 7567
Сураи гузашта Сураи Ат Тавба
Сураи раванд Сураи Ҳуд
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

IslamSymbol.svg       Folder Hexagonal Icon.svg       Wiktionary-logo-ru.png       Wikiquote-logo.svg       Wikisource-logo.svg       Commons-logo.svg

Юнус (араб. يونسЮнус) — даҳум сураи Қуръон. Сура дар Макка нозил шудааст ва иборат аз 109 оят аст.

Мундариҷа[вироиш | вироиши манбаъ]

« Алиф, лом, ро. Ин аст оятҳоикитоби бо ҳикмат.Ayah.svg Оё мардум дар тааҷҷубанд, аз ин ки бар марде аз худашон ваҳй кардем, ки мардумро битарсон ва муъминонро хушхабар деҳ, ки дар назди Парвардигорашон пойгоҳе баланд доранд? Кофирон гуфтанд, ки ин мард ошкоро ҷодугарест! Ayah.svg Парвардигори шумо Оллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз биёфарид; сипас ба арш пардохт: корҳоро тадбир кард. Ҷуз ба рухсати Ӯ шафоъаткунандае набошад. Ин аст Оллоҳ - Парвардигори шумо. Ӯро бипарастед! Чаро панд намегиред? Ayah.svg Бозгашти ҳамаи шумо ба Ӯст. Ин барҳақ ваъдаи Худост. Ӯ махлуқотро биёфаринад. Он гоҳ ононро ба сӯи худ бозгардонад, то касонеро, ки имон оварда ва кори шоиста кардаанд, аз рӯи адл мукофот диҳад. Ва кофиронро ба ҷазои куфрашон шаробест аз оби ҷушону азобест дардовар. Ayah.svg Ӯст он, ки хуршедро равшанӣ бахшиду моҳро мунаввар сохт ва барояш манозиле муъайян кард, то аз шумори солҳо ва ҳисоб огоҳ шавед. Худо ҳамаи инҳоро ҷуз ба ҳақ наёфарид ва оётро барои мардуме, ки медонанд, батафсил баён мекунад. Ayah.svg Дар омадушуди шабу рӯз ва он чӣ Худо дар осмонҳову замин офаридааст, барои парҳезгорон ибратҳост! Ayah.svg Касоне, ки ба дидори Мо умед надоранд ва ба зиндагии дунявӣ хушнуд шуда ва ба он оромиш ёфтаанд ва онон, ки аз оёти Мо бехабаранд, Ayah.svg ба ҷазои корҳое, ки мекардаанд, ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст.
»

Тафсир[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

Сураи қаблӣ: Ат Тавба Сура 10Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Сураи Ҳуд