Сураи Муҳаммад

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сура —
Маънои ном Муҳаммад
Гурӯҳбандӣ Маданӣ
Омор
Рақами сура 47
Шумораи оятҳо 38
Ҷузъ 26
Шумораи рукӯъ 4
Сураи гузашта Сураи Ал Аҳқоф
Сураи раванд Сураи Ал Фатҳ
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

IslamSymbol.svg       Folder Hexagonal Icon.svg       Wiktionary-logo-ru.png       Wikiquote-logo.svg       Wikisource-logo.svg       Commons-logo.svg

Муҳаммад (араб. محمدМуҳаммад) — чилу ҳафтум сураи Қуръон. Сура дар Мадина нозил шудааст ва иборат аз 38 оят аст.

Да аввали сура ифода шудааст, ки Аллоҳ амалҳои кофиршудагонро ботил сохт, чун дар роҳи дуруғ рафтанд, ва онҳоеро, ки дар роҳи ҳақ буданд ва имон овардаанд, гуноҳ аз онҳо дур кард ва корҳояшонро ба салоҳ овард.

Порчаи сура, оятҳои 9-15. садаи IX

Мундариҷа[вироиш | вироиши манбаъ]

« Худо амалҳои касонеро, ки кофир шуданд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд, ботил сохтааст. Ayah.svg Худо гуноҳи касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва ба он чӣ бар Муҳаммад нозил шуда, - ки он ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорашон, - имон овардаанд, аз онҳо дур кард ва корҳояшонро ба салоҳ овард. Ayah.svg Ва ин ба он сабаб аст, ки кофирон ба ботил пайравӣ карданд ва онон, ки имон оварданд, ба ҳаққе, ки аз ҷониби Парвардигорашон омада буд, пайравӣ кардаанд. Худо барои мардум инчунин мисол меорад. Ayah.svg Чун бо кофирон рӯбарӯ шудед, гарданашонро бизанед. Ва чун онҳоро сахт фурӯ кӯфтед, асирашон кунед ва сахт бибандед. Он гоҳ ё ба миннат озод кумед ё ба фидя (ба ивази пул). То он гоҳ, ки ҷанг ба поён ояд. Ва ин аст ҳукми Худо. Ва агар Худо мехост, аз онон интиқом мегирифт, вале хост то шуморо ба якдигар биёзмояд. Ва онон, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, амалҳояшонро ботил намекунад. Ayah.svg Ба зуди, ки ҳидояташон кунад ва корҳояшонро ба салоҳ оварад. Ayah.svg Ва ба биҳиште, ки барояшон васф кардааст, дохилашон созад. Ayah.svg Эй касоне, ки имон овардаед, агар Худоро ёрӣ кунед, шуморо ёрӣ хоҳад кард ва пойдорӣ хоҳад бахшид.
»

Тафсир[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

Сураи қаблӣ: Ал Аҳқоф Сура 47Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Ал Фатҳ