Муъмин
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои: |
Шахсиятҳо
|
Идҳо ва маворид
|
Áҳли имо́н (ар. اهل ایمان), муъмин — таъбири динӣ-ҳуқуқӣ (фиқҳӣ), касе, ки ба Худо, рӯзи қиёмат ва ба тамоми ҳақоиқу заруриёти динии ойини ислом имон дошта бошад.
Қуръони карим мусулмононро бо таъбири «ал-лазина оману» хитоб карда, ки дар тафсирҳои форсӣ ҳамчун «аҳли имон ва ё бандагони муъмин» тарҷума шудааст. Пас аз ташаккули фарҳанги исломӣ ва рушди иҷтимоии мусулмонон, ки ба сурати ҷамоаи созмонёфта ва бо фарҳанги хоссе дар Мадина зуҳур карданд, Қуръони карим онҳоро бо садои дилнишини: «Ё айюҳа-л-лазина оману» (эй бандагони муъмин, эй аҳли имон ва эй касоне, ки имон овардаед) хитоб кард. Ин вожа бо таваҷҷуҳ ба заминаҳои рушди фарҳанги иҷтимоӣ ва ташаккули сохтори маърифатии уммати ислом дар ҳамон марҳала баёнгари он аст, ки мусулмонони мавриди назар аз лиҳози маърифатнокӣ ва муставои фарҳангӣ ба сатҳе расида, ки шоистагии хитоб бо аҳли имонро дар худ пайдо карда будаанд.
Имон дар фалсафаи илоҳӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар фалсафаи илоҳӣ низ илм ва арзишҳои фарҳангӣ замина ва таҳдоби имон ба шумор мераванд, ба ин маъно, ки вақте ҳақоиқи илмӣ ва шинохтҳои андӯхтаи инсон ба сурати боварҳои қалбӣ ва яқинҳои имонӣ медароянд, ба он имон гуфта мешавад. Пас вожаи аҳли имон ва ё бандагони муъмин дар зимн маънои одамони фаҳмида, аҳли маърифат ва бофарҳангро низ дорад.
Аз назари ислом бартарӣ ва ё фарқи аҳли имон аз аҳли куфр дар он аст, ки онҳо илова бар воқеиятҳои айнӣ ва ҳақоиқи машҳуд ба ҳақоиқи ғайбӣ низ, ки аз сӯи Пайғамбар (с) дар зимни барномаи ваҳй дар бораи онҳо гузориш дода шудааст, имон доранд, ба ин маъно, ки агар аҳли куфр танҳо ба олами шаҳодат – воқеиятҳои даркшаванда бовар ва ҳама чизро аз моварои он инкор намоянд, пас, густараи илми Аҳли имон ва уфуқҳои боварҳои онҳо олами ғайбро низ фаро мегирад ва ба ҳақоиқи динӣ имон доранд.
Аркони имон
[вироиш | вироиши манбаъ]Бар пояи таълимоти ислом Аҳли имон бояд ба тамоми усули куллӣ ва ҳақоиқи диние, ки дар зимни барномаи ваҳй ба василаи Пайғамбар (с) баён гардидаанд, имон дошта бошанд, ки дар истилоҳи усулшиносон ба аркони имон шинохта мешаванд.
Дар ин оят ба чаҳор рукни имон ишора шудааст:
- имон ба Худо
- имон ба фариштагон
- имон ба китобҳо
- имон ба паёмоварони барҳаққи Худо
Ва дар оятҳои зиёде имон ба рӯзи охират ҳам ба сурати танҳо ва ҳам ҳамроҳи имон ба Худо бо лафзҳои «ал-явму-л-охир» ва «ал-охират» зикр гардидааст. Таъкидҳои мукаррари Қуръон бар асли имон ба Худо ва ба рӯзи қиёмат барои он аст, ки меҳвари арзишҳои дини Худо ва таҳдоби ақидаи тавҳид бар пояи имон ба Худо ва ба рӯзи охират бино ёфтааст. Донишмандон имон ба тақдири неку бадро низ аз оятҳое ба монанди ояти 49-уми сураи Қамар, ояти 96-уми сураи Соффот ва ғайра истинбот намудаанд.
Имон ба ҳақоиқи дигаре, ки дар ҳадисҳо ва китобҳои ақида зикр шудаанд, ба монанди имон ба зинда гардонидани баъд аз миронидан, ба биҳишту дӯзах, ба пули Сирот ва дигар ҳаводиси рӯзи қиёмат ҳама дар имони ба рӯзи охират дохил мебошанд ва марҳалаҳову ҷузъиёти ҳаводиси он рӯз ба шумор мераванд. Ин вожа барои Аҳли имон мафҳуми муқаддас, боазамат ва дорои маънои амиқ ва пурарзиш аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боқизода А. Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011;
- محمد فؤاد عبد الباقی. المعجم المفهرس لألفاض القرآن الکریم. قم، ۱۳۸۴ ش؛
- مسند الامام احمد. القاهرة، ۱۹۹۵؛
- المصباح المنيرفی تهذيب تفسير ابن کثير. الریاض،
- ۲۰۰۲؛ سنن الترمذی. بيروت، ۲۰۰۴؛ صحیح مسلم. بیروت، ۲۰۰۵؛
- صحیح البخاری. بیروت، ۲۰۰۷
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.