Jump to content

Аҳмади Ясавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳмади Ясавӣ
Таърихи таваллуд: тақрибан 1100
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1166
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: чағатоӣ ва қарохонӣ[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Хоҷа Аҳмади Ясавӣ (ар. أحمد يسوي‎, қаз.: Қожа Ахмет Ясауи, дар байни мардум маъруф ба Ҳазрати Султон, қаз.: Әзірет Сұлтан; 1103, Сайрам — 1166, Туркистон[1]) — мутафаккири мутасаввиф, муассиси тариқаи ясавия (асри 12).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар овони ҷавонӣ муддате хидмат ва мулозимати яке аз шайхони маъруфи турк Бобо Арслонро ба ҷо оварда, баъд ба ҳалқаи шогирдони Юсуфи Ҳамадонӣ пайваст. Баъди вафоти пираш муддате ба ҷойи ӯ сарварии тариқатро ба уҳда дошт, сипас ба шаҳри Яс (дар Туркистон) омад. Дар он ҷо ба таълиму тарбияи муридон машғул шуд ва тариқаи ясавияро таъсис дод. Аҳмади Ясавӣ сарҳалқаи машоихи турк ба ҳисоб меравад. Ақоиди суфиёнаи ӯ мисли таълимоти дигар намояндагони мактаби Юсуфи Ҳамадонӣ ба аркони шаръӣ комилан мутобиқат мекунанд. Аҳмади Ясавӣ бар хилофи Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ, ки зикри хуфяро талқин мекард, тарафдори зикри ҷаҳрӣ буд. Онро зикри арра низ мегӯянд. Мувофиқи он толибони роҳи ҳақиқат ба овози баланд зикр карда, аз самои он ба ваҷд омада, сармаст мешуданд ва дар онҳо ваҷду шавқу мастӣ ҳувайдо мегардид. Ривоҷу равнақи фаъолияти дарвешони ҷаҳрӣ дар Осиёи Миёна ва берун аз он ба тариқаи ясавия робитаи мустақим дорад.