Jump to content

Воҷиб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом


Воҷиб (ар. واجب‎‎) — лозим, собит; ҷамъаш — воҷибот) — дар фиқҳ ҳар амале, ки ба далели заннӣ (гумон) собит гашта, анҷом додани он ҳатмист; ба ҷо оварданаш савоб буда, барои таркаш ваъдаи азоб дода шудааст.

Воҷиб назди фуқаҳои исломӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Воҷиб назди фуқаҳои ҳанафӣ ба мисли фарз амр ва ҳукми шаръиест, ки Худованд анҷом додани онро ба таври ҳатмӣ ва илзомӣ аз бандагони мукаллаф талаб карда, адо кардани он савоб ва тарки бе узраш азоб дорад, вале он бо далели заннӣ — ғайри қатъӣ собит шудааст[1].

Далелҳои собиткунандаи воҷиб

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аммо фарқе, ки назди фуқаҳои ҳанафӣ дар байни фарз ва воҷиб вуҷуд дорад, иборат аст аз: а) фарз бо далели қатъии мӯҷиб — воҷибсозандаи эътиқод ва амал ҳарду собит шудааст ва воҷиб бо далели заннӣ (ғайри қатъӣ)-е собит шуда, ки танҳо мӯҷиби амал аст, ба ин маъно ки далелҳои собиткунандаи воҷиб на ба дараҷаи далоили собиткунандаи фарз қатъӣ буда, ки онро аз ҷиҳати эътиқодӣ низ ба сатҳи фарзҳои қатъӣ бирасонанд ва на ба он дараҷа аз фароянди онҳо низ берун буда, ки онро ба сатҳи суннатҳои одӣ поин баранд. Далели қатъӣ он аст, ки дар қотеият ва дараҷаи қуввати он ҳеч шакку шубҳае вуҷуд надорад, вале дар қотеият ва ё далолати далели заннӣ шак ҷой дорад — қуввати субути он то ҷойгоҳи далели қатъӣ нарасидааст[2].

Манзур аз далел дар ин ҷо адиллаи шаръ — нусуси Китоб ва Суннат аст, ки онҳо дар қуввати субут ва қатъияти далолат бар чаҳор навъанд: а) қатъиюсубут ва қатъиюдалолат буда, болотарин навъи адиллаи шаръро ташкил медиҳанд ва аз оятҳои муҳкам ва ё муфассар ва ҳамин тавр аҳодиси мутавотири дорои мафҳуми қатъӣ ва мушаххас иборатанд. Ҳар амал ва ҳукми шаръие, ки бо ин далелҳо собит шуда бошад, фарз аст ва агар бо ин далелҳо наҳй ва манъ шуда бошад, ҳаром аст, б) қатъиюсубут ва занниюдалолат ва он аз оятҳои таъвилшудае иборат аст, ки субути онҳо қатъӣ аст, вале мафҳум ва далолаташон барои исботи ҳукме аз таъвили онҳо ҳосил шудааст, в) занниюсубут ва қатъиюдалолат ва он аз аҳодиси оҳоде иборат аст, ки далолат ва мафҳумашон қатъӣ ва мушаххас аст, вале субути онҳо дар қувват ба дараҷаи аҳодис ва ривоятҳои мутавотир нарасидааст. Ҳар амал ва ҳукми шаръие, ки бо ин ду навъи далелҳо дар банди б) ва в) собит шуда бошад, он воҷиб аст ва агар бо ин далелҳо наҳй ва манъ шуда бошад, макрӯҳи таҳримӣ аст, г) занниюсубут ва занниюдалолат ва он аз аҳодиси оҳоде иборат аст, ки ҳам мафҳум ва ҳам тариқи субуташон дар қувват ва қатъият ба дараҷаи аҳодиси навъи қаблӣ нарасидаанд. Бо ин навъи далелҳои шаръӣ аксаран суннатҳо ва мустаҳаббот дар исбот ва макрӯҳи танзеҳӣ дар манҳиёт собит мешаванд;

б) касе фарзро инкор кунад, кофир мегардад, вале инкоркунандаи воҷиб кофир намешавад, балки фосиқ ва гунаҳкор дониста мешавад, ба монанди хондани сураи «Фотиҳа» дар намоз, ки воҷиб аст.

Фарқи байни фарз ва воҷиб

[вироиш | вироиши манбаъ]

Танҳо фарқе, ки дар миёни фарз ва воҷиб вуҷуд дорад, иборат аст аз:

  • Фарз ба воситаи далели қатъӣ собит шудааст ва воҷиб ба воситаи далели заннӣ (ғайри қатъӣ). Далели қатъӣ он аст, ки дар ҳаққонияти он ҳеч шакку шубҳае вуҷуд надорад, вале дар далели заннӣ шакку шубҳа ҷой дорад ва субути ҳаққонияти он то ҷойгоҳи далели қатъӣ нарасидааст;
  • Ҳар касе фарзро инкор кунад, кофир мегардад, вале инкоркунандаи воҷиб кофир намешавад, балки фосиқ ва гунаҳкор дониста мешавад. Воҷиб ба монанди хондани сураи фотиҳа дар намоз.[3]
  1. Вуҷуб дар луғат ба маънои субут ва дар урф ба маънои истеҳсон ва авлавият, яъне хуб шуморидан, писандидан ва авло донистан аст, гуфта мешавад: яҷибу, яъне юстаҳса-ну — хуб шуморида мешавад ва инро вуҷуби урфӣ ва истеҳсонӣ гӯянд, муқобили вуҷуби ақлӣ ва шаръӣ. Вуҷуби шаръӣ назди баъзе усулиён, ҳукм ба талаби феъле ғайри кафф — бозистодан аст, ки тарки он дар тамоми вақтҳояш муставҷиби иқоб бошад ва он феъли матлуб воҷиб номида мешавад. Пас вуҷуб қисме аз аҳком ва воҷиб қисме аз афъол аст. Назди баъзеҳо воҷиб он аст, ки тарккунандааш иқоб шавад. Таърифи ҷумҳури усулиён аз воҷиб аҳкоми собитшуда бо далели қатъӣ ва заннӣ ҳардуро шомил мебошад ва воҷибу фарз ба як маъно ҳастанд. Назди фуқаҳои ҳанафӣ воҷиб ба аҳкоме, ки бо далели заннӣ собит шудаанд, ихтисос ёфта, тарккунандаи он бе узр мустаҳиққи мазаммат аст.
  2. Аз назари фуқаҳои ҳанафӣ, далоили собиткунандаи аҳком ва таколифи диние, ки дар шариат ба сурати қатъӣ ва ба номи фарз собит шудаанд, аз назари қатъият дар ду дараҷа қарор доранд, ё аз қатъияти возеҳ ва дақиқе бархурдоранд, ки дар онҳо ҷое барои эҳтимол ва ибҳом вуҷуд надорад ё аз қатъияти бо эҳтимол, яъне қатъияте, ки бо қаринаҳои эҳтимолпазир аз Қуръон ва суннат, вале ба таври мувассақ собит шудаанд, ба ибораи дигар, фарз бо далели қатъӣ ва воҷиб бо далели заннии муътабар собит шудааст.
  3. Абдушарифи Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби Ҳанафӣ. Душанбе, 2017.
  • Боқизода А. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ. Д., 2011;
  • وهبة الزحيلي. الفقه الاسلامي و ادلته. الجزء1 و2. دمشق، 1997؛
  • الموسوعة الفقهية. الجزء الثاني و الاربعون. الكويت، 2004؛
  • هنري عبدالله. احسن الهداية فارسي شرح هداية. حصۀ 1، پشاور، بدون سال نشر